​Изҳорот сармуаллимаи кафедраи тарҷума ва грамматикаизабони англисӣ Ҳомидова М.

Тавассути ВАО ман дар ин мавзӯи дар боло сабт гардидамутолиа кардам ва дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба суханҳои Муҳиддин Кабирӣ бетарафӣ нанамояму фикру андешаи худро доир ба гуфтаҳои ӯ чун шаҳрванди озоди кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунявӣ баён намоям.

Шумо аз ин навиштаҳои ман баъди шинос шудан ҳайрон мешавед, ки чаро як омӯзгори қаторӣ бо чунин одами ба қавли ҳаммаслаконаш “БУЗУРГ” (Муҳиддин Кабириро дар назар дорам) баробар шуда боҷуратона гуфтаҳои ба қавли худ “оқилонаи” ӯ посухҳо медиҳад. Ба ин савол ҷавоби ман ин аст, ки ман ҳам як узви ҷомеаи муосири тоҷикон дар давлати дар назди дигар мамлакатҳо бо Пешвои миллаташ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии баркамолёфта – Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуму машҳур гардида мебошам. Талхиву тундии ҳаётро аз давраи ҷанги шаҳрвандии мамлакат то ҳаёти гулгулшукуфтаистодаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибтамаддун чашидаам ва ҳамеша пешрави ҷамъият буда дар зери ливои истиқлол ба халқи худ хизмат карда истодаам. Яъне хуллас чашми дидану хондани суханҳои иғвогаронаи Муҳиддин Кабириҳо барин шахсони ба қавли худ “Дӯстони миллати тоҷик” намебошам.

Бо таври оддӣ гӯем Файзиниссо Воҳидова барин қаҳрамонони миллат (ба қавли Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони ӯ) аз қадим то ҳоло бешуморанд. Худи халқ қаҳрамониҳои он қаҳрамонзану қаҳрамондухтаронро дарк менамояду аммо ба мисли Муҳиддин Кабирӣ хоҳиш намекунад, ки “ҶОИЗА”- е ба номи он қаҳрамонзанон таъсис гардад. Зеро мо занони боиффату ботарбияи тоҷик медонем, ки танҳо барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари худ хизмату тарбия менамоем, то ки ба давлати Тоҷикистони ба ҳамаи ватандӯстони тоҷик азизхизмат кунем, яъне ба гӯшаи хаёламон ҳам намеояд, ки қаҳрамон шавем, зеро мо худ медонем, ки бо душманони хориҷиву дохилии кишвар зиддият нишон доданамон дар зери ливои Пешвои миллатамон ин худ як қаҳрамонист. Қаҳрамонии мо аз ҷоиза низ баландтар меистад, зеро суханҳои Муҳиддин Кабириҳо барин ашхосонро дастгирӣ намекунем.

Хайр ин гуфтаҳои М. Кабирӣ дар бораи Файзиниссо Воҳидова дилсӯзӣ ба хизматҳои чунин зан бошад, барои чӣ Тоҷикистон чанд қисмро (ҳукуматӣ, оппозитсионӣ, наҳзатӣ, динӣ, дунявӣ, исломӣ, ғайриисломӣ)дорост мегӯяд, аз ин чӣ мурод ҳосил мегардад? Худи ин гуфтаҳоро шахси (Муҳиддин Кабирӣ)баён карда қасдан мегӯяд то табъи ватандӯстони тоҷикро хира намояд. Аммо ҳар як посуху андешаҳои ӯ хому бемаънианд. Мо онҳоро хонем ҳам ба он аҳмияте намедиҳем, зеро гуфтаҳои ӯ барин ашхосон аз тарафи ватандӯстони тоҷики Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нахоҳад ёфт.м

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ