Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Ҳодисаи фитнаангезе, ки дар марзи кишвар аз ҷониб баъзе афроди бадхоҳи ватан рухдод ин маънои онро надород, ки мо марзу буми ватанамонро ҳимоя карда наметавонем. Инчунин ҳисороте, ки аз ҷониби он фитнаангезон ба шаҳрванд Умрониддин Сафаров расонида шуд бояд аз руи қонун пардохт кардашавад. Он минтақае ки аз ҷониби сарбозони ҳамсоя баҳсталаб гуфта, ғайри қонунӣ ва бардурғ нагузоштанд, ки соҳибмулкро фаъолият барад ин яке аз фаъолияти ғараснок асту халос. Барои чунин рафтори хилофи қонунии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя пеш аз ҳама мақомотҳои дахлдор ва ҳукумати ин кишвар ҷавоб диҳад ва дар оянда нагузонд,ки чунин амалҳои хусусиятиэкстеремистӣ дошта рух надиҳад. Инчуни онҳо ҳеҷ ҳақу ҳуқуқнадоранд, ки шаҳрвандони моро гаравгон гиранд, ки ин та танҳо хилофи қонунҳои амалкунандаи ҳарду кишвари ҳамсоя, балки хилофи қонунҳои байналмиллалӣ мебошад. Посухи ин мали экстеремистиро бояд тарафи Қиғизистон диҳад.
Халқи тоҷик имрӯз бо тамоми нерӯи худ марзу буми худро ҳимоя менамояд ва намегузорад, ки аз ҷониби ягон бадхоҳони миллат ва дигар таҳдидҳои дохиливухориҷи газанде расад. Мо ҳама точикистониён ватан, миллат, халқ, шаҳрванд ва марзу бумамонро ҳамеша ҳифз менамом ва кишари азизамонро рушду равнақ мебахшем.