Дӯстиро ҷустучӯ дорем мо...
Дар таърих кишвару мардуми тоҷик бо номи мардуму диёри сулҳдӯсту сулҳпарвар ном баровардааст. Оре, мо ҳаргиз дарду доғи ҷангу хунрезӣ, хонавайронӣ ва бесарусомониро намехоҳем ва ҳамеша бар зидди ин ҳодисаи нангин баромадаем.
Воқеоти чанд вақти охир, гирудори сарҳади байни тоҷикону қирғизон аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда буд. Ҳамагон нигарон буданд, ки оё байни ин ду халқи ҳамсоя душманӣ ё низоъ сар мезанад. Хушбахтона, ба туфайли гуфтушунидҳои сарварони ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон низои сарҳад бартараф гардид. Мардуми маҳалҳои сарҳадӣ акнун беташвиш ва оромӣ ба кору бори худ машғуланд.
Мо, ҷомиаи мардуми тоҷик дар баробари ҷонибдори сиёсати давлату ҳукумати худ будан инчунин ҳавохоҳи сулҳу ҳамкории ин ду ҳамсояи деринаем ва аз халқи меҳнаткаши қирғиз ин иқдомро умедворем ва байти шоири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, сарояндаи сулҳро сармашқи кори худ намуда мегӯем:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Кафедраи забонҳои хитойӣ ва форсӣ, факултети забонҳои шарқ