Семинари “Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ” баргузор гашт
Бо ибтикори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар факултети забонҳои хориҷӣ, семинари доимоамалкунандаи таълимӣ-методии “Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ” баргузор гардид.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ходими калони илмӣ, роҳбари семинар, Шарипов Абдуҳаким семинарро оғоз бахшида гуфт, ки мақсади асосии семинар-машварати мазкур баланд бардоштани сифати таълиму тадрис дар замони муосир мебошад.
Дар ҷалалса масоили “Аз таҷрибаи баргузории самараноки таҷрибаи педагогии донишҷӯёни факултаи таърих дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна” ва “Амалигардонии мақсадҳои тарбиявӣ дар раванди баргузории таҷрибаомӯзии педагогӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Баъдан байни иштирокдорон доир ба масоили мубрами усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил