Ифтихорам Тоҷикистон

Боиси хушнудист, ки Тоҷикистони моро сар то сари ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Зерокишвари мо бо фарҳанги волояш ва мардуми меҳмонавозу ҳунармандаш машҳури дунё гаштааст. Чанде пеш дар ЮНЕСКО Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Зимни сафарашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса аз ташкил ва баргузории ин намоиш нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикисто миннатдории худро баён намуд.

Зимни суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи оламшумули тоҷикон, ойину суннатҳои миллӣ, маданияти китобдорӣ, пешбурди илму фарҳанг ва хизматҳои шоистаи фарзандони баруманди халқи тоҷик дар рушду пешрафти тамаддуни умумибашарӣ, андешаронӣ карданд.

Ҷоизи зикр аст, ки Тоҷикистон то ба имрӯз бо ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлили ҷашну санаҳои муҳимми таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардидаанд.

Яке аз онҳо ҷаҳони кардани ҷашни Наврӯз,таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ мебошанд, ки намунаи барҷастаиҳамкориҳо бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад.

Бояд донист, ки Тоҷикистони мо рӯз то рӯз шукуфону бонуфузтар шуда истодааст, ки ин ҳама бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами амали шуда истодааст. Мо бояд шукр кунем, ки дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебарем ва ҳаргиз нагузорем, ки ин оромии мо аз ҷониби нохалафону хоиноне, ки оромии моро чашми дидан надоранд вайрон шавад. Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри ободиву оромиикишвар камари ҳиммат бубандем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ