Сиёҳдилии дилетант ?!
Ҳодисаи ба Ватан баргаштани собиқ наҳзати Шарофиддин Гадоев ҳангомаи забонаи афроди беақлу беимон гардидааст. Дар расонаҳои хабарӣ нафароне, ки аз нозукиҳои корҳои ҷустуҷӯӣ ва муковимат бо террористону экстремистон бехабаранд, фарзияҳои гуногуни ғаразнокро ҷойгир менамоянд, ки нишонаи аблаҳии онҳо мебошад. Нафаре, ки хусусиятҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро огоҳ нест, аз тавсилоти “боздошт” ва интиқолиШарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон андешаҳои бесаводона иброз менамояд. Эҳтимол меравад, ки нафари ватангадо аз ободиҳои кишвари аҷдодиаш ба ғазаб меояд ва ҳар қатраи обу зарраи хоки Ватанхаёлаш ӯро фиреб медиҳанд. Ҳол он, ки ӯ намедонад, ки худаш гумроҳу фирефтаи зару нозари хоҷагони хориҷиаш шудаасту рӯҳу арвоҳи аҷдодонаш барои хиёнаткорию ифротгароӣ ба ӯ лаънат мехонанд.
Агар, ин нафарон аз ҷавонмардӣ бохабар мебуданд, мисли миллионҳо нафар тоҷикистониён барои муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ талош мекарданд. Ин нафарони аблаҳи муғриз ба шаъну шараф, ору номуси ватандорӣ хайрухуш кардаву бандаи хоҷагонашон шудаанд, ки аз набудани ихтиёр дар дасташон ва ҳуқуқи ибрози андешаи худ дарак медиҳад.
Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳуриро якдилона дастгирӣ намуда, омодаанд, ки бар зидди душманони ифротӣ ва наҳзатӣ сарҷамъона истодагарӣ намоянд.
Доимо ободу сарсабз бошад диёри биҳиштосои Тоҷикистон!!!
Лаънат ба муғризону сиёҳдилон, нобакорону аблаҳони ватангадо!!!
Собиров М.С. – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент, номзади илмҳои кишоварзӣ