Амал аз ният дарак медиҳад...
Дарвоқеъ ин мақоли халқӣ саҳеҳ аст, зеро ҳар касе нияту ҳадафи бад дорад, ҳарчанд таъкид мекунад ва нишон доданӣ мешавад, ки кори дуруст анҷом додан мехоҳад, аммо чун ба кирдору натиҷаи амали он нигоҳ мекунед, асли воқеа баёнгари қасди нопоки онро бозгӯ мекунад. Маълум аст, ки имрӯзҳо дар Варшава ҷамъомади навбатии САҲА баршузор гашта истодааст. Дар расонаҳои хабарӣ аз раванди ин нишаст гуфтугузорҳои зиёд, ҳам аз ҷониби ташхисгарону коршиносон ва ҳам аз ҷониби оммафикру андашаҳо гуфта шуда истодаанд. Аммо ман ҳамчун як шаҳрванд ин моҷароро аз ҳалқаи берун ва бо диққати том ба кору фаъолияти созмондиҳандагони онмушоҳида мекунам ва ба зеҳнам бо як маром импулс ё худ майли нафрат аз ин ҷамъиятҳову созмонҳо пайдо мешавад. Зеро ташкил ва баргузор намудани як нишасти муғризона, бо нияти он ки як гурӯҳ намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистиро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, худро ҳамчун миёнарави сулҳхоҳу некандеш нишон додан, ин макри навбатиест аз тарафи душманону хоинони халқи тоҷик.
На ҳама медонанд, ки хоҷагони хориҷии хоинони миллат дар зери ниқоби адолат худро рӯйпӯш карда, дар асл фитнаҳои гуногунро барои манфиати хеш раво мебинанд. Чун сухан дар ин бобат рафт, хостам ба ҳамагон маълум созам, ки дар Амрикову Аврупо як қатор Институтҳои махсус, ки истилоҳан правокатсионӣ гуфтан мумкин аст, фаолият доранд ва аз тарафи ҳизби Саҳюнистӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Намаояндагони САҲА дастпарварони ана ҳамин Институт мебошанд. Вой бар ҳоли ононе, ки аз иғвои онҳо бехабару кӯркӯрона ба ин ташкилотҳо шомил шуда, намояндагӣ мекунанд. Мисоли барҷастаи амалиёти ин навъ ташкилотҳоро мо дар Украинаву Ливия, Сурияву Ироқ ва инчунин дар Яман диданамон мумкин аст. Зеро чунин ташкилотҳо мақсаду ғарази нопоки худро ба воситаи халқи соддаамалӣ мегардонанд, вале мо набояд аз ин бехабар бошем. Ва нисбати ҳар гуна ташкилотҳои хайрхоҳона, ки дар асл дар зери ниқоби хеш сурату сирати мунофиқона доранд, эҳтиёт бошем. Зеро сулҳу амният, дастоварди бузурги даврони истиқлолият буда, онро қадр бояд кард.
Кормадони Шуъбаи табъу нашр.