​Кирдори ғайриинсонии қирғизистониҳо

Дар арафаи соли нави мелодии 2020, яъне 29 декабри соли 2019 боз як кирдори ноҷавонмардона аз тарафи сокинони деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо деҳаи Чоркўҳи шаҳри Исфара ҳамсарҳад аст, рухдод. Тири аз тарафи сокини деҳа Файзулло Назаров паррондашуда шаҳрванди Тоҷикистонро Тайиба Сафарова, ки барои гирифтани об назди дарвозааш баромада буд, маҷрўҳ кард, ҳоло ҷабрдида дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарї аст ва табибон барои наҷоти ў мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи сухангўи Раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ин воқеаи нахустин нест, борҳо ҳамсояҳо ба сокинони Тоҷикистон ҳамла оварда, маҷрўҳ кардаанд ва ҳар дафъа вақти ба онҳо айбашонро гуфтан афсона мехонанд, ки ин кирдори онҳо нест. Воқеаи охиринро ҳам онҳо ба тарзи худ шарҳ медиҳанд, ки Тайиба Сафарова гўё дар муноқишаи оилавї ярадор шуда бошад. Инсоф кунед ҳамсояҳо, охир мардуми мо яроқ надорад ва ҳар дафъа ҷинояти бо яроқи шумо содиршударо бар дўши мо мегузоред.

Ҳатто дар вақти ҷанг ҳам одамони барои об рафтаро, занону кўдаконро намепарронанд, инсофро шумо куҷо бой додед ҳамсояҳо. Мо бо шумо ҳамсарҳадем, вале қисми зиёди сарҳади мо ба расмият дароварда нашудааст ва ба шумо одат шудааст, ки онро аз они худ ҳисобед.

Чунин воқеаҳо дар деҳаи Чоркўҳ, Ворух, Овчи қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров рух дода буд ва ҳар дафъа шумо гуноҳи худро бар дўши мо бор мекунед, заминро ғасб мекунед, ба об соҳибї менамоед ва ҳар дафъа мебинед, ки тарафи мо гузашт мекунад ва аз ин шумо беодобии худро афзун менамоед.

Ин ҳодисаи нав нест, аз ин пештар ҳам чанд маротиба ҳодисаи марзшиканї аз тарафи сокинон ва ҳатто марзбонони Қирғизистон қайд шуда буд. Масалан, 18 декабр миёни сокинони ду деҳа муноқиша сар зада, баъдан, ба гуфтаи мақомот, ба тирпаронии марзбонони ду кишвар боис шуд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, сокинони наздимарзии Қирғизистон як хонандаи мактаб ва имоми маҳаллаи тоҷиконро латту кӯб карданд. Ҷониби Қирғизистон сокинони Исфараро ба он муттаҳам кард, ки як шаҳрванди ин кишварро латту кӯб намуданд.

Мақомоти қирғиз аз захмӣ шудани як корманди умури дохилии он кишвар ва панҷ каси дигар хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон аз маҷруҳ шудани се нафар.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Як далели дармондани ҷонибҳо дар ҳалли масоили баҳсӣ ин аст, ки ҳарду ҷониб харитаҳои солҳои гуногуни Шӯравиро ҳамчун асос дар даъвоҳои марзии кишварҳояшон истифода мекунанд.

Қитъаҳои замин ва манбаъҳои обии дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои чӯпонон ва сокинони ҳар ду кишвар дастрас, ҳоло моликияти яке аз тарафҳо гаштаанд ва ҳар кадоме ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Мо ҷомеаи меҳнатии устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ин кирдори ҳамсояҳоро маҳкум мекунем. Дар Донишгоҳи мо шаҳрвандони Қирғизистон таҳсил мекунанд ва ягон маротиба байни тоҷикону қирғизон нофаҳмї ё зиддият рўй надодааст ва дар оянда кўшиш менамоем, ки чунинаш рўй надиҳад, зеро мо барои хомўш кардани ҳама гуна муноқишаҳо мо устодон чора меандешем.

Ҷомеаи меҳнатии факултаи Филологияи руси

ДДХ ба номи Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ