Ҷавонони Тоҷикистон – таҳкимбахши сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар ҳуҷҷатҳои Созишномаи умумӣ каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтанд ва онҳо поягузори сулҳофарини тоҷикон буданд.
Барои расидан ба ин рўзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандўстон ободу зебо гардонад.
Дар ин раванд нақши ҷавонон хеле назаррас мебошад. Онҳо иштирокчии фаъоли барќароркунии сохти конститутсионӣ ва пойдории кишвар буда, баҳри пешрафти ҷомеаи навин қадамҳои устувор мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Марҳилаи на чандон тўлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳаќиќат миллати созандаву бунёдкор, ватандўсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воќеан муассиридемократӣ, ҳуќуќбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Дар робита ба ин, ба шумо ҷавонони азиз, муроҷиат менамоям, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ-ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дўст доред».
Боиси тазаккур аст, ки идеали ҷовидонии ваҳдатро Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон, 17-уми марти соли 1994 чунин иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидиго ягонагӣ, дўстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад».
Ҷавонони бомаърифати тоҷик ин падидаи муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба он шаклу усулҳои гуногунро истифода бурда, ташаббусҳои навро дар фазои сулҳпарварӣ падидор мекарданд.
Маҳз бо ташаббуси Созмони ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар ҳамин макони бостонӣ Фестивали якуми ҷавонон таҳти унвони «Сулҳ дар хонадони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар лавҳи хотири ҳар як иштирокчӣ наќши махсусе бозида якдилона ҳаводиси муҳими сиёсӣ-Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд».
Чунин як иқдоми нек байни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» ба амал омад.
Дар ибтидои моҳи июни соли 1999 як гурўҳ ҷавонони соҳибдилу фидокори Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» бо ташаббуси гузаронидани чорабинии «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баромад кардаанд.
Мувофиқи нақша Корвон мебоист аз ағбаи Кулма (
Ҷолиби таваҷҷӯҳ ва самаранок гузаштани ин ташаббус, пеш аз ҳама, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буд. 14 –уми июни соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси некро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки барои самаранок гузаронидани чорабинии «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» ёрии амалӣ расонанд.
5-уми июли соли 1999 Корвони Сулҳу Ваҳдат ба роҳ баромад, ки аз ағбаи Кулма ба Хоруғу Кӯлобу Кофариниҳону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану Хуҷанду Исфара гузашта, тамоми манотиқи Тоҷикистони азизи моро, дилҳои пурумеди умедворони якпорчагии миллатро, риштаҳои гусастаро бо ҳам пайваст. МардумКорвони Сулҳу Ваҳдатро дар ҳар макон бо пирӯзиҳо истиқбол мекард. Ба Корвон беҳтарин сиёсатмадорон, арбобони давлат, ҳунармандон, пешқадамони истеҳсолот шомил буданд. Корвон аз 20 шаҳру навоҳӣ гузар кард. Сафи корвониён аз 3 нафар ба 240 нафар расид. Даҳҳо базмҳои дӯстию якдилӣ баргузор гардида, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ҳама қувваҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ қабул гардид.
10-уми июли соли 1999 Корвон вориди шаҳри Исфара шуд. Дар осоишгоҳи «Зумрад» конфронси V байналмилалии илмӣ-амалии «Раванди сулҳ дар Тоҷикистон: ваҳдат ва кафолати раванди сулҳ» баргузор гардид. Маърӯзаю гузоришҳои профессорон Расул Ҳодизода, Атахон Сайфуллоев, Усмонҷон Ғаффоров ва дигарон ба мавзӯъҳои «Аҳамияти башардӯстонаи Шоҳроҳи Ваҳдат», «Мавзӯи ваҳдат дар адабиёти классикии тоҷик», «Роҳи Ваҳдат омили хештаншиносӣ», «Забон ва Ваҳдат», «Оид ба ҷараёни бозгашти гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Давлати Афғонистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Саҳми Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комёб шудан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» бахшида шуда буданд.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ доир ба масоили сулҳи воқеӣ, ваҳдату хештаншиносии тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас пешкаш намуд. Тавсияҳои пешниҳодшуда, бешубҳа, дар мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ, дӯстӣ, сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Намоишҳои ҳунари мардумӣ таҳти унвони «Президент кафили сулҳ ва ваҳдат» хеле ҷолиб буданд. Офаридаҳои кулолгари номӣ Сафарбой Соҳибов, асбобҳои сохтаи Табаралӣ Файёзови ҳисорӣ, бузаки бозингари Усто Ғуломи ховалингӣ ва даҳҳо ҳунармандони асил ба ҳусни намоишгоҳ ҳусни нав зам менамуданд.
Нуқтаи кулминатсионии Барномаи Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат таҷлили Фестивали якуми ҷумҳуриявии сурудҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – меҳани ягонаи мо» дар Кохи фарҳангии «Шифокорон» буд. Бе муҳобот бояд зикр намуд, ки баъди паси сар кардани кашмакашҳои сиёсӣ бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин фестивали пуршукӯҳ гузаронида шуд. Дар фестивали мазкур зиёда аз 40 нафар ҳофизон аз шаҳру ноҳияҳои кишварамон ширкат варзиданд. Ин фестивал пайвандгари наслҳо гардид. Намояндаи насли калонсолони ҳофизонро Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикиситон Карим Қосимов, насли миёнаро Шараф Азизов, насли ҷавони ҳофизонро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саида Замонаваю ҳофизи хушилҳом Исроил Файзиддинов ва дигарон муаррифӣ менамуданд.
Корвони Сулҳу Ваҳдат тавонист, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, тарғиби ғояи дӯстӣ, паҳлӯҳо, ҳадафҳо ва натиҷаи ниҳоии неки онро ба дилу дидаи мардуми саросари ҷумҳурӣ расонад. Ҳама аҳли Корвон, ситоди Корвон – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат», ки бо иштироки аҳли тадорукот ва сокинонимаҳалҳо бо садҳо ҳазорон ва тавассути васоити ахбори умум ба миллионҳо расид, дар ин кори бузург саҳми босазо гузоштанд.
Корвони Сулҳу Ваҳдат вақте, ки сафари худро аз ағбаи Кулма шурӯъ намуд, як мушт хокро дар кӯзаи шикастае, ки рамзи парокандагии Тоҷикистон буд, андохта ба худ гирифт.
Аҳли Корвон раҳораҳ аз ҳама маҳалҳои ҷумҳурӣ зарра-зарра хоки ватани моро гирд овард, ки аз он устоҳои гулдасти Исфара кӯзаи нақшини зебое сохтанд ва он ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номида шуда буд. «Кӯзаи Ваҳдат»-родаррӯзи Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон дар ҳузури вакилон ва меҳмони ҷашн мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев ва сорбони Корвон Абдуғанӣ Маҳмадазимов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти ба худ хос «Кӯзаи Ваҳдат»-ро қабул карда, онро бӯсида изҳор намуд: «Ин кӯза аз хок нест, тиллост! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!».
Кафкӯбии тоҷикони олам бори дигар ин суханҳои Сарвари давлатро тасдиқ намуданд. Дар ҳақиқат, барои одамони некхоҳ, ватанпарастони асил, фарзандони бонангу номуси миллат тамоми хоки Тоҷикистон зари ноб, маъвои нишоту ҳаёти музаффарона аст.
Ин лаҳзаҳои фараҳбахшро ҳамсафари Корвон, адиб ва олими маъруфи тоҷик Атахон Сайфуллоев дар шеъри «Кӯзаи Ваҳдат» моҳирона тасвир намудааст:
Кӯза чун хуршед дар дасти раис,
Сар ба сӯи чархи гардун мекашид.
Гӯиё тоҷик ба истиқболи бахт
Ҳамраҳи Сардори миллат мерасид.
Айни замон «Кӯзаи Ваҳдат» чун нигораи нодир Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзодро оро медиҳад.
Нахустсафари Корвони Сулҳу Ваҳдат дар ҳақиқат як воқеаи таърихӣ буд.
Ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шуълаи умеди созмондиҳандагони Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдатро фурӯзонтаргардонид ва онҳо қарор доданд, ки соли 2000-ум сафари навбатии Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сурат гирад.
Ҳангоми тарҳсозии барномаи сафари навбатии Корвони Сулҳу Ваҳдат таҷрибаи созмондиҳӣ ва гузаронидани Корвони нахустини Сулҳу Ваҳдат мадади калон расонид. Аз муваффақиятҳою камбудиҳои он хулосаҳои даркорӣ бароварда шуданд. Баъди омодагии пухта Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим - Шоҳроҳи Ваҳдат», Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар моҳи июни соли 2000 бахшида ба Рӯзи Ваҳдат ва Соли Фарҳанги сулҳ гузаронидани Корвони дуюми Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат ташаббуси нав нишон доданд. 20 –уми апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро дастгирӣ намуд.
Ҳамкории дуҷонибаи байни ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Кумитаи тадорукоти Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат имконияти васеъ фароҳам овард, ки барномаи мушаххаси Корвон мураттаб гардад.
Ҳаракати Корвон аз самтҳои зерин сурат мегирифт:
- Самти Шарқӣ (роҳбар А.Маҳмадазимов): Ағбаи Кулма-Мурғоб-Хоруғ-Рӯшон-Ванҷ-Дарвоз-Шӯробод-Кӯлоб-Данғара-Кофарниҳон;
- Самти Шимолӣ (роҳбар В.Набиев): Исфара-Конибодом-Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд-Ҷаббор Расулов-Нов-Ғончӣ-+ротеппа-Шаҳристон-Айнӣ-Варзоб;
- Самти Ҷанубӣ (роҳбар М.Ализода): Панҷ-Қурғонтеппа-Ғозималик-Ленин;
- Самти Ғарбӣ (роҳбар Н.Ясинов): Турсунзода-Шаҳринав-Ҳисор.
27-уми июн – Рӯзи Ваҳдат Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат вориди пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мегардид. Аз чаҳор самт ба Душанбе воридшавии Корвон маънии амиқи рамзӣ дошт ва ба маврид аст, ки ба гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ намоем: «Агар фарзанд бо номи падар ва гузаштагони бузургаш фахр кунад, воқеан ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор намояд. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи дубораи миллати тоҷик, хонаи умеди ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ин гаҳвораи зиёбахш ба истиқболи фарзандони вафодор ва сарсупурдаи миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҷумҳурӣ оғӯш кушода, онҳоро бо кулбаҳои фақирона ва кӯчаҳои хокфаршаш пешвоз мегирифт. Ба ин шаҳраки хурду назарногир, ки ҳатто номаш дар харитаи дунё сабт нашуда буд, аз чаҳор самти пойтахт арбобони илму санъат, шоирону нависандагон, ходимони давлатию сиёсӣ, шаҳрсозону меъморон, хуллас фарзандони бедордили модари тоҷик ва дигар миллатҳо гирд меомаданд...
Чаҳор дарвоза аз чаҳор самти Душанбе барои онҳое, ки давлату давлатдорӣ ва пойтахти тоҷиконро обод кардан мехостанд, кушода буд
...Душанбе ба амри таърих ба шаҳри дӯстию бародарӣ, шаҳри иттиҳоду якдилӣ ва хонаи ваҳдати воқеии фарзандони ҷонии миллати тоҷик бадал гардид».
23-юми июни соли 2000 Корвони самти Шарқӣ аз худи ағбаи Кулма ба роҳ баромад. Корвони дуюм- Шимолӣ, рӯзи дуюм аз шаҳри Исфара роҳ сар карда, сӯйи пойтахти мамлакат шитофт. Сипас, ҳам Корвони Ҷанубӣ ва ҳам Ғарбӣ ба роҳ даромаданд ва бегоҳии 26-уми июн ҳамаи чор Корвон дар ноҳияҳои ба пойтахт наздик қарор гирифтанд. Субҳи 27-уми июн ҳар чор Корвон ба назди чор дарвозаи рамзии шаҳр расиданд ва дар чорабиниҳои идонаи умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд.
28 –уми июни соли 2000 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирокчиёни Корвонро қабул кард ва дар суханрониаш ба нақши Корвон дар тарғиби комёбиҳои сулҳхоҳонаи Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон, ки ба мустаҳкам намудани сулҳу ризоият, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ягонагии ҳамаи сокини Тоҷикистон равона шудааст, баҳои баланд дод.
Аҳли Корвони Сулҳу Ваҳдат ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои гуногуни кишвар сангҳои қимматбаҳоро ҷамъ намуда аз онҳо Нишони (герби) Тоҷикистонро кошинкорӣ намуд. Сарварони Корвон Нишони Тоҷикистонро ба Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов супорида хоҳиш намуданд, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намояд.
Боиси зикр аст, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуда буд. Иштирокчии Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сиёсатшинос, узви Маркази Хуросоншиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон Мӯҳсин Шоначӣ ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Исфара чунин иброз дошт: «Хоҳарон ва бародарони азизам! Дуруд мегӯям ва салом мекунам. Замоне ки ман дар Эрон аз радио ва телевизион ахбори ҷангҳои дохилии Тоҷикистонро мешунидам, борҳо гиристам, борҳо ашк рехтам ва аз худ бипурсидам: чаро дар ҷаҳоне, ки ба сӯи сулҳу ваҳдат меравад насиби мо кишварҳои форсизабон – Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҷанг аст ва бародаркушӣ?
Солҳо буд, ки дар Тоҷикистон ин ҷанги бародаркушӣ буд, дар Афғонистон ҳам буд, дар Эрони мо ҳам буд. Ҳашт сол мо бузургтарин ҷангро пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм пушти сар гузоштем. Ба ҳар ҳол ҷанг дар Эрон поён гирифт. Мушкилоти дохилӣ ба поён расид. Дар Тоҷикистони азиз ҳамчунин шуд. Ва дар ин чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, боз ашк мерехтам дар хилвати худам. Ин ашки шӯх, ашки шӯхи шодии ваҳдат, сулҳ ва бародарӣ дар Тоҷикистон. Ман умедворам, рӯзе дар Афғонистони азиз дар мисли Тоҷикистону Эрон Сулҳу Ваҳдат, бародарӣ мустаққар шавад. Ман умедворам, ин се миллати форсизабон даст ба дасти ҳам пешгоми ҳамаи мутамаддини ҷаҳон бошанд.
Ҳамчунон ки ҳазорон бор гӯям: Ман ба мардуми Тоҷикистон ифтихор мекунам. Тоҷикистон ифтихори форсизабонони ҷаҳон аст ва паёми сулҳу дӯстии шуморо ба Эрон мебарам. Умедворам, сулҳу ваҳдат, некӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон ҳулбӯе бошад барои ҷаҳон».
Иқдоми паёмрасонии Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат мавриди ҷонибдорӣ дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гардид ва номаи сипоси мудири омили Маркази Хуросоншиносии Остони Қудси Разавӣ доктор Маҳдӣ Ҷалилӣ далели гуфтаҳоянд: «Ҷаноби оқои дуктур Ваҳҳобҷон Набиюф мушовири мӯҳтарами Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо салом, эҳтироман бад-ин васила аз заҳматҳо ва талошҳои арзандаи ҷаноби олӣ ва дигар дӯстони тоҷик дар тӯли сафари оқои дуктур Мӯҳсин Шоначӣ узви ин Марказ ба Тоҷикистон барои ширкат дар барномаи Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сипосгузорӣ мешавад. Бе шак, барномарезӣ ва тадоруки ҷашнвораи миллии мардумӣ бо унвони Корвони Сулҳу Ваҳдат иқдоми муассир ва арзанда буд, ки бояд онро ба Шумо ва давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт. Умед аст, ки ҳамкориҳо ва талошҳои муштараки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дар густариши пайвандҳои дӯстӣ ва кӯмак ба сулҳи ҷаҳонӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо беш аз пеш афзоиш ёбад».
Санаи 14-25-уми июни соли 2002 маъракаи сиёсии «Корвони III Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гузаронида шуд.
Боиси сарфарозист, ки чорабиниҳои асосии Корвон дар вилояти Суғд баргузор гардиданд. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «Нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон» олимону сиёсатмадоронро гирд овард.
Фестивали III ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Мо оилаи ягонаем» дар Қасри Арбоб барпо гардид ва хеле хотирмон буд. Ҳайати доварон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба маҳорати ҳофизону мутрибон баҳои сазовор дода, ҳафт Ахтари фестивалро муайян карданд.
Қолини мунаққаш бо нишони «Шоҳроҳи Абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат», ки маҳсули қолинбофони моҳири қайроққумӣ буд осорхонаи Корвонро зеб бахшид.
Солҳои минбаъда ин иқдоми нек идома ёфт. Корвони IV Сулҳу Ваҳдат моҳи июни соли 2006 намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлолро баҳри тарғибу ташвиқи роҳи бунёдкорию созандагӣ, ваҳдати миллӣ гирд овард. Чорабинии ниҳоии Корвон дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбаст гардид.
Дар навбати худ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иќдоми дар соли 1999 оѓоз намудаашро идома дод. Бо ибтикори Кумита аз 30-юми август то 1-уми сентябри соли 2000 дар шаҳри Хоруѓи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Фестивали дуюми дўстии ҷавонони Тоҷикистон таҳти шоири «Баҳри сулҳ ва дўстии ҷавонони Тоҷикистон» гузаронида шуд. Фестивали мазкур ба соли байналмилалии Фарҳанги Сулҳ, нўҳумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 75-солагии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахшида шуда буд.
Баргузор шудани Фестивали дуюми ҷавонони Тоҷикистон дар саҳифаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.
Чорабиниҳои Фестивал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, боғи ботаникӣ, афрўхтани гулхани дўстӣ ва пазироии мардуми Роштќалъа, саёҳат ба ноҳияи Ишкошим ва аз мавзеи муќаддаси «Гармчашма» дидан кардан, зиёрати «Чашмаи Носир» ва гузаронидани семинарҳо дар бинои Ҳукумати Хоруѓшаҳр ба амал омад.
Махсусан, гузаронидани семинар дар мавзўи «Сулҳ дар Тоҷикистон» хотирмон буд. Маърўзаҳои муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ашўров, сардори Идораи робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии Кумитаи мазкур Ҷ. Юнусов, раиси Ассотсиатсияи сарварони ҷавонон Ф. Баротов дар мавзўъҳои «Наќши ҷавонон дар инкишофи раванди сулҳ дар Тоҷикистон», «Сулҳ дар Тоҷикистон:ҳолат ва пешомадҳои он», «Ассотсиатсияи сарварони ҷавон ва наќши наврасон дар ҷараёни таҳкими сулҳ» хеле диќќатҷалбкунанда буданд.
Иќдомҳои неки ҷавонон бо ҳусни ќубҳи тоза идома меёфт. 4 –уми апрели соли 2001 дар шаҳри Кўлоб бахшида ба 10-солагии Истиќлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивалӣ дўстии ҷавонон таҳти унвони «Торҳои дўстӣ»-и Кўлоб ва Бадахшон барпо гардида буд.
Бо ибтикори Идораи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати вилояти Суѓд низ дар моҳи июни соли 2001 муддати якчанд рўз фестивали ҷавонони вилоят дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид. Ба ҳайати иштирокчиёни фестивал ҷавонони лаёќатманди вилоят аз ҳисоби Шўроҳои олимон, шоирон, эҷодкорон, ҳифизон, ҷурналистони ҷавон ва ғайраҳо шомил буданд.
Корвони ҷавонон зимни сафари худ аз рўи нақша ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои мадании минтаќа, Оромгоҳи Муҳаммад Башоро ва хона-музейи устод Лоиќро дар ноҳияи Панҷакент, оромгоҳи шоири муќтадири қарни Х1Х Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар ноҳияи Айнӣ зиёрат намуда, бо ҷавонон ва аҳолии води Зарафшон суҳбату мулоқотҳо орост.
Ҷавонони вилоят аз шаҳру навоҳии мухталиф бодарки самараи неки ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистон дар ҳама ҷо корвониёнро чун рафиќони дерина ва бародарони ҳамтан оѓўш гирифта, бо ҳамдигар раќсу бозӣ ва сурудхонӣ мекарданд. Махсусан, муҳаббати сокинони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ хеле самимӣ буд. Зеро баъзеи онҳо мутаҳайирона ба таъкид мегуфтанд, ки чунин дидорбинию ташриф ва таваҷҷўҳи роҳбарияти вилоятро ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ҳатто дар замони Шўравӣ дар хотир надоранд.
Ҳамин тавр ҳаёт собит намуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиќлол вориси сазовори сулҳофарини миллат мебошад.
В. Набиев, д. и. т., профессор