​Террорист мазҳаб надорад

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест,ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваста аст. Экстремизмитундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини“террор” сарчашма гирифта маънояш тарсуваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопокихудро бо роҳи зӯроварӣ,куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳмва ноумедӣ афкандан аст. Дар замони мо шахсон ваҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳоеҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравонаамалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХ1 табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиюиҷтимоӣузви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣрушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ,бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Мутаассифона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқӯъ омадаанд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони оламгардидаанд. Чунин низоъро имрӯз

Мо метавонем дар Сурия мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дорад. Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ба ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир бунёди иншооти сарҳадӣ,мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботу сиёсии ҷомеамо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолиятисохтору мақомоти давлатӣҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки тер роризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амалион гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёраиЗамин аст.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ