​Санадҳои меъёриву ҳуқуқии мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон

Мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Аз соли 2005 ба ин сў, дар ҷомеаи Тоҷикистон ин ҳарф буду ҳаст, ки такрори он ҳама зарурат надорад. Манзур аз 10 соли ахир ҳамоно муборизаҳо дар дохили худи Тоҷикистон аст, зеро хатари хориҷии терроризм ва экстремизм – «ду шарр»-и мавзуи нишасти мавриди назари мо ҳанўз ба тамоми маъно боқӣ мондааст.Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурўғин мехоҳанд сафи аъзои худро зиёд намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқироқабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳоиузви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгириитавсеаи терроризм ва экстремизм ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо мамлакати мо ҳамсарҳад мебошад, 40 сол боз ҷанг рафта истодааст. Дар ин ҷо низ аз ақидаҳои исломӣ истифода бурда, ҷангро аланга зада истодаанд. Масъалаи тинҷиву суботи ин мамлакат ба гуфтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «барои мамлакати мо хеле муҳим мебошад».

Таҳдиди хориҷии зуҳуротҳои болозикр, барои кишвари мо пеш аз ҳама дар вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида мешавад. Кишвареро, ки берун аз хоҳишҳояш дар қаламраваш тамоми созмонҳои террористӣ макони амн ёфтаанд ва онрову ҳамсоягонашро ба таҳдидҳоиамниятӣ рў ба рў кардаанд. Ҳамсояро интихоб намекунанд. Вазъи имрўзаи Афғонистон сахт нигаронкунанда аст. Хатар барои Тоҷикистон бештар аз дохил, аз Афғонистон таҳдид мекунад. Хатарҳои асосие, ки гурўҳҳои террористиву экстремистӣ барои Тоҷикистон доранд, иборатанд аз:

-таблиғ ва ташвиқи идеологияҳои дорои характери экстремистӣ буда;

- таъсиси воҳидҳои таблиғотӣ ва гурўҳҳои мусаллаҳи ҷиҳодӣ дар қаламрави кишвар;

- мусоидат ба убури ғайриқонунии марз барои эмисарҳои гурўҳҳои ифротӣ;

- таъсиси тамрингоҳҳои махфии низомӣ барои гурўҳҳои ифротӣ;

Баҳеҷ кас пўшида нест, ки солҳои тўлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерўҳои ифротӣ буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард. Вале дар давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳионҳо шуда, барои таъмини амнияти худ ва ҷаҳон, сарфи назар аз ҳисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанўз соли 1998 дар иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳидба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем. Боиси қайд аст, ки аз 1400 километри хатти марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 800 километрашба ҳудуди ВМКБ рост меояд ва ин сокинони вилоятро водор месозад, то дар баробари макомотҳои қудратӣ дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ширкат варзида, баҳри таъмини амни вилоят ва умуман кишвар саҳмгузор бошанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ