​Изҳороти кафедраиумумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чун анъана тамоми маорифчиён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни макотиби Олиро бо Рӯзи дониш табрик намуданд. Мо низбаромади сарвари кишварро бо як муҳаббату самимияти беандоза тамошо намуда, барои соли хониши нав камари ҳиммат бастем. Боварии комил дорем, ки ҳар як сухани сарвари кишвар барои маорифчиён алалхусус кормандони муассисаҳои Олӣ дарси ибрат буда, ҳамаи дастуру супоришҳоисарвари кишвар аз самими қалб иҷро мегарданд. Зеро ҳар як нуқтаи баёнгардида танҳо ва танҳо барои пешравии соҳаи маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос равона гардидаанд. Мо устодону омӯзгорон ҳамеша кӯшиш менамоем барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар саҳмгузор бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ