Кабирӣ тири камони хоҷаҳои хориҷист, ки сӯи Тоҷикистон равона шудааст
Гуфтори маъмуле байни мардум вуҷуд дорад, ки: "Агар тири ба сӯи Ватан равона кардаи душманро ба сари сина боз дорӣ пас ба олам омаданат меарзад". Аз ин ҷост, ки бештари родмардону фарзандони ҷоннисори Ватан барои шарафёб гардидан ба унвони сарсупурдаи кишвар аз тамоми нерӯву қудрати хеш истифода бурда ба худ шиори "дар роҳи ҳимояи Ватан мурдан қаҳрамонист" - ро пеша мегиранд. Бо иҷрои рисолати пуршарафи ҳимоятгарии Ватан иддае аз сарбозони далеру шуҷоъ ва афсарону диловарони кишвар ҷони ҷавони хешро қурбон кардаанд, ки номи мубораки онҳо абадан дар ёду хотири наздикону пайвандон, ҷомеаву ҳамкорон абадан боқӣ хоҳад монд.
Аммо дар ин баробар боз дар ҷомеа ҳастанд афроде, ки бо шармандагиву беномусӣ умр ба сар бурда, мехоҳанд зарари хешро ба халқу Ватан расонанд.
Аз табори чунин беномусон террорист Муҳиддин Кабирист, ки ҳамчун ғуломи ҳалқабардӯши хоҷагони хориҷӣ ва бозичаи дасти онҳо амал намуда, бар муқобили сулҳу оромии кишвар нақшаву ниятҳои разилонаашро мехоҳад амалӣ намояд.
Аслан Кабирии беномус мисли тирест, ки аз камони хоҷагонаш сӯи Ватан равона карда шудааст. Яъне Кабирӣ, ки ба торҳои вуҷуди хоҷагонаш ҷой шуда аз онҳо соате ҳам дурӣ ҷустан наметавонад, аллакай чи супоришҳоеро, ки онҳо диҳанд барои иҷрои он аз тамоми қудраташ истифода мекунад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аллакай мардум аз нақшаву ниятҳои нопоки ин зархаридон огоҳ гардиданд.
Бори дигар мардуми тоҷик дарк намуданд, ки наҳзат ҳеҷ гоҳ ба мардум некӣ накарда буд ва нахоҳад кард.
Ҳанӯз зимни суханронии хеш саркардаи ҷанги шаҳрвандии кишвар Сайид Абдуллои Нурӣ дилпурона ба мардум муроҷиатҳои ғаразомез карда онҳоро рӯйрост ба бесуботиву ноамнӣ даъват мекард. Кас гумон намекард, ки як руҳонӣ, ки аз фармудаҳои Худову Расул гап мезад нақшаву ниятҳои разилона дошта бошад. Аммо бо гузашти вақт маълум гардид, ки дар паси ин ҳама бедодгариву бесасумонониҳои ӯ хоҷагони хориҷиаш меистанд ва ӯро такон ба ноамнии кишвараш медиҳанд.
Ин нохалафи намакзадаи Нурӣ, ки худро ҳомии дини мубини ислом меҳисобид зуд мардум аз нақшаву ниятҳои разилонааш пай будрданд.
Кабирии лаъин низ аз шеваи устодаш корбарӣ карда, имрӯзҳо ба хоҷагони хориҷиаш чунон умед бастааст, ки чи супоришеро, ки онҳо барои ноамнии кишвар медиҳанд дарҳол барои амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Аз ин рӯ, ҳар фарди соҳибватанро зарур аст, ки рафтору кирдори хоини миллат Кабирии беномусро шадидан маҳкум карда, нагузорем, ки ӯ ҳамчун тири равонкардаи душман ба Тоҷикистони азизи мо, ки хонаи умеди тамоми тоҷику тоҷикистонист осебе расонад.