​Бешаи ғафлат ва биёбони кулфат

Алим Шерзамонов яке аз аъзои фаъоли Паймони миллии Тоҷикистон аст, ки аз Аврупо истода ба муқобили ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва мардуми кишвар бадгўиҳо мекунад. Ахиран, ў дар саҳифаи Фейсбукиаш, ки худро рўзноманигори холис муаррифӣ кардааст, мегўяд, ки дар рўзи ваҳдати миллӣ мақомоти Тоҷикистон ба фишороварӣ даст задаанд.

Дар изҳороти видеоии фейсбукияш ў мегўяд, ки дар ин рўз як модар ва хоҳари як нафар «фаъоли сиёсӣ» ба тазйиқ ва фишороваорӣ гирифтор гаштаанд. Сухан дар бораи оилаи аъзои ҳизби наҳзат, узви Шўрои Паймони миллӣ ва сухангўи ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Мавҷуда Соҳибназарова меравад.

Алим Шерзамонов дар муроҷиаташ бо забони шуғнонӣ ҳам ба мардум муроҷиат кард, ки бар зидди ин «падида» мубориза баранд.

Алим Шерзамонов демократимаоб гардида ин падидаро маҳкум мекунад ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ин як дидгоҳи ўст, ки мехоҳад ба муқобили «беадолатӣ» мубориза барад.

Дар ҳар давлат хоҳ дар ИМА, ки дар олам навои «демократия»-ро менавозад ва хоҳ Федератсияи Руссия ва ё кишвари дигар як чиз аст: мубориза зидди қонуншиканӣ ва таҳкими амнияти миллӣ. Хоҳем ҳам нахоҳем ҳам мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи он мешаванд, ки дар дохили кишвар амният устувор бошад ва бозпурсӣ кардани аъзои оилаи Мавҷуда Соҳибназарова маънои таҳқирро надорад, балки он чорае аст, ки барои манфиат ва бехатарии мардум нигаронида шудааст.

Дигар ин ки дар мусоҳибааш доир ба мулоимсухании милисаҳои тоҷик нисбати духтараш Мавҷуда Соҳибназарова низ гуфааст ва қайд кардааст, ки онҳо ба ў хоҳарҷон гуфта муроҷиат кардаанд. Пас, чӣ бадӣ аст дар он, ки духтари М.Соҳибназароваро дар мақомот барои бозпурсӣ даъват кардаанд? Мақомот хостааст, ки як нафар раҳгумзада ба кишвар барардад ва мавриди авф қарор гирад?

Кормандони мақоми аниятӣ низ чунин корро кардаанд. Яъне ҳадафи онҳо ба кишвар баргардонидани як нафра тоҷикистонӣ, як нафар зане аст, ки раҳгум задааст. Ин магар айб аст? Магар ҷиноят аст?

Алим Шерзамонов – онро таҳқир меҳисобад. Рахна ба Ваҳдати миллӣ меномад. Таъна мекунад, ки дар Рўзи Ваҳдат бояд ҳамдигарро авф кунанд. Охир чаро не? Мавҷуда Соҳибназарова ба Ватан баргардад, ҳатман авф хоҳад шуд ва мумкин аст, ки агар худи Алим Шерзамонов ҳам баргардад, бахшида шавад. Зеро раиятпарварӣ ва гуманизми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бекарон аст.

Дар ин росто Алим Шерзамонов ва дигар намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ва ба хусус дар Аврупо зиндагӣ доранд, роҳҳои паст кардани эътибору нуфузи Тоҷикистонро ҷустуҷў мекунанд. Дар яке аз саҳифаҳои фейсбук мусоҳибаи як ҷавон гузошта шудааст, ки ў мегўяд, ки агар муроҷиатро дар кишвар касе қабул накунад, ў дар мамлакат худро бегона ҳис мекунад. Инро ба ишора ба он овардаанд, ки гўё муроҷиати модари Мавҷуда Соҳибназарова ба Президенти кишвар нодида гирифта шудааст.

Агар мўйро аз хамир ҷудо карданӣ бошем, тамоми қазияро чунин фаҳмидан мумкин аст, ки барои муайян кардани баъзе масъалаҳо кормандони мақомоти амният ва милитсия модар ва духтари М.Соҳибназароваро барои пурсиш даъват кардааст. Ин асли воқеа аст.

Аммо аз ин воҳима сохтан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ кардани як ҳолати муқаррраӣ ҳамчун таҳқир ба шахсият, аз як ҳолати муқаррарӣ сохтани маводҳои иттилоотӣ ҳамоно приемҳои ҷанги иттилоотӣ аст, ки аз он мухолифон пурсамар истифода мекунанд ва ба манфиати худашон суд меҷўянд.

Фурсати он фаро расидааст, ки ҷавонон ва ба хусус ҷавононе, ки аз равиши ҷанги иттилоотӣ огоҳ нестанд, ба умқи масъала сарфаҳм раванд. На ҳар касе, ки ватан мегўяд ватанхоҳ аст. На дар ҳар бешае, ки лоф аз демократия мезананд, ҳақиқати маҳз ниҳон аст.

Ҳар беша гумон набар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Аз ин рў, суханрониҳои навбатии Алим Шерзамонов ва мусоҳибаҳои Мавҷуда Соҳибназарова чизе ҷуз ғаразу буҳтон ва бадномкунӣ нест.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ