Ҳақиқатро инкор наметавон кард
Мо - аввало мақолаи Иброҳим Усмонов «Ба таърих бо чашми хирад бингарем» - ро хонда баромадем. Он пурра ба ҳақиқат рост меояд. Ин ҳақиқатро на танҳо И. Усмонов, балки чандин таърихшиносон борҳо гуфтаанд. Ба ин ягон шаклу шубҳа нест. Баъдан мулоҳизаҳои Дорриюши Раҷабиёнро низ хондем. Аввал бояд донем, ки ин шахс кист? Чӣ маълумот дорад? Дар куҷо кору зиндагонӣ дорад? …
Мулоҳизаҳои вай фақат хўрдагирӣ, сиёҳкунии фактҳои таърихӣ ва ҳақиқати ҳаёт аст. Он шахс шаҳрванди Тоҷикистон мебуд, дар Тоҷикистон зиста ободии Ватанро бо чашми худ медид, баҳри ободии Тоҷикистон заррае саҳм мегузошт, ҳеҷ гоҳ чунин наменавишт. Аз навиштаҳояш маълум мешавад, ки вай ҳам мисли Кабирӣ ватанбезор, гуреза ва дар ба дар аст.Агар ин гуна шахс намебуд, хизматҳои Саидризо Ализода, Садриддин Айнӣ, Эмомалӣ Раҳмонро дар назди халқ, миллат, Ватан нодида намегирифт…
Вай дар ҳаққи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «сирфан ба фикри суду баҳраи худу хонадонаш аст», Оё дар ҳаққи фарзанди ҷонфидои миллат ин гап равост? Д. Раҷабиён намедонад ва донистан ҳам намехоҳад, ки Э. Раҳмон аз табақаи меҳнатии аҳолӣ баромадааст. Чун дигарон азобу машаққати меҳнатро чашидааст. Аммо дар ҳама ҳолат руҳафтода нашуда, ба ояндаи нек бовар ва эътиқод дошт. Медонист, ки дасту дили пок, меҳнати ҳалол одамро ба мақсад мерасонад.
Натиҷаи раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвоямон аст, ки мо ба чунин дараҷаи тараққиёт, ободӣ расидем. Эмомалии Раҳмон дар Паёми навбатии худ (26.12.2018) эълон доштанд, ки мо ҳадафи чорумамонро оғоз мекунем ва тез ба он муваффақ мешавем. Ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мебошад. Бинобар ҳамин дар солҳои наздик мо ба ин ҳадаф мерасем ва ин ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон, Пешвои миллат, халқи мо муҳри хомўшие хоҳад зад ба даҳони Д. Раҷабиён барин ашхос…
Албатта, ҷавонони имрўзаи мо қувваи пешбаранда ва муҳаррики тавонои ояндаи кишвар мебошанд. Бо худи суханони Эмомалӣ Раҳмон фикрамонро ҷамъбаст менамоем ва таъкидан ба ҷавонон, тамоми мардуми кишвар мегўем: «Ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерўҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик (аз он ҷумла таҳрибкориҳои ақидавии Д. Раҷабиён барин шахсон – дохили қавсайн аз худи мо) нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».
Д. Раҷабиён мулоҳизоти «фарбеҳ» - и худро бо шиори «Зинда бод Бухоро!» ба охир расонидааст. Мо - ҷавонон ба ин мегўем: «Зинда бод Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо! Ба пеш Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои муаззами миллат! Мо – дар атрофи Шумоем, Сарвари азизи давлат!».
Гуруҳи эҷодии «Нури маърифат»