​Аз ту Роғун иқтидори миллат афзун мешавад…

Субҳи рўзи гузашта,яъне санаи 9 – уми сентябр дар таърихи навиниТоҷикистони соҳибистиқлол воқеаифараҳангезерух дод, ки дар китоби таърихинавини тоҷикон бо ҳарфҳои зарринсабт хоҳадёфт. Баробари ҷашнгирӣ аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО-и Роғунва ниҳоданиқадами устувор бароирасидан ба ҳадафи аввалини стратегӣрўҳияи мардуми сарбаланди тоҷикрохеле баланд бардошт ваумед ба ояндаи равшану шукуфонроустувортар намуд. Шоядин воқеа дар назари аввалфараҳафзову осон намояд, вале паси ин шодиву сурур то кадом андоза ҷонбозивуфидокорӣ, ҷасорату қаҳрамонӣ ниҳон буданашроҳамагон дарк намуданд.

Неругохи барқӣ - обии Роғун иншооти хаётан мухими стратегии мамлакат ба хисоб рафта, баъди пош хурдани собиқ Иттиходи Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ -норасоии неруи барқро ҳалменамояд.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар муроҷиатномаи хеш чунин баён дошта буданд: "Он рўз дур нест, ки дар партави нури Роғун Парчами Точикистони сохибистиклол ва тоҷи заррини давлати точикон ҷилои тозае хоҳад гирифт." Имрўзҳо исботи гуфтаҳои мазкурро ҳар як фарди баору номус бочашми саруақли худододашмебинад ва ба қавлу сухани Пешвои миллатбовариаш комилтар мегардад.

Дар гузаштаи на он қадар дур мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёде рў ба рў мешуданд, лекин бо боварӣ аз ояндаи нек таҳаммулро пеша намуда, барои сохтмони НБО –и Роғун талош меварзиданд. Алҳол, ин душворихо паси сар гардида бунёди Роғун ба майдони нангу номус ва ифтихори ҳар шахрванди Точикистон табдил ёфтааства Тоҷикистонна фақат барои таъмини аҳолӣ, балки барои содироти қувваи барқ иқтидор пайдо кардааст.

Суханронии пурэҳсос ва роҳбаладонаи Пешвои миллатро дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюм шунида, беихтиёр сайри солҳои 90-уми асри ХХ кардем. Рўзхои барои миллати тоҷиквазнин, имтиҳони сахтитаърих, даст ба яроқ гирифтанигурўхе аз нохалафон, гуруснагӣ, бесарусомонӣ,тарки хоки Ватан, марги ҷавонмардону кўдакон, доман паҳн намудани бемориҳои сироятӣ, холӣ будани буҷаи давлат ва аз ҳама вазнинашбовар надоштани мардум ба ҳукумати онрўза.Хеле таъзиқовар аст, ёд овардан аз он рўзҳои мудҳиш, вале шукрона аз он вабо ибораеаз Лоиқи зиндаёд «раҳми Парвардигори моомад..». Мегўянд, ки миллатеро ки Худо дўсташ дорад, рохбари оқилу доноро насиб мегардонад. Маҳз ақлу заковат, ҷасорату ҷуръат, фидокориву ҷоннисорӣ, меҳандўстиву раиятпарварии Пешвои миллат буд, ки ба рўзхои хуш расидем ва он ҷизҳое, ки ҳамон солҳо шояд афсона менамуд имрўз ҳақиқати ҳол аст.

Мо кормандони соҳаи маориф, ки ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмонронисбати дигар қишрҳои ҷомеа бештар эҳсос мекунем, бояд ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳофаъолиятамонроҷоннок намуда, бо азму талош ва бовариву эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мутахассисонеро тарбия намоем, ки идомадиҳандагони кору пайкорипадарони хеш бошанд.

Қодирова М. А.-муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ