Ҳизби хиёнатпеша
Ба ҳамаи шаҳрвандони, ки баъд азпошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон соли 1991 Истиқлолиятро ба даст овард ва мо 28-солагии Истиқлолиятро дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифтем. Аз соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва оқибатҳои ин ҷанг ба куштани одамони бегуноҳ, бародаркушӣ ва Тоҷикистон ба муҳосираи иқтисодӣ дучор гардид. Саркардагони ин ҷанги бародаркуш асосан шахсонебуданд, ки худро пешвои дини мубини ислом муаррифӣ намуда, дар амал дигар корҳоро ба анҷом мерасониданд. Дар майдонҳо бо овози баланд аз номи Худованд, пайғамбарон сухан мекарданд ва мардумро ба гумроҳӣ мебурданд. Сокинон суханони онҳоро бовар карда, муқобили бародар, падар ва фарзандони худ ҷанг эълон намуданд.
Роҳбари давлат дар баромадашон қайд намуданд, ки террорист ва одамкуш дину мазҳаб надорад, барои ҳамин ба гуфтаҳои онҳо фирефта нашавед, ки наслҳои ояндаи мо ҳеҷ гоҳ моро намебахшанд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистон ҲНИ–ро маҳкум карданд, барои он ки солҳои охир роҳбарони ин ҳизб мехостанд, халқро муқобили давлат бархезонанд ва чунин давлати ободу тинҷро ноором созанд, вале мардуми бошарафи Тоҷикистон, ки лаззати гушнагӣ, бародаркушӣ, сарсону саргардониҳоро дар ҷумҳурии Афѓонистони ҳамсоя чашида буд ва дигар вокеаҳои солҳои 1992-1996-ро пеши назар оварда, ба воситаи матбуот ва воситаҳои ахбор баромад намуда, кирдорҳои ғаразноку нопоки ин гуна миллатбезоронро маҳкум намуданд, нолозим будани ин ҳизбро баён намуданд, барои он ки дар Тоҷикистон ҳамаи халқ, мусалмон мебошанд, озодона ба масҷидҳо рафта 5-вақт намози хешро мехонанд
Нисбат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа бетараф набошем .Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯёнро ҳандозӣ мешавад. Бо вуҷуди мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ имрӯз байни ҷомеаи мо афроде низ ёфт мешаванд, ки маърифати таърихиро аз ёд бурдаанд ва ба фарҳанги бегона пайравӣ намуда, аз миллату таърихи хеш бехабарӣ зоҳир менамоянд. Даст задан ба амалҳои номатлуб ба хусус, рӯй овардан ба фарҳанги бегона ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби афроди нобакор, пеш аз ҳама, аз нодида гирифтани ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат сарчашма гирифта, оқибатҳои хатарноку ногувор дорад. Донишҷӯёну устодон дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳамроҳи мақомотҳои қудратӣ муборизаи муштаракро ба роҳ монда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.
Дар давоми андешаҳои болоӣ ҳаминро бояд гӯям,ки яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бо шарафи инсонӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо ҳамагон бояд баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, исломгароию терроризм, радикализм вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро қавӣ гардонем.
Аз номиустодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ