Доир ба пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ оид ба пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ хондани Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ
Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуданд. Ҳар миллат дорои забон, хат ва расму анъанаҳои гуногун мебошад. Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандўстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ҳангоми сафар бо худ ҳатман як каф хоки Ватанро мегирифтанд, то аз Ватани худ нишоне дошта бошанд ва бо ҳамин хумори дидори Ватанро шикананд.
Дигар рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистон шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сўи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофи худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад - ин муқаддасоти Тоҷикистон мебошад, ки яке аз онҳо суруди миллӣ ба шумор меравад. Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сўйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят менамояд.
Садо додани суруди миллӣ ҳангоми оғоз намудани Иҷлосияи тақдирсоз ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсивуварзишӣ ба шахс рўҳу илҳоми тоза бахшида, аз соҳибистиқлолии Ватан дарак медиҳад. Саволе ба миён меояд: “Оё хондани суруди миллӣ дар оғози машғулиятҳои таълимӣ дуруст аст?”
Бале, оғоз намудани машғулиятҳои таълимӣ бо суруди миллӣ ин тарбияи ватанпарастӣ ва ватандӯстист, ки дар яке аз рукнҳои Консепсияи миллии тарбия низ омадааст. Сароидани суруде, ки ифодагари тамоми қувваи созандаву ободкор, пешбарандаву накўкор аст дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бояд ба роҳ монда шавад. Барои он ки ин суруд на танҳо ифодагари истиқлолият, балки муттаҳидкунандаи халқияту миллатҳо, гаҳвораҷунбони дунё, сарчашмаи хушкнашавандаи рўҳу илҳоми нав ба нав, қувваи тақдирсоз, қувваи пешбаранда, таскинкунандаву ҳидоятгар мебошад.
Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ