Факултети санъат: Терроризм – садди роҳи рушди босубот
Санаи 25-уми феврали соли 2019 дар маҷлисгоҳи факултети санъати донишгоҳ вохӯрии устодону донишҷӯён бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдва намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштирокчиён шинос намуд ва риштаи суханро ба сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов вогузор намуд. Мавсуф дар баромади худ таъкид кард, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос, муҳимияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири техникии таълим ва ғайра суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳар як омӯзгори факултет аз Паёми пурмуҳтавои Пешвои миллат илҳом гирифта, мебояд барои худ нақшаи мушаххаси фаъолиятро таҳия намояд. Хусусан, эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамаи Тоҷикистониёнро ӯҳдадор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои ҷашнӣ масъулияти шахсиро ҳис намоянд. Баҳри расидан ба ҳадафи нави стратегӣ – саноатикунонии хоҷагии халқи мамлакат устодон зарур шумориданд, ки ба нақшаи таълимии ихтисосҳои мухталифи факултет ва барномаҳои таълимии фаннӣ ислоҳу иловаҳо ворид карда шавад.
Ҳамзамон, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон полковники милиса Саидзода Баҳром Раҷабалӣ дар баромади хеш иброз дошт, ки терроризм зуҳуроти гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусияти равиявию даҳшатангез мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди босуботи ҷомеаҳо мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷумла таъкид намуданд: “Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
Дар фарҷом Бахтиёр Шомирзоев баргузории чунин чорабиниҳоро ба манфиати умум арзёбӣ кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил