​Сагхари “холису мустақилу бетараф” (Изҳороти устодони кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо)

Сармуҳаррири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур барои нафарони гумроҳу ватангадо насаби хубе кашф кардааст, ки метавон ихтирою кашфиёти мазкурро барои мушаррафи ба ҷоизаи Нобел, ақаллан “ҷоизаи Файзинисо Воҳидова (Кабирӣ) ” пешниҳод кард. “Занакҳои лаби об” – нафаронанд, ки дур аз воқеияти ҳаёт, бехабар аз ҳаводису қобилияти таҳлилӣ ва ғайра оид ба ин ё он масъала ҳарф мезананду хулосабардорӣ мекунанд. Ҳол он, ки асоси маълумотҳои онон хабарҳои пучи кӯчагӣ аст.

Њамин гута муносибату муоширатро нафарони берун аз Ватан, ки манобеи хабарии онҳо нафарони нопокашон дар Тоҷикистон мебошанд, ба худ хос медонанд. Бо андешаю фикрронии нафарони муғризу фосиқ, худозадаю ватанбезорро асос карда “тоҷик” – они ватангадо ба тамоми ҷаҳон ҷору лоф мезананд, ки аз ҳангомаҳо бохабар бошанд. Онон, ки орӣ аз ватанпарварию садоқат ҳастанд, бе риояи меъёри одобу ахлоқ нафароне, ки ба онҳо эътирозона ҷавоб мегӯянд, “фермаи ҷавоб” ном мениҳанд.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон шукрона доранд, ки дар Ватани азизамон бо саъю кӯшиши роҳбарияти олии кишвар ва хизматҳои шоистаи мақомотҳои қудратӣ сулҳу субот пойдор асту раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта истодааст. Тоҷикистониён кайҳо дарк кардаанд, ки муғризони гумроҳу ватангадо, васвоси маблағи хоҷагони хориҷӣ чун “рудиментҳо” дар организми Инсоният мебошанд. Организми солим ғизоро ҳазм карда баъдан ҷузъи нопоку нозарурро ихроҷ мекунад. Хешону тӯҳматматгарони Ватани азизамон ба монанди чунин боқимондаҳоанд, ки бӯйи баду нопоки онҳо ҷомеаро нороҳат месозад ва месазад, ки онҳоро ба мисли партовоб зери хок кард ва ҷомеаро пок аз онҳо кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ