Оё ТЭТ ҲНИ фаъолияти худро қатъ наменамояд?
Соли 2019 мисли солҳои пешин дар фаъолияти Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом боз ҳам хусусияти экстремистию террористӣ айёнтар гардида, он боиси бохтҳои сиёсиву маънавӣ гардид.Боиси тазаккур аст,ки ин ташкилот аз ҷониби бисёрташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мисли Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амнияти дастаҷамъи вағайрачун ташкилоти террорестӣ эътироф гардидааст. Мутобиқи маълумотӣ коршиносони хориҷиву дохилисоли 2019 идомаи ба сукут расидан ё хотима ёфтани фаъолиятӣ ТЭТ ҲНИ ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо ба ҳодисаҳои соли сипаришуда нишон медиҳад,ки ҳамаи ҷасту хези роҳбарият ва аъзоёни ин ташкилот .ки дар хориҷӣ кишвар зиндагӣ мекунанд, барои исботи мавҷудияташон ва нигоҳ доштани мавқею мароми худ равона карда шудааст. Ба ҳамаи ин талошҳо ва ҳаракатҳо нигоҳ накарда ташкилоти ҲНИқадам ба қадам мавқеи худро аз даст дода обрӯю эътиборӣ худро байни тоҷикони ҷаҳон ва умуман кишварҳои дунё гум намудааст.
Соли 2019-ро воқеияти аслии фанои сиёсӣ ва сохтории ТЭТ ҲНИ номидан мумкин, зеро, ки дар ин давра ҳам садҳо нафар аз ҳайъати роҳбарикунанда ва аъзоёни қатори ин ташкилоти экстремистӣ чӣ дар хориҷӣ мамлақат ва чӣ дар Тоҷикистон тарки ин ҳизб намуданд.Ҳамаи онҳо ба хатогиҳои худ иқрор шуда, нодурустии таълимот ва фаъолиятӣ ин ҳизбро дарк намуда, мардуми кишварро ба дури аз ин ташкилот даъват намуданд. Дигар бохти ТЭТ ҲНИ он аст,ки дар ҷаласаҳои САХА мисли солҳои пешин баромадҳои ношоистаю бардурӯғи саркардагони Ҳизби Наҳзати Исломро аъзоёни ин созмони бонуфуз фаҳмидамуносибати худро дигар намуданд.Моҳияти террористии ҲНИ борӣ дигар бо факту рақамҳо ва далелҳо тасдиқ гардид ва аз ин рӯ моҳияти вуҷуд ва фаъолияти он дар қаламравӣ кишварҳои Аврупо ба зеришубҳа гирифта шуд.
Дигар бохти сиёсии ташкилоти номбурда он аст, ки сиёсатмадорони бисёр давлатҳои пешқадами дунёмисли ИМА, Фаронса, Олмонхусусияти экстримистӣ ва террористӣ доштани ҲНИ пурра дарк намуда, дар баромадҳои худашон сиёсати пешгирифтаи онро зери шубҳа мегузоранд. Аз соли 2016 Ҳукумати ИМА новобаста аз дархостҳои бисёркарата, ба раисӣ ҲНИ М.Кабири гирифтани роводидро раво намедонанд. Шумораи мамлакатҳо ,сафирон ва вакилони парламенти кишварҳои аъзои САХА, ки муносибати худро ба роҳбарият ва фаъолияти ин ҳизби экстремистӣ дигар карда истодаанд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааства роҳбариятӣ САХА низ мавқеи худро тағир додаистодааст.
Дар мамлакатҳои Аврупо Раёсати ТЭТ ҲНИ ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб нашуда фаъолияти худро ба қисмати Осиёи Марказӣ равона карда,мехоҳанд фаъолияти худро пурзӯр намоянд. Ҳизби наҳзат имрӯз дар ҳудуди ҶИ Эрон ва Афғонистон гурӯҳҳои нави террористиро омода карда истодааст. Ба шаҳодати бевоситаи ин роҳбари собиқи ҲНИ, ҳоло дар лагерҳои террористии Қум, Бумеҳан ва Мозандарон даҳҳо нафар ҷангиёни наҳзатӣ аз тарафи инструкторони эронӣ омӯзиши террористӣ дида истодаанд. А.Сатторов, ки муддати 1 солу 8 моҳ дар ин урдугоҳҳо ба ҷангиёни ТЭТ ҲНИ дарси динӣ додааст, ҳамчун шоҳиди бевосита тамоми ҷузъиёти ин нақшаи шуми наҳзатиён ва хоҷагони онро фош намуд.Аз ин рӯ ба мардумони Тоҷикистон ва хусусан ба ҷавонон зарур аст, ки зиракии сиёсии худро гумнакарда, барои фош кардани амалиётҳои зиддиҳукуматии гурӯҳҳои экстремистӣ, ки ҳоло ҳам дар дохили кишвар амал менамоянд ба ташкилотҳои қудратӣ мусоидат намоянд.
Т.Каримов.