​Боз як қаҳрамонии шоистаи Пешвои миллат

Таърих довари ҳақбин асту ҳар як қавму миллатро аз корнамоиву қаҳрамониаш, таъриху фарҳангаш, урфу одату анъанаҳои миллиаш ва билохира ба шахсиятхои бузургаш мешиносонад. Бузургии инсон дар аклу заковат, донишу маҳорат ҷаҳонбиниву маърифат ифода ёфта, таҷассумгари миллати хеш мегардад.

Ҳанўз солҳои барои мардуми точик тақдирсоз, яъне солҳои 90- уми асри ХХ вақте зимоми давлатдориро марди дар ҳақиқат ба ин ном арзанда гирифт шўълаи умеди зиндагӣ дар дили мардуми тоҷик дубора пайдо шуд. Суханрониҳои дилсўзона, пешбиниву дурбиниву боварии маҳз Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз миллати тоҷик сарҷамъ ва зиндагии осударо соҳибӣ дораду ба сўи оянда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Чуноне ки мегўянд, «оила бе зиштрўй намешавад». Имрўзҳо ашхосе пайдо мешаванд, ки пешравиву дастовардҳои кишвари маҳбубамонро дида наметавонанд ва ё барқасд сарфи назар мекунанд. Рўй овардан ба фарҳанги бегона, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки давлат фаъолияташонро манъ намудааст, убури сарҳад бо роҳҳои ѓайриқонунӣ, бо баҳонаи таҳсил берун шудан аз марзи ҷумҳуриву ба мақсад нарасида онро имкониятро бар фоидаи дигарон бурдан ва дигар муаммоҳое, ки имрўз садди роҳи пешравиии ҷомеа гардидааст, ҳар як фарди худогоҳу худшиносро ба ташвиш овардааст.

Ҷавононе, ки алҳол дар ҷомеа мавқеи худро наёфтаанд, иродаи мустаҳкам надоранд, ба қавле «сиёҳро аз сафед фарқ намекунанд» - у даъвои ѓаразнок доранд, на фақат худро, балки насли худро тўъмаи марг намуда истодаанд. Ҳамроҳи худ гирифтан, ё аз хамон ҷо истода даъват намудани аъзои оила боиси малоли хотир аҳли ҷомеа гардида, аз ин рафтори эшон дил ба фиѓону ақл ба дод меояд.

Саҳифаи пур аз набарду қаҳрамонии миллати тоҷикро варақгардон намоед, ангушти ҳайрат мегазед, ки ин қадар меҳру муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватан, падару модару пайвандон, мероси бойи адабиву фарҳангӣ аз куҷо сарчашма мегирифта бошад (азаливу зотан мулоимтабиату хушхулқ будани миллати тоҷикро аксар намедонанд).

Имрўзҳо, ки мо дар арафаи яке аз идҳои бузурги мардуми сайёра – Иди Ѓалаба аз болои фашизм қарор дорем, зарур донистем қайд намоем, ки ҳамон солҳои вазнин модари точик зиёда аз 9,5 (агар саҳве бошад, узр) кўдакони аз хатти пеши фронт овардашударо ба оѓуш гирифта, мисли фарзанди худаш тарбия намуда буд. Имрўз модарони моро чӣ шудааст, ки фарзанди худро ба доми оташу тиру туфанг мебаранд? Қўдакон чӣ гуноҳ доранд? Онхоро барои гунохи волидайнашон ҷавобгар нестанд ку охир!

Хабари баргардонидани зиёда аз 80 нафар кўдаконе, ки ба туфайли «қаҳрамонӣ»-и волидайн дар Сурия қарор доштанд, моро хеле хурсанду мамнун намуда, бори дигар ба мардонагиву шуҷоату ҳимматбаландии Пешвои муаззами миллатамон иқрор шуданамонро афзуд.

Эгамбердиева М.- муовини декан оид ба илм ва инноватсия

Қодирова М.А. – муовини декан оид ба тарбия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ