Ифротгароии хушунатомез – заволи зиндагии осоишта
Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият ва пешрафту ободии миллӣ дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд. Маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон ва ҷомеаи башарӣ модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ шинохта шаванд. Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрӯз давлатҳои худкома ҳам арзи ҳастӣ доранд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор бигирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷӯ ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.
Аз ин чашмандоз, мардуме, ки дар кишварҳои мухталифи дунё ба амали нагин майлу хоҳиш пайдо мекунанд ва ба ифротгароӣ мегараванд, бидуни дарки аслии моҳияти хостаҳои онон, майлу хоҳиши аз ҳад беши ҷаҳонватанӣ шудани ин гуна кишварҳои худкома ҳадафҳои аслии чунин гаравишро дар нобоварӣ ба равандҳои ҷории кишвари худ, хоса, гӯё нобаробар ва номураттаб будани сатҳи зиндагӣ ва иҷтимоиёти кишвар ба шумор меоваранд ва ба таври носолим фикр мекунанд, ки бо гаравиш ба ин зуҳурот ва дохил шудану пайвастан ба тӯдаи ифротгароён калиди ҳаллу фасли муаммоҳои зиндагиро дарёфт хоҳанд кард.
Дар асл, сатҳи дониши норасо ва мафкураи норасидаи аҳолии камбин ва камдидаи милали дунё имкон намедиҳад, ки онон номатлуб ва норост будани чунин роҳро дарк намоянд ва ба дурустӣ фаҳманд, ки ин гуна гаравиш на калиди аслии расидан ба зиндагии хуш ва матлуб аст, балки ғӯта хӯрдан ба ин гирдоб маънии фурӯ рафтан ба муаммоҳои аз ин ҳам бештари хатарзоро дорад.
Сабаби дигар ва боз ҳам ҷиддитари чунин гаравиш ба ин ботлоқ дар ҷомеаҳои башарӣ гӯё бартарӣ доштану бартарӣ ёфтани ҷаҳонбинӣ ва мафкураи диниву мазҳабӣ аст ва аз назари гаравандагон гӯё танг кардани давлат ва ҳукумат аз ҷойгоҳи дину оини мазҳабӣ ононро ба ин роҳ оварда ва онҳо гӯё дар роҳи дифои ҳақ ва ҳақиқати мазҳабӣ ҷуз рӯйоварӣ ба ин зуҳурот дигар чора надоштаанд.
Бо ин роҳ нафарони гараванда ба амали ифротгарӣ бидуни донишу фаҳмиши амиқи дунёдорӣ ва бо такя ба қазоватҳои норосту носолим ба раванди ҷорӣ ҷиҳод мекунанд ва ин гуна ҷиҳод варзиданро омили аслии пойдор кардани дину оин ба шумор меоранд, дар ин роҳ шаҳид шуданро амри муҳими расидану пайвастан ба даргоҳи ҳақ мешуморанд.
Аз ин ҷиҳат, решаҳои пайдоиши ин зуҳурот дар нобаробарии сатҳи саводу фаҳмиши ҷомеаҳои мухталиф дар масоили мубрами дину оин ва дунявият қарор дорад. Аз назари равоншиносӣ ҳам метавон ба ин натиҷа расид, ки майлу хоҳиши беинтиҳо ва ҳарчи бештари расидан ба аҳдофи мафкураи ҷаҳонватанӣ ё сарварии кулли ҷаҳон будану фармондеҳи мутлақи ҷаҳон будан бархе давлатҳоро усулан водошта, ки ба густариши мактабу ниҳодҳои хосаи ифротгароӣ замина фароҳам созанд ва ба ин ниҳодҳо қувваи фаровонеро ҷалб намоянд. Аз ин нуқтаи назар, набудани қобилияти дарки худкомагии давлатҳои худхоҳу худҷӯ аз ҷониби афроди ҷалбшуда сабаби аслии афзоиши ифротгароӣ гардида, онҳо зери таъсири ин худкомагӣ қарор гирифтаанд. Барои ин гуна равандагон тафовут надорад, ки «террористон ба давлати миллӣ ва миллат бовар надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд». Онҳо инро ҳам намедонанд, ки «террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд». Ин аст, ки равияи мазкур дар асри имрӯз чун хатари ҷиддии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ шинохта шуда, чашми диққату эътибор додану дӯхтани ниҳодҳои байналмилалӣ ва дохиликишварӣ ба ин амали номатлуб ва ҳаллу фасли он низ аз ҳамин хатари ногувор сарчашма мегирад.
Шамил Назарзода