​Изҳороти Эгамбердиева М.Х. – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогӣ

Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма, аниқтараш дар системаи умумиҷаҳонии Интернет сомонҳое, амал мекунанд, ки фикр мекунем, ҳадафи ягонаашон танҳо иғво андохтан ва ё фитнаҷӯӣ намудан бошад. Дар ин радиф номбурдани сомонаҳои иғвоангези "Ахбор.ком", "Кимиёи саодат", "Вастокнюс" бесабаб нест. Зеро саркардагонашон дар хориҷи кишвар иқомат мекунанд, худро тоҷик мехонанд, “ватандор” мегиранд ва ҳар нафасашонро танҳо ба хотири фош намудани чизе, ошкор кардани чизе ва ё тӯҳмати беасосе сарф менамоянд. Фикр мекунанд, ки бо ин амалашон ба мардумии тоҷик хидмати “оқилона”-ю “бошараф”-е карда истода бошанд.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои худро боз мекунанд ва он ҷо ахбору маълумоти бардурӯғи худро ҷой медиҳанд ва дар як вақт ба мардум бонг мезананд, ки мо бетараф ҳастем ба касеву чизе итоат намекунем, ҳадафи ягонаи мо ба мардум расонидани хабарҳои дохилии кишвар аст. Агар чунин аст, пас суоле ба ин мардум дорем, агар шумо бетарафед, агар ба касеву чизе итоат намекунед, агар ҳадафи ягонаатон созандагӣ бошад (онҳо аз журналист будани худ ва озодии сухан иддао доранд, дар ҳоле, ки мардум дар кишвар озоданд!) пас чаро хабарҳову маълумотҳои пешкаш менамудаи шумоён танҳо хусусияти фитангезандагиву иғвогарӣ дорад? Чаро ободии ватани хешро написандед? Чаро мардумро ба роҳи низову хархаша равона мекунед?

Мо фикр мекунем, ки шумоён тобеъ ҳастед! Ба хоҷагони хориҷии худ итоат доред! Танҳо бо нақшаҳои кашидаи онҳо фаъолият мебаред, вагарна ширкати шумоён дар хориҷи кишвар амал намекард, зиндагӣ намудан дар хориҷаву аз он ҷо нишаста, ба кишвари ободу озоди Тоҷикистон назар намудану ҳар мӯри дар ин макон миғир карда гаштаро чун филе инъикос додан, таъкид бар он доред, ки: “мо танҳо ба хотири озодии ватан ин амалро ба ҷо меоварем”... магар ин аз рӯи мардист?

Ҳой мардуми беватан! Ватани мо! Бале Ватани мо! ОЗОД аст! Парчами Ватан ливои мағрурона дорад! Мо обод ҳастем! Зеро мо бо сарвариву ҳидоятҳои Пешвои муаззами худ пеш рафта истодаем ва дар Ватани худ дастболоем! Рӯз аз рӯз, соат аз соат Ватани мо ободтар гардида истодааст ва ҳар коре, ки шумо ва шумо баринҳо ба анҷом мерасонед, мафкураи ҷавонони кишварро вайрон нахоҳад кард! Бале, ҷавононро зеро, ки танҳо онҳо побанди шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд! Ҳар фарди ватандори кишвар ба хубӣ огоҳ аст, ки Ватани азизи мо ҳамқадами замона бо давлатҳои тараққикардаистода пеш рафта истодааст ва аз ин мо ҳамагон шукрона мекунем!!!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ