Илҳом Ёқубов: Раиси Ассотсиатсияи маҷбурӣ аст!..

Воқеан ҳам суханронии бесаводонаи яке аз савдогари кӯчагӣ Илҳом Ёқубов, ки имрӯз дар ба дари Олмон нафаси ғализ мекашаду бо пули ҳароми хориҷиаш нафси худро ҳаром мегардонад, чашм афтоду хандаи сахте фаро гирифт, ки дар таърихам чунин ҳолат фаро нагирифта буд. Бар замми ин 20 нафар ғарибону бекасон ва бечорагонро бо таваллою тазарро ва гумроҳӣ дар паҳлӯи худ ҷамъ сохта, дар фейсбук хабар медиҳанд, ки мо беш аз 300 нафарро ташкил медиҳем. Дурӯғгӯӣ дар ислом хуб нест ва писанди мардуми тоҷик ҳам нест!

Бояд донист, ки Илҳом Ёқубов кӯрсавод аст!

Пас барои ин бесавод кӣ вазифаи роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказиро ба ӯ вогузоштааст. Ин ташкилоти ҳуқуқист, ҷамъиятист, оилавист ё инфиродист? Ман фикр мекунам ин Ассотсиатсияи маҷбурист ва гумроҳист! Зеро ин Ассотсиатсия метавонад аз ҷавонони мисли худ бесаводу дар чорроҳаи зиндагӣ сарсонро ба сӯи худ ҷалб созаду онхоро ба сӯи гумроҳӣ маҷбуран барад. Марг бар ту бод Илҳои Ёқубови бесавод!

“Мансаби олӣ” доштаасту аммо калла холӣ! Ӯ замони дар шаҳри Хуҷанд зисту зиндагонӣ доштанаш худашро идора карда наметавонист, пас чӣ гуна сухани вайро муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ гӯш меандозанд. Вой бар ҳоли чунин ҷавонони ватанфурӯшу иғвоангез ва гурезаву дар бар дар! Саводи кофӣ надораду имрӯз аз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ҳарф мезанад.

Агар фазои сулҳу салоҳи Тоҷикистон ба чашми Илҳом Ёқубов ҳамчун режими ҷаллодони Бухороро ёдаш орад пас яке байти Лоиқи зиёдаёд ёдам меояд, ки мефармояд: Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст! Илҳом Ёқубов ва дигар ҷонибдоронаш ин муваффақияти давлату ҳукумати кунуниро дида наметавонанд ва ҳар оромиву сулҳу суботи кишварро бо чашми хира мебинанд. Зеро чун давлату ҳукумат корҳои пасипардагии онҳоро ошкор сохту паси зиндон бурд, акнун мехоҳанд, ки шариконашонро озод намоянд. Аммо, пушаймонӣ надорад оқибат суд...

Маҳмадалӣ Сайид низ яке аз нотавонбинон маҳсуб меёфт ва ё худро ҳамчун яке аз идеологҳои номӣ метарошид. Пас аз пайи аробаи холиат шаву ба режими давлату ҳукумати мо кордор нашав! Шояд рӯзе шавад, ки ту ҳам дар назди ҷомеа барои тӯҳмату сангпартоиҳои беасосат ҷавоб хоҳӣ гуфт.

Мардуми тоҷик медонад, ки ту аз бероҳтарини бероҳтаринҳо, безортарини безортаринҳо ва хиёнаткору фиребгартарин дар Осиёи Марказӣ мебошӣ!

Тоҷикистон чунин фарзанди бесавод надорад ва минбаъд низ тавлид нахоҳад кард!

Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида, яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб ёфта, имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст.Эълон шудани соли 2019 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ-ТТЭ ҲНИ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам дар барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Дар иртибот ба ин бояд қайд қард,ки яке аз аъзоёни фирории ТЭТ ҲНИ Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони ў дар Аврупо бо ҳаргуна баҳонаи гапҳои бардуруѓу беасос ва ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Алҳол И.Ёқубов бо баробари роҳбарон худ ба хориҷа паноҳ бурда, мисли сагони дайду овора мегардад ва дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои хоҷагонаш қарор дорад. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили “Пайравони миллии Тоҷикистон” шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар минтақаҳои Аврупо паҳну парешонанд. Итминони комил дорем, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳе наметавонад бо чунин рафтори пасту разилонаи худ нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад. Имрўз фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Дар ин бора хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ андеша кунанд. Набояд фаромўш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолият қарор дорад. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор чун Илҳом Ёқубов, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд ва минбаъд низ ханд бурд.

Мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дотсент Файзиева Сарвар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ