Изҳороти муаллими кафедраи таърихи Ватан ва археология Шарифов М. оид ба изҳори пушаймонии Шарофиддин Гадоев
(Иқрор шудан низ рафтори мардонагист!)
Чуноне, ки ба мо маълум аст, гурўҳе аз бадхоҳони Ватани азизамон тарки Ватан намуда, дар пуштибонӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии хеш дар мамлакатҳои хориҷа қарор доранд.
Онҳо, ки соҳиби тавафаккури паст ҳастанду ояндаи худро дар ин олам ва охират тасаввур карда наметавонанд, бо тамоми қувва, ки «гўё ҳақ ҳастанд», зидди тоҷикистониён мубориза бурда истодаанд.
Аз байни онҳо имрўзҳо ашхосе низ пайдо шуданд, ки бо гузашти вақт кирдори ғаризонаи худро дарк намуда, пушаймон низ шудааст. Аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, яке аз пайравони Кабирӣ М. муваққатан, ки дар шаҳри Элитхавинги Шоҳигарии Ҳоланд зиндагӣ мекард, ба ШВКД–и фурудгоҳи шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки аз кирдорҳои кардааш самимона пушаймон аст ва ба ватанаш Тоҷикистон баргаштааст.
Бояд гуфт, ки Шарофиддин Гадоев аз соли 2012 то ин вақт аз ҷониби мақоти қудратии Тоҷикистон дар ковтуков қарор дошт. Пас аз фаъолияти қариб ҳафтсолаи хеш аз рафтору кирдори худ пушаймон шуда, нисбат ба хиёнат ба Ватан гузаштани ҷазоро волотар ҳисобид.
Хуб мешуд минбаъд дигар сияҳкорон ва бадхоҳони Ватан чун: Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Саидюнуси Истарвашани, Илҳом Ёқубов ва дигарон мисли Шарофиддин Гадоев бедор шуда, тобеъ мешуданд. Ин кўрнамакҳо фаҳманд, ки онҳо бозичаи он давлатҳои абарқудрат ҳастанд, аз нодонии онҳо истифода бурда истодаанд, мехоҳанд бар зидди модари худ “Ватан” силоҳ бардоранд.
Пушаймон шудан, аз кирдори содирнамудаи худ тавба намуда иқрор шудан низ яке аз хислатҳои мардонагист!!!