​То ба кай пинҳон кунам дарди дили бечораро!

Мақолае, ки зери унвони “Тоҷикистон бояд ба суди байналмилали муроҷиат кунад” мутолиа намудам, ки ҳақиқат боиси таассуф аст, ки имрўз он нафароне, ки давлат баъд аз раҳо шудан аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар барои онҳо шароити хуби зиндагӣ ва фаолияту кори мусоид таъсис дода, барои сулҳу суботи кишвар ва пойдории амният дар ҳукумат курсиҳои махсусе барои онҳо ҷудо карда буд, ба сӯи ин давлату миллат сангпартоӣ доранд.

Мақсад давлат ва ҳукумати кишвар танҳо таъмини амнияту сулҳ дар кишвар буду ҳаст. Ва аз ҳамон рўзҳои аввали давлатдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои аз як гиребон сарбаровардани халқи ин имиллати бузург ва ба иғво дода нашуданаш татбирҳои зиёдеро амалӣ кардаасту бисёр мавридҳо нисбат ба хоинон чашмпўшиҳо низ кардааст. Мутаассифона ин курнамакони дастпарвари душману зархаридон, ҳама ин хубиву чашмпўшиҳоро сарфи назар намуда, аз ҳуввияти милливу арзишҳои миллӣ гузашт намуда, танҳо барои ғанигардогии ҳамёни худу обруву манзалати худ дар назди хоҷагонашон меандешанду ба чашми миллати худ хок пошиданд. Далелҳое, ки дар мақолаи боло зикр намудем нафрату бадбинии маро нисбати ин хоинони миллат боз зиёдтару равшантар намуд.

Дар ҳақиқат гуфтаи бузургон пеши назар ҷилвагар менамояд, баъд аз шунидан ва мутолиа намудани рафтору кирдори хоинони миллат! Надонистам, ки саг хун мехурад, хунхора мегардад. Чи гуна метавон аз номи дине баромад намуд, ки покиву меҳру садоқатро танҳо ба пайравонаш меомузаду дустдории ватанро нишонаи имон медонад. Аммо ин хоинон истифода аз номи поки Ислом, ин равияи ТТЭ ва ҲНИ-ро таъсис дода, мехостанд миллати моро сарнагун созанд. Ва банда бо ақида ва андешаҳои Назар Муъмин пурра розӣ буда метавонам, бигўям, ки дар ҳақиқат ин вақт фаро расидааст.

Салимов Эраҷ омўзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ