Дар ҳошияти изҳороти расмии сардабири “Ахбор” Мирзои Салимпур «Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям?

Вазъи ҷахони имрӯзро коршиносон хеле тезутунд баҳогузорӣ намуда, иброз медоранд, ки алҳол дар ҷаҳон «ҷанги иттилоотӣ» ҷараён дошта, теъдоди сомонаву расонаву рӯзномаву маҷаллаҳо рӯ ба зиёдшавӣ доранду барои мавқеъ гирифтан дар фазои иттилоотӣ аз ҳама гуна воситаву манбаъ ва шароиту имконият (аксар ҳолат бе таҳлилу таҳқиқ) истифода бурда, хабару гузориш, вокунишу изҳорот, мақолаву маълумоти гуногунро ба нашр мерасонад, яъне васоити ахбори омма гӯё ба «минбари озодандешӣ» мубаддал гаштааст.

Агар ин гуфтаҳо як тарафи масъала бошад, тарафидигар он аст, ки тамоми гузоришоту навиштаҷот дастраси умум буда, аксар ҷавонону наврасон мавриди мутолиа қарор медиҳанд, ки ин бешак ба мафкураи онҳо таъсир мерасонад (мутассифона, аксар вақт таъсири манфӣ) ва онҳо аз зиёд будани маълумот қудрати таҳлилкуниву хулосабарориро гум мекунанду аз асли воқеа бехабар мемонанд.

Журналисти мустақили сомонаи мустақили «Ахбор» Мирзои Салимпур менигорад, ки дар Тоҷикистон иттилооти озод мавҷуд набуда, озодандешӣ бо ҳар роҳу восита маҳдудияту монеъаҳоро дучор мешавад.

Бечора, он қадар ба эҳсосот дода шудааст, ки намедонад аз кӣ аламашро гирад, гоҳ ба кормандони КДАМ, гоҳ ба занакҳои лаби об даъво дорад.Он кас менависанд, ки тасаввури воқеият душвор аст, агар чунин бошад, чаро ба дигарон айб мегиранд. Хиёнаткор набошанду ба нафъи миллат кор мекарда бошанд, ба Тоҷиқистон чаро намеоянду дар мусофират зиндагиро авлотар медонанд. Наход камоли мардӣ таънаву таҳқири занон бошад? Шарм намедоред, ки ҳамватани худро бо чунин алфоз ном баред? Боз мегӯед, ки фаъолияти сомонаи «Ахбор» дар Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст. Таҳқиру дашному сафсатаву воҳимаҳои шуморо гӯши шуниданӣ нест. Дар Прага зиндагии «орому осоишта» дошта бошед, чӣ ҳоҷати баррасӣ намудани вазъи сарҳаду фаъолияти кормандони амният? Гуфтаниву саволҳои зиёде барои шумову ҳамсафонатон дорему лекин ҷудо намудани вақти кимати худро бароятон ҳайф медонем, зеро корҳои заруртару фоидаовартар моро интизоранд. Мо Тоҷикистони азизамонро обод месозем. Ҷойи дар хориҷ нишаста бо истифода аз калимаҳои қабеҳ мардумфиребӣ кардан «қувваи мардиатон»-ро барои обод намудани ақалан хонаи меросии волидайнатон сарф намоеду қабрашонро зиёрат кунед.Ё ба ивази пул ба ҷоятон дигарон зиёрат мекунанду дуо мехонанд? Ҷои мардон шабакаи иҷтимоӣ не, майдони меҳнату корнамоист...

Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраиназария ва методикаи таълими забон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ