​​“Таҳлил – аслиҳаи уламо”!

Шахсияте, ки назаркардаи Парвардигор аст, бо симои зебо, ахлоқи ҳамида ва ақли расо аз дигарон фарқ мекунад. Зеро, Худованд он бандаеро, ки ба худ наздик пиндоштааст, соҳиби фазилатҳои бисёр мегардонад. Вале, бандаи ношукру носипос ба ин неъматҳои олӣ қаноатманд намегардаду бо рафтору ахлоқи ношоиста худро шармсор дар ҷомеа ва гунаҳкор дар назди Аллоҳ менамояд. Чунин, ҳақиқати ҳолро метавон дар мисоли нафарони ватангадою шармсори ҷаҳон чун Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Саидюнус, Шарофиддин, Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони онон мушоҳида намуд. Чун ин нафарон аз неъматҳои илоҳӣ бо мақсадҳои нопок ва ғаразнок истифода менамоянду шармсору шармандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудаанд.

Ғарази онон танҳо дар сармояғундорӣ ва тӯҳмат ба каси дигар асту чун ғуломи зархариди ҳалқабаргӯш доимо дар хизмати хоҷагони хориҷии худ ҳастанд. Онҳоро ҳатто ҳиссиётиватандӯстӣ, садоқат, поквиҷдонӣ, ростгӯӣ ва ғайра тарк кардааст, ки наметавонанд аз воқеаҳои баамаломада ҳақиқати воқеиро бинанд. Шиносоӣ бо “маҳсул” – и фаъолияти нафарони зикргашта давоми солҳои охир нишон медиҳад, ки ононро қобилияти таҳлилиашон низ коста шудааст ва ҳамчун “робот” ё худ лӯхтак фикри солими худро ҳам гум кардаанд. Онҳо чун “тӯтӣ” бӯҳтону сафсаттаҳои хоҷагони худро ба мардумиолам пешниҳод мекунанду аз асл маънии он бехабаранд ё худ гумроҳҳони маҳз шудаанд.

Давоми даврони Истиқлолият давлати навбунёди Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гаштаву мардуми сарбаланди он бо ифтихор аз тамаддуну фарҳанги аҷдодӣ дар фазои орому осуда баҳри ободонӣ ва кабудизоркунии кишвар софдилона меҳнат намуда истодаанд. Ҷаҳониён, аз он ҷумла сарони мамлакатҳои хориҷӣ ва сиёсатмадорони барҷаста, ки беғаразанд нисбати ҷомеаи Тоҷикистон ва роҳбарони он ҳарфҳои таҳсин ва офарин мехонанду ҳаваси онро доранд, ки мамлакати мо чи қадар зебою нотакрор асту мардумаш меҳнаткаш ва роҳбаронаш бошад ғамхору адолатпешаю халқпарвар. Вале, бархе аз душманон бо истифода аз нобакорони хоин ба монанди Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Саидюнус, Шарофиддин, Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони онон чун зочаи кӯдакон ба сӯи Ватани азизамон сангпартоӣ мекунанд. Бехабар аз онанд, ки таърих қонунияти аҷоиби худро дорад: “агар ба сӯи таърих сангмайдае партоӣ таърих ба сӯи ту харсанги азиме мепартояд”. Итминони комил дорам, ки вақт мегузарад, баъди чанде мӯҳлат ин нобакорон аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Аммо, аллакай дер шудаасту умри додаи Худовандро ин нафарон бесамар барбод додаанд. Бадии кор дар он аст, ки шармандагии ин нафарони беору беномус ба фарзандони онон мерос мемонаду хешу ақрабояшонро мардум солҳои тӯлонӣ изо медиҳанд. Нафаре, ки фақат дар фикри манфиати хуш бошад монанд ба ҳайвони ваҳшӣ аст, ки ба нафари дигаре коре надорад ва амалӣ шахсони зикрёфта низ амали ҳайвониро мемонад. Зи ин гуфтаҳо матлаб он аст, ки гумроҳони ватангадо ҳушёр шаванду аз кирдори худ нисбат ба Ватани аҷдодӣ андеша кунанд. Чунки, мардуму ҷомеаи Тоҷикистон зери партави арзишҳои олии исломӣ ва инсонӣ ҳоло ҳам имкон додааст, ки ин бехабарон ислоҳ шаванд ва давлати қонунии кишвар барои ин тоифа нафарон ҳатто авф эълон кардааст.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ