Назаре ба таърихи навини тоҷик
Таърихи халқи тоҷик гувоҳи воқеаҳои гуногуни таърихӣ буда, дар тўли таърихи бисёрсолаи худ якчанд марҳилаҳои ҳассоси таърихиро аз сар гузаронидааст.
Агар ба таърихи на он қадар қадими тоҷик назар афканем, мебинем ки дар асрҳои XVIII-XIX ва ибтидои асри XX дигаргуниҳои куллӣ дар таърихи халқи тоҷик ба вуқўъ пайваст, ки яке аз онҳо баъди пош хурдани сулолаи Аштархониён, ба арсаи таърих омаданд сулолаи Манғитиён ва дар ҳамин давра хонигарӣ ва сипас Аморати Бухоро ба давлати пешрафтаи Осиёи Миёна табдил ёфт, бо Россияи подшоҳӣ робитаи хуби дипломатӣ дошт, вале бо сабабҳои объективӣ Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт карда шуда, соли 1868 ба протекторат табдил ёфт. Халқи тоҷик дар ҳамон давра ҳам аз тарафи бедодгариҳои хонҳою бекҳои маҳаллӣ (шўриши Восеъ) ва ҳам аз тарафи помещикони рус азият мекашид.
Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр (1917) дар мамлакатҳои Осиёи Миёна Ҳокимияти Шўравӣ ҷорӣ карда шуд, вале як падидае номатлубе сар зад, ки ин ҳаракати босмачигарӣ буд. Таърихе, ки мо омўхтаем аз он шаҳодат медиҳад, ки он шахсиятҳое, ки ба ин ҳаракат шомил буданд барои баргардонидани моликияти худ ба бисёр кирдорҳои ношоям, аз ҷумлаи ғорат кардани моли мардум, куштор ва дигар ҷиноятҳо даст задаанд. Ҳокимияти Шўравӣ инро бартараф кард, дар тўли қариб 70 соли мавҷудияташ факат беҳтарӣ овард ва дар ин давра дар Тоҷикистон чӣ кадар иншоотҳои бузург, корхонаҳо, НОБ-ҳо, муассисаҳои таълимӣ сохта шуданд. Чӣ кадар одамони барўманди ин давраро мо хуб мешиносем, ки машҳури ҷаҳониён гаштаанд: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров мебошанд ва онҳо дар пешрафти ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҳамон давра нақши муҳим гузоштаанд. Навишта шудани китоби академик Бобоҷон Ғафуров ин яке аз дастовардҳои он давра маҳсуб меёбад.
Баъзе аз расонаҳои хабарӣ маълумот додаанд, ки гўё Бухорои ҳамондавра аз ҳозира Тоҷикистон бартарият дошт. Магар ин дуруст аст? Не. Зеро, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст ва бисёр мамлакатҳо моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва пешрафтаистода мешиносанд ва пешниҳодҳои Сарвари муаззами мамалакатамон Эмомалӣ Раҳмонро мепазиранд. Россия ҳамкори стратегии кишвари мо аст, зеро ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки истиқлолияти моро пазируфтааст ва дар марҳилаи нави таърихӣ чӣ кадар иншоотҳо ҳамҷоя сохта шуданд, ки ин бевосита аз ҳамкории дуҷониба шаҳодат медиҳад. Россия дар бисёре аз мавридҳо Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин тавр ҷавоб мегўяд, ки ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шарикони худро дастгирӣ менамояд ва ҳамеша ба ҳамкорӣ омода аст.
Дар ҳар як Паёми худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд менамоянд, ки Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон кардааст ва ҳамеша пайгири сулҳу рафоқат дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Мо низ халқи Тоҷикистон ин иқдоми Сарвари давлатро дастгирӣ менамоем ва ҳамеша омодаи хизмат ба халқу Ватан ҳастем.
Абдуллоева А.Р. сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ