​Ҳақиқати таърихро наметавон инкор кард

Ҳодисаҳои моҳи декабр, ки бар асари иғвоангезиҳои навбатӣ дар чанд нуқтаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтоданд, дар навбати аввал худ шоҳиди ҳоланд, ки боз ҳам ҷониби Қирғизистон рӯи ҳамагуна аҳду паймонҳои басташуда пой гузошта, ҳадафҳои тасарруфкорӣ ва ғайриқонунӣ аз худ намудани ҳудуди заминҳои таърихан мансуб ба Тоҷикистонро пайгирӣ менамояд. Таҳлили воқеии вазъи ба амаломада ва муносибати мардуми ҳамсоя дар пасманзари рӯйдодҳои охир аз он дарак медиҳад, кибо таассуф амалкарди хилофи қонуни шаҳрвандони алоҳида аз ҷониби мақомоти расмии давлатии Қирғизистон, аз ҷумла мақомоти сарҳадбонӣ дастгирӣ меёбад. Ҷои он ки мардумро ба оромиву таҳкими субот даъват намояд, баръакс ба ҷангу хархаша ва ғасби заминҳои қонунан дар ихтиёри Тоҷикистон қарордошта даъват мекунанд. Масалан,тавре чандин нафар аз шоҳидони ҳодисаи охир дар робита ба шикастани шишаи тирезаи мағоза ва боми нонвойхона дар ҳудуди маҷаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳ дар саҳифаҳои фейсбукии хеш навиштаанд, “соҳибмулки мағоза ва нонвойхона ин иншоотҳоро бо мақсади хизматрасонӣ ва осон кардани мушкилоти сокинони деҳоти наздисарҳадии ҳар ду ҷониб сохта буд ва аз он сокинони маҳаллаи Кӯк-Тош низ истифода мебурданд. Мутаассифона, ба иншооти номбурда таҳти сарварии сарҳадбонони кишвари ҳамсоя хисорот расонида шуд ва субҳи рӯзи 16 декабри соли 2019 амали харобкорона нисбати мошини шахсии шаҳрванд Сафаров Урмониддин низ таҳти роҳбарии командири дидбонгоҳи сарҳадии Куктоши ноҳияи Боткент Султонбаев Мирбек сурат гирифтааст.” Аз ин баёноти шоҳидони ҳодисаҳо равшан мегардад, ки мутаассифона мақомоти расмии қирғизистон дар пушти ин амалиётҳои тахрибкорона қарор доранд ва амалкарди онҳо ишорат ба он ҳам мекунад, ки чунин амалиётҳодар асл аз сӯи мақомоти давлатӣ тарҳрезӣ мешаванд.Мутаассифона воситаҳои ахбори ин кишвари ҳамсоя чунин рафтор ва амалкарди ниҳодҳои давлатии хешро нодида гирифта, баръакс айбро пайваста ба дӯши ҷониби Тоҷикистон вогузор намуда. дар наздиктарин фурсати чунин иттифоқот вокуниш нишон медиҳанд. Бо ин роҳ гӯё ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вонамуд карданӣ мешаванд, ки дар ин амалкардҳо Тоҷикистон айбдор аст. Аз ҷумла, чанд моҳ қабл дар сомонаҳои итнернетӣ мақолаи Жазгул Масолиева зери унвони “Деҳаи наздисарҳадии Лайлак: Чӣ тавр Қирғистон замини худро аз даст медиҳад”ба нашр расид, ки ҳамин ҳангоматалабӣ ва дурӯғу туҳматпарокании намояндагони ВАО-и кишвари ҳамсояро собит намуд. Ҳарчанд муаллиф бо такя бар гуфтори намояндагони мақомоти давлатии ноҳияи наздисарҳадии Лайлак Баймурат Бекмуродов ва намояндаи кенгеши маҳалиии айили Катран Сапаралӣ Барубаев зоҳиран аз оштиву аз хостори ҳеҷ гуна зиддият набудан ҳарф мезанад, аммо аслан аз мақола ва суханони мусоҳибони вай бӯи туҳмату буҳтон нисбат ба мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ки гӯё хостори кашида гирифтани заминҳои ноҳияии Лайлак аст, меояд”. Вале воқеияти таърихӣ ҳамеша хилофи ин андешаҳост, баръакс дар тамоми даврони бештар аз 28 соли соҳибистиқлолии кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба мушоҳида мерасад,ки ҳар муноқишае,ки дар марз иттифоқ афтодааст, бештар ба номи сокинон ва ҳатто мақомоти сарҳадбонии кишвари Қирғизистон рабт мегирад ва ҳатто ин ҳолат дар муносибат ба марзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ борҳо рух додааст. Дар ҳама мавридҳо, ҳатто ҳолатҳое, ки чандин нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ҳамлаи тирбори ҷониби Қирғизистон ҷон бохтанд, таҳаммулпазирии сокинони кишвари мо, ҳатто мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид буданд, зеро мардуми тоҷик, ки аллакай таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро чашидааст, хостори ҳеҷ гуна хилоф ва душманӣ нест. Аммо набояд ҷониби Қирғизистон пайваста аз чунин амалкард истифода намояд.

Таҳлили куллии вазъи сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба ҳаводиси марзӣ аз оғози соҳибистиқлолии кишварҳо баёнгари он аст, ки пас аз фурупошии Шӯравӣ ва эълони истиқлолият дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайвастанд. То ин замон ҳеҷ гуна баҳсе роҷеъ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва заминҳои он мавҷуд набуд, вале якуякбора ба назар мерасад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳе рӯй майдони сиёсат қадам гузоштанд, ки ҳадафҳояшон ангехтани низоъҳои миллӣ дар миёни кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ буд. Аз чунин маврид истифода бурда, бархе фурсатталабон масъалаҳои баҳсноки марзиро ба миёнгузошта, рӯи ҳақиқати таърихӣ хати бутлон кашиданд. Ҳатто дар оғоз аз фурсати ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон истифода намуда, пиёда намудани ин мақсадҳои тасарруфкоронаро пайгирӣ намуданд ва ҳатто дасти хешро то ба марзҳои қадимаи Тоҷикистон бурданӣ шуданд. Маълум аст, ки Ворух ҳаргиз ва дар ҳеҷ замони таърихӣ ҷазираи ба истилоҳ анклав набуда ва нест. Онгуна, ки муаллифони чунин мақолаҳои иғвоангез, ки дар болоаз он ёд шуд, ҳамеша ин даъворо паҳн мекунанд ва бо ин роҳ рӯйрост ҳадафҳои тасарруфкоронаи мардуми хешро ошкор месозанд. Нуқтаҳои дигари марзии гӯё баҳсноки Чоркуҳи Исфара, Овчӣ – Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳаргиз ба ҷониби Қирғизистон тааллуқ надоштанд ва ба таври бармало мушоҳида мешавад, ки баръакс кишвари ҳамсоя хостори рӯйрост тасарруф намудани қитъаҳои заминҳо дар манотиқ аст, вале дарфазои иттилооти Тоҷикистонро айбдор мекунад, ки гӯё хостори аз худ намудани қитъаи заминҳои ноҳияи Лайлак мебошад. Аммо боз ҳам воқеияти таърихӣ чизи дигарро шарҳ медиҳад. Ҳамагон шоҳиданд, ки соли 2005 қирғизҳо бо овардани 50 хонаи маъруф ба финӣ дар муддати 2-3 рӯз ин нуқтаи ҳудуди марзиро аз худ намуда, барои идомаи ҳадафҳои хеш талош намуданд ва ин баҳсҳоро то ба имрӯз кашониданд. Таҳлили амиқи тамоми амалиёти анҷомёфта худ баёнгари он аст, ки агарчӣ созишномаҳои зиёди байнмидавлатӣ ҳатто дар миёни роҳбарони ҳар ду кишвар ба имзо расонида шуд, вале ҷониби Қирғизистон дар аввалин фурсат ин аҳдномаҳоро вайрон мекунанд, ки дар ин раванд дастгирии мақомоти давлатӣ аз онҳо ва даъвати бархе намояндагони он ҳатто ба куштори тоҷикон моро маҷбур мекунад,то ба хулосае оем, ки дар мақомоти расмии кишвари ҳамсоя низ онҳоро дастгирӣ мекунад ва хилофи созишномаҳо амал мекунанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки ин ҳама тахрибкориву тасарруф ҷуз бадномии таърихӣ барои миллат ва давлати Қирғизистон чизеро ба бор нахоҳад овард ва бояд намояндагони расмии дастгири ин гуруҳҳо ин ҳақиқати талхро дарк намояд ва худрову миллати хешро аз шармсории таърихӣ наҷот диҳанд.

Дар баробари ин, танҳо ба хотири шинохти ҳақиқати таърих ашар ба суроғи сарчашмаҳои таърихӣ равем, боз ҳам маълум мешавад, киагар саҳифаҳои таърихро тасаввути аснодиманобеи таърихӣ барқарор намоем, на он харитаҳои таҳришуда, ки аксаран онон дар робита ба тақсимоти замони Шуравӣишорат доранд, ҳақиқати таърихӣ ҷониби кист. Бар асоси ин шинохти ҳақиқати ҷуғрофи таърихӣ ва бидуни ягон таҳрифи таърихӣ ва даъвоҳои беасос, бидуни ягон ангезаи миллигароӣ кутуби арзишманди таърихӣ ва ҷуғрофӣ собит мекунанд. ки дар гузаштаи дур ин минтақаҳо асосан нишемангоҳи тоҷикон будаанд. Ҳатто дар сарчашмаҳои куҳани адабиву таърихӣ номи фарзандони зиёди фарзонаи миллати тоҷик, ки аслан аз ҳамин марзҳо бархоста, дар интишори забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд ва сарзаминҳои дигар нақши муассир гузоштаанд, зикр шуда, ки ҳамагӣ метавонад асосҳо ва шавоҳиде дар таъйини ин ҳақиқатҳои таърихӣ манзур намоянд. Худ агар ба таркиби луғавии номи шаҳри “Боткент” мурур кунем, дар асл он аз вожаи суғдии “Бодканд” берун омада, ба маънии шаҳри бод истифода мешавад. Маълум аст, ки вожаи суғдии “Канд” ба маънии шаҳр бисёр маъруф буд, дар таркиб даҳҳо номҳои таърихии манотиқи тоҷикнишин ҷой дорад, ки яке аз онҳо ҳамин Бодканд дар баробари Панҷаканд, Самарқанд, Мароқанд, Канд ва амсоли ин маҳсуб меёбад. Дар қаламрави таърих, бегумон ягона меросбарони забон ва фарҳанги суғдии марзҳои Фароруд тоҷикон ҳастанд, ки ҳаққи комили соҳиби ин мерос буданро доранд. Нуктаи дигари қобили таъкид он аст, ки Ботканд дар гузашта шомили вилояти Уш будааст. Дар бораи шаҳри Ӯш дар яке аз қадимтарин асарҳои ҷуғрофии асри Сомониён “Ҳудуд ул –олам” дақиқан ба шаҳри тоҷикнишин будани он чунин ишорат рафта: “Ӯш ҷое ободон аст ва бисёрнеъмат ва мардумоне ҷангӣ ва ба барокӯҳ ниҳодааст. Ва бар ин кӯҳ посбон аст ва дидабон аст, ки кофири туркро нигоҳ дорад”. Яке аз орифон ва шоирони номовари тоҷик, ки аслан аз ин шаҳр бархоста, Қутбиддин Бахтиёри Кокии Ӯшӣ мебошанд, ки солҳо дар интишори забону адабиёти тоҷикӣ ва ирфон дар қаламрави Ҳинд нақши муассир гузошта. Донишвароне, ки аз бораи зодгоҳи вай сухан кардаанд, ҳамагӣ ишорате бар ин мекунанд, ки Ӯш қасабае аз Фарғона аз навоҳии Мовароуннаҳр аст. Ҳатто донишварон аз таъсири ашъори ӯ ба Ҳофизи Шерозӣ низ изҳори назар намудаанд. Чандин нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии Девони ашъори тоҷикии ӯ имрӯз дар китобхонаҳои Ҳинду Покистон маҳфузанд. Мавҷудияти ҳазорон аз чунин аснод, ки ба ҳаққи таърихи мардуми тоҷик ишорат мекунанд, барои мо ҳам имконоте фароҳам меоваранд, ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд, бори дигар таъкид мекунам, ки албатта мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надорем, баръакс бо зикри ин матолиб ин нуктаро мехоҳем танҳо изҳор дошта бошем, ки ин ҳақиқатҳои таърихӣ, ки ҳаргиз аз сафҳаҳои хотираи башарият зудуда намешаванд ва ба унвони далоили таърихӣ ҳамеша бо мо ва аз мо ҳастанд. Дар ҳоле, ки бидуни дар ихтиёр доштани ҳеҷ санаду далел барои замину обу хоке, ки он дар асл мутааллиқ ба офарандаи он Офаридгори бузург аст, силоҳ бардошта, зомини рехтани хуни чандин нафар одамони бегуноҳ гардидаед ва имрӯз ҳам бо шеваҳои дигар ин амалкарди хешро идома медиҳед.

Ҳамзамон, набояд фаромӯш кунед, ки мардуми тоҷик тӯли ҳазорсолаҳои таърихии хеш боре ҳам даст ба ғасбу тасарруфи замини бегонагон назадааст ва сарчашмаҳои муътамади таърихӣ милёнҳо шаҳодат дар саҳифаҳои худ сабт кардаанд, ки баръакс дар тасаввуф ва ҳамлаи бегонагон мардуми тоҷик бо матонат, таҳаммулпазирӣ, даъват ба оштиву рафоқату дӯст посух гуфтаанд.Аз ин рӯ, набояд аз таҳаммулпазирӣ ва ҳусни олии нигаҳ доштани суннат ва одоби фарҳанги ҳамсоядорӣ, ки аз қадим хоси тоҷикон будааст, сӯистифода карда, ба чунин амалҳо даст задаву баъдан тавассути воситаҳои ахбори умум, шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштани чунин мақолоти саропо беасос нисбат ба мардуми дӯст ва бародари хеш тӯҳмат занед ва дар пешорӯи дигарон бо таҳрифи ҳақиқат чеҳраи тоҷиконро дигаргуна ба намоиш гузоред. Боз ҳам фаромӯш насозед, ки ҳаргиз номи тоҷик ва мардуми таҳаммулпазири он бо чунин таҳрифкориро доғдор намешавад, балки бо анҷоми чунин амалҳо ва дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ дигаргуна ба намоиш гузоштани онҳо, айбро дар дӯши мардуми тоҷик гузоштан ва таҳрифи ҳақиқати таърих ҷуз ин нахоҳад буд, ки худрову ҳаммиллатони хешро дар пешорӯи таърих ва дар мазҳари мардумони дигар хиҷолатзада хоҳед кард.Ҳанӯзам фурсат ҳаст, ки аз амалҳои мазкури хеш даст кашед ва ҳамон суботу оромие, ки насиби мардуми манотиқи марзӣ буд,халалдор насохта, баръакс аҳолиро бо оштиву фарҳанги ҳамзистӣ даъват намоед. Мардуми манотиқи наздисарҳадии Қирғизистон ҳам дигар набояд фирефтаи даъватҳои муғризонаи чанд аз саркардагони ин муноқишаҳое мисли Роза Усароваҳо, Сапар Айдинаевҳо ва монанди инҳо шаванд, ки амалкардашон ба ҷуз ихтилоф ва душманӣ миёни мардумоне, ки садсолаҳо бо ҳам зистаанд, чизи дигаре нест.

Нуралӣ Нурзод - Муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ