Терроризм ва ифротгароии динӣ
Ифротгароӣ - Экстремизм аз рўи мазмун –динӣ ва дунявӣё аз рўи зуҳурот- ҳудудӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад.Ифротгароӣ (экстремистӣ) хеле решаи чуқур дорад, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад, экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ, буддоӣ, ҳиндуия ва ғ.) мавчуд аст.
Экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур накунад дар назди худ мақсади асосӣ– барпо намудани«халифат- системаи идоракунӣ дар ислом»-ро мегузорад. Бо ин мақсаднизоъҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ ба вучуд меоварад,баромадхои яроқнок ташкил мекунад, бо роҳи зўроварӣ ғасби ҳокимият,хунрезиропеша мекунад. Ин амалҳо садди роҳи мустақилияти ҳар миллат, монеъгӣ баҳри тараққиёти ҷомеа мегардад. Дар ин маврид ҳаминро бояд таъкид намуд, ки даркитоби муқаддаси мусулмонон Қуръон мафҳуми Халифат нисбати давлати алоҳидаи мусулмонон вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ҳадиснигорон Абу Довуд ва Имом Тирмизӣ дар як ҳадиси Муҳаммад (с.а.с.) омадааст, ки «Халифат дар ҷомеаи ман си сол арзи ҳастӣ мекунад. Сипас салтанат (шоҳигӣ, монархия) ҳукм меронад», яъне давлатҳои алоҳида ҳукмронӣ мекунанд.
Ба хамагон маълум аст,ки имрўз мутаасифона олами исломӣ ҷараёнҳои мураккаби иҷтимоиву сиёсиро аз сар мегузаронад.Хосатан дар Шарқи наздик ва дар дигар манотиқи дунё беқарорӣ, ихтилофу низоъ ҳукмфармост.
Амалҳои даҳшатноки террористии солхои охир, ки дар Покистон, Шарқи наздик (Сурияву Ироқ), Россия,Фаронса ва дигар манотиқи ҷаҳон содир шуданд ҳаминро собит мекунад, ки терроризм бо кадом ливое (динӣ, сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ) баромад накунад, дар зери кадом ниқобе зуҳур накунад, мардуми бошууру меҳанпарасти кишварамон, хосатан ҷавононибаору номусамон бояд моҳияти ҷинояткоронаи онро дарк намуда, нияти ғаразноки онро фош намоянд.
Имрўз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавчуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳоигузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд.
Изҳороти Раҳмонова Дилбар – мудири кафедраи методика ва таълими забони модарӣ