Изҳороти устодони факултети Санъат
Экстремизм ва терроризм падидаи номатлуби ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ҳақиқат барои амнияти кишвар хараи ҷиддӣ дора два муборизаи пуршиддат бар зиддин ин навъи хатар амри зарурӣ ва саривақтӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст, аммо баъзе ҳизбу ҳаракатҳо аз ин фурсат истифода бурда мехостанд ақидаҳои нопоки хешро болои марлум таҳмил намоянд. Гарчанде пайдоиши ҳизбҳо дар саҳнаи сиёсии кишвар нишон аз демократияву низоми бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ дарак диҳад, аммо аз ҷониби дигар зуҳури баъзе ҳизбҳо пайомадҳои начандон хуб дошта, метавонанд ба мардум ва давлат дарди сар эҷод кунанд. Яке аз чунин ҳизбҳо ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки баҳри ноором сохтани вазъияти сиёсии кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ кўшиш мекард. Наҳзатиён марумро ба ҳар гуна роҳу гурўҳҳои ифротӣ ҷалб мекарданд. Хушбахтона, ба ин нияти нопоки хеш ноил нашуданд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон аз амалҳои ѓаразноки ин ташкилоти террористӣ хуб огоҳӣ доштанд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин ташкилоти террористии наҳзат сабабгори асосии марги кариб 150 ҳазор нафар дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Моро зарур аст, ки бар муқобили андеша, ният ва нақшаи харобкоронаи аъзои ташкилоти террористӣ дар ҳамбастагӣ ва дастаҷамъона мубориза бурда, имкон надиҳем, ки душманони миллат дубора сар боло карда, сабагори нооромиву ноосудагии кишварамон гарданд. Барои решакан кардани ин зуҳуроти аср – терроризм ва экстремизм талош намоем ва аз хатари наҳзатиёни ифротгаро эҳтиёт шуда, барои суботу оромии кишвар беш аз пеш кўшиш ба харҷ диҳем.