​Ашхоси иғворгару ҷангҷӯ

Барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум гашт, ки рӯзноманигори иғвогару ҷангҷӯи дар Прага дар маҷҷаллаҳои ба русӣ “жёлтая пресса” фаъолият кунанда Мирзо Салимпур чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, дунёситезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, таблиғи бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарварӣ , бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ, ба таври маҷбурӣ тағйир додани ақидаи мардум, ҷонибдорӣ кардани ҳизбиу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташвиқи фавқулоддагӣ, афзалият ё камарзишии инсон аз рӯи нишонаҳои иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ, динӣ, мансубияти забонӣ ва муносибат ба дин, эътироф накардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибат бо мансубияти иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ, забонӣ ва динӣ ва ғ.

Ҷомеаи мо ниёз ба чунин ашхоси мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят кунанда надорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин ашхосро «хоҷагонашон» онҳоро чун луъбатаке бозӣ медароранду бо ваъдаҳои пуч доманашонро пур мекунанд ва як умр дар сарсониву беватанӣ ва дар олами орзуҳои ширини амалинашавандаашон саргардон менамоянд.

Аз ин лиҳоз моён набояд ба ҳама туҳмате подарҳаво, саропо дурӯғ ва бесоси чунин ашхоси иғвогар - “рӯзноманигор” бовар намуда фирефтаи мақолаҳои беасоси ӯ шавем.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика - Юсупова Ф.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ