​Изҳороти донишҷўёни фаъоли маркази донишҷўёни болаёқат дар назди раёсати илм ва инноватсия

Мо бо умеду орзуҳои зиёд ба мақсади саҳм гузоштан дар рушду инкишофи Ватани азизамон талошњои зиёд меварзем. Хамвора талош дорем, то Тоҷикистони маҳбубамонро дар назари љањониён ба таври арзандаву шоиста муаррифӣ кунем, аммо дар дањсолаи тамоми гўшаву канори дунё пайдо шудани аъзоёни ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои тундрав, ки намуди зоҳирӣ ва ҳам андешаву мафкураи онҳо ҳамчун як доғ барои миллати тоҷик мебошад, моро нигарон карда аст.

Мо аъзоёни ҲНИ-ро ҳамчун як ор медонем. Аз муошират бо онҳо парҳез мекунем. Ин қабил афрод миллат надорад. Агар миллат медоштанд, онҳо бо саркардаашон Кабирї ҳарсол бо либосҳои жулидаю бетартиб дар назди бинои САҲА дар шаҳри Варшава мисли селаи сагон менишинанд. Дар миёни садҳо нафарони хориҷӣ, бо кафки даҳон ва нишон додани рагҳои гардан нисбати Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он суханони бад мегуянд. Ин афрод давлатҳо ва созмонҳои хориҷиро барои таҳриму фишор нисбати мардуми тоҷик даъват мекунанд. Онњо мисли галаи сагон ба дипломатҳои тоҷик ва автомашинаҳои хизматии онҳо њамеша њамла мекунанд.
Њамеша аз нолишњои аъзоёни ЊНИ масъулони САҲА пуштибони мекунанд Мо як гуруҳ донишчуёни Тоҷикистонии нигаронии амиқи хешро аз муносибати САЊА ва ЊНИ, ки ба суботу амнияти тамоми тољикистониён ва обурӯи мамлакати мо дар арсаи байналмилали латма мезанад, иброз менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ