​Тарафдори ақлу хиради солимем…

Мақолаи «Дин ва арзишҳои миллӣ» - и Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода айни вақт муҳим ва замонавӣ аст. Чунки эшон солҳои зиёд боз сарварии дини исломро дар вилоят ба уҳда доранд. Инчунин, аз тамоми вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию динии Тоҷикистони азизамон огоҳ ҳастанд. Кош, чунин шахсони донишманд, нармгуфтор,бомулоҳиза дар асоси ояту ҳадисҳо суханмегуфта зиёд мешуданду байни мардум, махсусан ҷавонон кор мебурданд.

Вазъияти мураккаби давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яману Афғонистон он касро ба ташвиш овардааст. Тоҷикистони моро низ, ки кишвари мусулмонӣ аст, чунин нооромию задухўрдҳо таҳдид карданаш мумкин аст, агар мо якдигарфаҳмӣ, рафоқат ва эҳтироми ҳамдигарро аз даст диҳем. Ҳамаи мо мусулмон ҳастем, ба дини мубини ислом пайравӣ дорем. Нишондодҳои китоби муқаддаси «Қуръон» - ро риоя менамоем. Аммо баъзе ҷудоиандозҳо, тафриқасозҳо пайдо шудаанд, ки худ саводи кофии динию дунявӣ надоранд. Аз рўи надонистани шариат, илми динӣ тарафдори ин ё он гурўҳи иртиҷоӣ гаштаанд. Чӣ хеле ки халқ мегўяд, гўр ба сари 15-20 нафари онҳо. Аммо ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти Ватан, анъанаҳои қадимаи мо зарбаҳои решабур зада мешавад. Оянда ин корҳоро ислоҳашон душвор ва оқибаташ бад мешавад. Бинобар ин ба чунин шахсони пешбар, оқилу доно чун Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода гўш карданамон, пайравӣ намуданамон муҳиму зарур аст…

Ба наздикӣ моҳи шарифи Рамазон ворид мешаванд. Чун анъанаи солҳои пешин баромаду маъвизаҳои Мўсозода ва дигар хирадмандон барпо мегарданд. Мо ба ин боварии комил дорем, ки чунки онҳо фақат ба дўстӣ, иттифоқ, ҳамдигарфаҳмӣ, тарғиби раҳму шафқат, иззату ҳурмати падару модар, калонсолон, маъюбон… даъват менамоянд ва онҳоро донистани ҳар шахс (қатъӣ назар аз дину мазҳаб) ба манфиати омма хоҳад буд.

Боз як таклиф дорем: якчанд баромадҳою суҳбатҳои телевизионии Мўсозода, ки албатта дар бойгонии телевизион вуҷуд доранд, аз ҳисоби маблағи масҷиди Шайх Маслиҳатдин ба шакли диск гирифта, ройгон байни мардум паҳн карда шавад. Охир, то кай мо дискҳои филмҳои туркӣ, хориҷӣ, фаҳшу зўроварӣ ё сурудаҳои «баъзе ҳофизони микрофонӣ» - ро тамошо мекунем. Ба ҷои онҳо насиҳатҳои чунин шахсонро ҳамроҳи аҳли оила тамошо ва гўш кардан муҳимтар аст. Ин чиз ба тарбияи маънавии ҷавонону наврасон фоидаи бештар хоҳад овард.

Гурўҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ