Хомӯшии мо нишони тарс нест
Пас аз дар Фейсбук дар бораи захмӣ шудани зани тоҷик Тайиба Сафарова аз ноҳияи Исфара ҷамоати Чоркӯҳ аз тарафи нохалафони қирғиз ба даст қалам гирифтам. Чиро интизоранд муғулзодаҳои қирғиз, мо занҳои тоҷик ором нишаста наметавонем.
Ба наздикӣ вохӯрии роҳбарони 2 давлати ба ҳам ҳамсоя нисбати оромии сарҳад баргузор шуда буд. Чӣ мехоҳанд онҳо? Ҳамаи ин дасисаҳо дида натавонистани зиндагии ободу осудаи халқи тоҷик, миллати тоҷик аст. Дар урфият ҳаст, ки тарсидагӣ аввал даст мебардорад. Ҳокимияти қирғизҳо ба куҷо нигоҳ мекунанд.
Ин чӣ гап? Эҳтиёт шаванд аз қаҳру ғазаби Гурдофарид, Томирис, Рудоба, Таҳмина Ходими Ҷамолакҳои имрӯза. Мо занҳои тоҷик ин рафтори номардонаи қирғизҳоро нодида намегирем, дар қатори мардҳо барои ҳимояи марзу буми тоҷик омода ҳастем.