Мардиро аз Пешвои миллат омӯзед!
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, шаби 30-юми апрели соли ҷорӣ бо дахолати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати Fly Erbil аз давлати ҷангзадаи Ироқ ба Тоҷикистони орому осуда ва амну бехатар оварданд.
Аксарияти кӯдакони омвардашуда, чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба майдони ҷанги Ироқ ба воситаи фитнаву фиреб ва даъвати гурӯҳи террористиву экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом кашида шуда буданд. Падарони аксари онҳо кушта, фирорӣ ё беному нишон ва модаронашон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд. Тибқи иттилои бадастомада ҳоло дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик аз сабаби фаъолият доштани худ ва ё шавҳарашон дар сафи ҷангҷӯёни ДИИШ қарор дорнд.
Тибқи маълумоти расмӣ,аз соли 2014 то ҳоло наздики 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакони тоҷик ба қаламравҳои Сурияву Ироқ аз сабаби мағзшӯии ДИИШ рафтаанд. Беш аз 300 нафари фиребхӯрдаҳо ҳини ҷанг кушта ва оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.
Воқеан ҳам хабари баргардонидани кӯдакони бесарпаноҳ мондаи тоҷикистонӣ аз Ироқи оғӯшта ба хуну куштор бори дигар собит намуд, ки мардуму миллати мо воқеан ҳам соҳиб ва сарпаноҳи худро дорад. Ин чиз дақиқ аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як сиёсатмадори мардумпарвар хусусан, дастгири ятимону бепаноҳон аст. ба ин гуфтаҳо як ду мисол на, садҳо мисол овардан мумкин аст. таҳти сарварии ин марди хирад давлату ҳкумати кишвар ҷиҳати фаро гирфтани кӯдакон ба таҳсилот чораҳои дахлдорро роҳандозӣ нмудааст. Бар замми ин, дар ҳар як сафари кории хеш дар шаҳру навоҳии кишвар аз ҳоли кӯдакон хабар мегирад, дасти мадад дароз мекунад. Ин нишонгари сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат аст. Силла намудани сари ятимон амрест, бахайр. На ҳар як шахс метавонад, кӯдакдӯст бошад ва ғами ононродар ҳама ҳолат хӯрад ва ононро ҳамеша бо меҳри падаронаи хеш шоду масрур гардонад.
Аз ин лиҳоз, фитнагароне ки то ба имрӯз ба сӯйи давлату ҳукумати кишвар ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон санги маломат ҳаво медоданду медиҳанд, мардонавор иқрор шаванд, ки ба роҳи хато рафтаанд. Роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, хатост. Агар мард бошанд, иқрор шаванд, ки ин мардумро бо маблағгузории хоҷагонашон ба доми фиреб андохтанианд. Ба бало гирифтор кардан мехоҳанд. Мехоҳанд, ки Тоҷикистон ба хуну оташи ҷанг кашида шавад ва ғам ҳамеша дар кулбори мардуми ин сарзамин бошад.
Мардиро аз Пешвои миллат омӯзед! Омӯзед, ки чӣ гуна шаҳрвандони кӯчаки худро бо истодагарӣ ва дахолати пайваста аз майдони ҷанг ба фазои амну осоишта овардан мумкин будааст.
Латифи Азиз, журналист, ДДХ