​Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон

Дар толори факултети физика ва техника вохўрии донишҷўён бо Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуни байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Баҳром дар мавзўи “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рўхияи ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсонӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Сараввал, сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ, дотсент Ўлмасов М. меҳмонро ба иштирокчиён шинос намуда, оид ба иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” маърўза намуда, ҳозиринро бори дигар бо муҳтавои он шинос намуданд.

Сипас, Саидзода Баҳром дар баромади худ нисбати «Пешгири ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ваҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рухияи ватандўстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ» хабардор карда, маслиҳатҳои муфид доданд, то ки худро гумроҳ насозанд.

Пас, аз маърӯзаҳо ҷавонон ба саволу ҷавоб даъват карда шуда, бо мубодилаи афкор анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ