Вақти тавбаи хоинон расидаст...
Одатан, дар арафаи Соли нави мелодӣ ҳар як созмону маҳфилҳо нисбати фаъолияти солонаи худ натиҷабарорӣ менамоянд, ки расман ҳисобот ҳам мегӯянд. Ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти худро воқеибинона таҳлил намуда, онон кӯшиш менамоянд,ки сабабҳои норасогиву камбудиҳоро дарёбанд, то ки ислоҳи саривақтии онон фаъолияти минбаъдаашонро халалдору бесамар насозад. Ин воқеиятро ҳамасола дар анҷоми соли қаблӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки чун анъанаи инъикосгари рӯшани созмону ташкилотҳо мебошад. Барои аъзои созмонҳо, гарчанде ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият ҷаззоб бошад ҳам, бештар аъзои оддӣ ба қисми молиявии фаъолияти созмонашон мароқи беандоза зоҳир менамоянд.
Зеро, танҳо ин манбаъ аз ояндаю дурнамои созмон ва сариштакорию поквиҷдонии сарварон гувоҳӣ дода метавонад. Баръакс, агар сардор баднафсу беҳунар бошад, зарурати ивази он пайдо мешавад. Ин анъанаи одилонаи фаъолияти ҳизбу созмонҳоест, ки сарчашмаи даромаду рафти хароҷоташ ошкоро асту чизи паноҳӣ надорад. Лек, сад афсӯс, ки на ҳама ташкилотҳоро сарварони одилу оқил ва боинсофу шикастанафс роҳбарӣ менамоянд.
Дар ин радиф мехоҳам андешаи холисонаи худро ҷиҳати фаъолияти ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки чун бӯқаламун тез-тез ивази ном мекунад, баён созам. Ин фирқаи ватанфурӯшу ватангадо аввало дар соли қаблӣ ғайр аз ҳарзаю бадгӯиҳо, нигоҳҳои сохтакоронаи эътирозӣ ва ҳамчунин наметавонад чизи дигареро ба ҷаҳониён намоиш ё худ ҳисобот диҳад. Лоақал ин муртадон ба як нафари маъюб чӣ кӯмаке кардабошад, дарёфтан корест мушкил. Бар замми он роҳбари кӯтоҳандешаашон М.Кабирӣ ба ҳаммаслакони худ чӣ тавр мефаҳмонида бошад,ки маблағҳои будубоши онҳоро дар хориҷа кадом хоҷаи ҳаромизода маблағгузорӣ мекунаду онро чӣ хел сарф кардааст? Ин муртадон боре аз ӯ мепурсида бошанд, ки аз ин давлат ба давлатҳоидигар сафар кардани Кабири беимон аз кадом маблағ аст? Шояд аз маблағҳои дар Тоҷикистони обод дуздидааш бошад ё манбаи дигарест ин хароҷотҳоро?
Ва агар Кабирӣ натавонад сарчашмаи маблағҳои воридшудаю сарфнамудаашро чӣ ҳоле бошад пайравонашро?! Ё чун мақоли халқии “Хар ҳамон хар асту тӯқумашро дигар кардааст, ин Кабирииразил” гуфта сафсатаҳои ӯро нодида мегирифта бошанд?! Зеро, танҳо ҳаммаслаконашро симои Кабирӣ мефорад, ба дигар ҷаҳониёнӯ аллакай чун муртаду рӯбоҳи маккор, фиребгару иғвоангези баднафс шинохта шудааст.
Ҳамагон хуб медонанд, ки каҷдилу каҷрафторӣ ва хислатҳои ҳаромигариро танҳо гӯр рост мекунад. Ҳаммаслакони Кабирӣ низ бояд андеша кунанд, ки бо ин хел роҳбари каҷдуму каҷпо куҷо мераванду чӣ мешаванд, ин ватангадоҳои маконгурез?! Вақти он расидааст, ки аз палидиҳо канор ҷӯяду ба Ватани худ баргашта тавба кунанду дар ободии кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор гарданд.
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэколоияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи Бобоҷон Ғафуров”, дотсент Собиров Мурод Собитҷонович