Меҳри Ватан
Ватан! Ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ.
Ту азизтарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо фарзандонат гардидаӣ.
Ватан маконест, ки мо дар он љо чашм ба дунё кушодаем. Он сарзаминест, ки мо нахустқадамҳои худро дар рўи он гузоштаем, аз оби чашмасоронаш нӯшидаем, аз ҳавои софу муаттараш нафас кашидаем. Аз ин рӯ, туро чун модари азиз дӯст медорем.
Ватан сарнавишту қисмати ҳар инсон аст. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.
Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстї ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.
Аз соҳибистиқлолии кишвар 28 сол гузашт. Ҳарчанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд.
Мардум бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдкориву созандагӣ камар баст.
Ин суханони Президент мағз андар мағзи ҷон љой гирифтааст:”Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷиистон аст.”
Мардуми диёри мо меҳнатқарину меҳнатдӯст ва меҳмоннавозу бофарҳанг аст.
Ман ҳамчун як фарди ин кишвари озод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо назари нек менигарам. Ватани мо замини зархезу кӯҳҳои осмонбӯс буда, мардуми оқилу заковатманд дорад. Зеро зодагони ин кишвар ворисони ҳақиқии Исмоили Сомониву Темурмалик, Деваштичу Восеъ, Шераку Муқаннаъ, Рӯдакиву Айнӣ ва МирзоТурсунзода мебошанд.
Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки вањдати халқҳоро мустаҳкам намудан ва кишварро бо мењнати софдилона обод кардан аст. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст. Мо - ҷавонон барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон буда ҳамеша омода бошем.
Нигора Юнусова