​Муноқишаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

Ба мо маълум аст, ки солҳои охир муносибати сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон ноором аст. Масалан дар натиҷаи муноқишаи сарҳадӣ санаи 13-14-уми марти соли равон байни аҳолии деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон аз як тараф ва деҳаҳои Ворух ва Чоркўҳи Тоҷикистон аз дигар тараф 3 нафар тоҷикон ба ҳалокат расиданд. Сабаби асосии муноқиша он аст, ки байни ду давлат 970 км сарҳади умумӣ мавҷуд аст. Пас аз пош хўрдани ИҶШС то ҳол Тоҷикистон ва Қирғизистон раванди делимитатсияи сарҳадиро ба итмом расонида натавонистаанд. Соли 2014 дар натиҷаи муноқишаи сарҳади аз ҳар ду тараф 8 нафар ба ҳалокат расида буданд ва ду давлат дар ҳолати ҷанги қарор дошт. Сабаби ин муноқишаи сарҳади аз тарафи Қирғизистон оғоз шудани сохтмони роҳ, ки бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа нагардида буд, шуда буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба тарафҳо ба мувофиқа омада буданд, ки сохтмони роҳ аз тарафи Қирғизистон қатъ гардад.

Муттаассифона 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ” -ро боз оғоз намуд, ки он боиси эътирози сокинони Ворух гардид. Тааҷҷубовар аст, ки сарҳадбонони Қирғизистон ба эътирози аҳолии осоишта силоҳи оташфишон истифода намудаанд. Бар замми ин ҷониби Қирғизистон роҳи Исфара-Ворухро баста, ду Газели мусофиркашонро бо 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифтаанд. Чи хеле ки дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешавад, 14-уми март тахминан соати 1530 сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон хонаҳои сокинони ҷамоати Ворухро сангборон намудаанд ва сокинони Ворух маҷбур буданд, ки худро муҳофизат намоянд.

Ин нооромиҳо имрӯзҳо давом карда истодаанд.

Ҳамаи ин воқеаҳо аз он дарак медиҳад, ки низои сарҳади эҳтимол аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон тарҳрези гардида бошад, ки он аз доираи инсону инсонгарои ва ҳамсоягии нек нест. Итминони комил дорам, ки ҳукумати кишвар дар муддати кўтоҳ тадбирҳои мушаххас андешида, мушкилоти сарҳадии ба миён омадаро ҳал менамояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ