​Нақши Истиқлолият дар баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон

Дар шароити муосир ягон хел вазифаи муҳим нисбат ба вазифаи ташаккули ватандўстӣ вуҷуд надорад. Ҳатто аз ин ҳам дида дигар вазифаи мураккабтар вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин ба ҳар як мурабӣ ва тарбиятгар лозим меояд, ки ба таври мақсаднок идеологияи шахсии худро дар бораи тарбияи ҳиссиёти дустдорӣ ба Ватан фикр карда барояд. Дар ин асос шахс метавонад фикру ақидаҳои зеринро ҷой намояд. Худи тарбиятгар бояд ватандўсти ҳақиқӣ, боваринок бошад ва тавонад, ки дарси ватандўстиро пеш барад ва тавассути корҳои мусбии баанҷомрасонидаи худ инро бояд исбот кунад ва ба вай эътиқод бандад. Омўзгор ватандўсти якум дар мактаби таълимӣ ба шумор меравад.

Дўстдорӣ ба Ватан – ин ҳиссиёти бештар, завқи табиӣ ва беихтиёронаи инсон мебошад. Ватанро мисли волидайн интихоб намекунанд. Аз ин ҷо мо бояд чунин фикрро ба ёд орем: хуб аст ё ин ки бад аст ин Ватани ман мебошад. Ва дигар Ватан барои ман вуҷуд надорад. Ҳиссиёти дўстдорӣ ба Ватан на танҳо барои шахс фахр мебахшад, балки ғамхорӣ нисбат ба вай мебошад. Бояд аз рўи ватани худ мо доимо фахр намоему онро ҳифз намоем. Одамон мафҳуми ватандўстиро ба таври гуногун дарк менамоянд: яке тавассути табиат ё ин ки санъат, дигаре тавассути таърих, сеюмин тавассути дину мазҳаби миллиаш ва касе дигаре тавассути хизмат дар сафи артиши миллӣ. Мушкил аст, аммо тарбиятгар барои дили ҳар як шогирдаш як роҳҳи хурди ватандўстиро ёбаду дар вай ҷой намояд.

Мисолҳои мушаххаси фаъолияти зиддидавлатию зиддимиллиро аз ҷониби шахсиятҳои манфиатдор таърихи халқҳои ҷаҳон, бахусус халқи тоҷик ба таври кифоя дар ёд дорад.

Табиист, ки ҳар афсару сарбозе, ки аз гузаштаи пурифтихори худ огоҳ аст ва сарнавишти родмардону қаҳрамонон, сарлашкарону сипаҳсолорон, мероси ҳокимону фарзонагонро сармашқи зиндагонии равшани маънавии худ қарор медиҳад, ба роҳи ғалат нахоҳад рафт.

Зарур аст, ҳамчунин номҳои қаҳрамонону лашкаркашони бузургро (Томирис, Шерак, Фрада, Спитамен, Муқанаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон) ба ёд орем, ки фидокорона Ватани худро ҳимоя намудаанд ва бар муқобили ҳама гуна таҷовузкориҳои бегонагон сар бардоштаанд.

Масалан, яке аз генерал – губернаторони кишвари Туркистон А. Н. Куропаткин дар хотираҳояш овардааст: «Мо 50 сол халқи таҳҷоиро аз пешравӣ маҳрум сохтем, онҳоро аз мактаб ва ҳаёти русӣ дур мондем… афсус, ки мо натавонистем аҳолии бегонаҷинсро ба хизматгорони фақирулҳақири император табдил диҳем».

Барои ҳалқҳои Туркистон ин таърихи муборизаҳои шуҷоатмандию далерона, ҳимояи сарзамин, давлатдорӣ ва истиқлолияти худ буд. Таърихнигори машҳури рус Н.И. Веселовский дар бораи ин воқеа навиштааст: «Ана акнун идоракунии ҳарбии ҳақиқӣ…мо фикр мекунем, ки тамаддунро ҷорӣ карда истодаем, мо фикр мекунем, ки ба зердастони худ сулҳ, тинҷию оромӣ ва бехатарӣ овардем… Аммо аз ин ҳам манфиати баланд аст, аз ҳама баландтар - ин миллият, ҳисси миллӣ … Мо бояд аз аҳволи зердастон бохабар бошем, ҳолати мусулмононро донем… Марги сиёсӣ вазнин аст ва боз марги миллӣ вазнинтар мебошад. Аммо дар даврони ҳукмронии мо онҳо маҳз маҳкуманд. Мумкин аст, ки миллиятро ба ягон беҳбудӣ, хушҳолӣ иваз намоем? Лозим аст дар ҳайрат монем, ки яку якбора ба муқобили давлатдории мо даргириҳо ва ҷилоҳо истодагарӣ менамоянд?... Ҳаст таваҷҷуҳҳои миллие, ки ба берун мебароянд, нигоҳ накарда ба он, ки мардум серу пур аст, тани пушида аст ё не… Ҳаракатҳои зиддимустамликавии аҳолии Туркистон намоиш доданд, ки истиқоматкунандагони Туркистон бо аз даст додани давлатдорӣ ва истиқлолияти худ розӣ нестанд, ки барои ин хунрезӣ карданд ва ҳазорҳо пайравону ҳамфикрон ва ҳамватанони онҳо ҷон бохтанд».

Дар солҳои 90-уми асри ХХ авлавиияти асосии ислоҳоти мактабӣ ҷорӣ намудани характери башардўстии таълим ва арзишҳои умумиинсонӣ, озодӣ дар таълим ба шумор мерафт, ки бевосита аз дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад. Лекин ивазшавии сохтори сиёсии мамлакат ба он мусоидат намуд, ки арзишҳои ватандўстӣ аз ҷониби гурўҳҳои қатъикоронаи чапу рост ба монополияҳои худ табдил дода шуданд. Ҳамчунин дар ин давраи дигаргуншавии фазои сиёсӣ, оқибатҳои ноустувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ як қисми ҷавононро аз фазои сиёсии мамлакат дур монд.

Новобаста ба ҳаёти осоишта гузаштани ҷомеаи Тоҷикистон, дар оғози даҳсолаи дуюми қарни мо шумораи муайяни шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба таври кушод дар фазои иттилоотӣ муносибат ва фикрҳои манфии худро бо ташвиқу тарғибот равона намуда, ба амалҳои ифротгароӣ, хусусан амалиётҳои ҳарбӣ минтақаи Шарқи Наздик иброз медоранд, ки ҷомеаи башариро ба таҳлука овардааст.

Чунонкимушоҳида намудем, вазъи ҷаҳони муосир бар асари кўшишҳои азнавтақсимкунии дунё ва дар ин замина шиддат гирифтани бархўрдҳои геосиёсию геоиқтисодӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб рўз то рўз печидаву пешгўинашаванда гардида истодааст.

Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои экстремистӣ қарор гирифта, шумораи ҳалокшудагон бар асари чунин аъмоли харобиовар ба садҳо ҳазор нафар ва зарари моддии он ба садҳо миллиард доллар расидааст.

Мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромўш намекунем. Лекин, дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонда истодаанд.

Бо вуҷуди он ки кўшишҳои аз байн бурдани давлату миллати мо дар тўли таърих борҳо такрор ёфтаанд, вале маҳз хислати бузург, яъне ватандўстӣ мардуми моро аз нестшавӣ нигоҳ доштааст. Бо ин мақсад, ҳамаҷониба омўхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш – қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Маҳз талошу кўшишҳо, ранҷу заҳматҳои шабонарўзӣ ва эҳсоси миллатдустиву ватанпарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз Тоҷикистон дорои Артиши миллӣ, Қушунҳои дохилӣ ва сархадӣ, Гвардияи миллӣ гардида, онҳо соҳиби пойгоҳи пурқуввати моддиву техникӣ ва низомӣ мебошанд ва манфиатҳои давлату миллатро дар сатҳи баланди касбӣ ҳимоя мекунанд.

Имрўз бештар дар зери таъсири фарҳанги умумӣ дар мадди аввал дар соҳаи маориф, баробар ба ин дар соҳаи ҳарбӣ проблемаи тарбияи ватандўстӣ ба миён гузошта шуд. Ин амалҳо дахл дорад на танҳо ба омодакунонии кадрҳои ҳарбӣ, ё ин ки маълумоти ҳарбӣ – дар маҷмўъ ба масъалаи ватандўстии аъзоёни ҷомеа.

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзўр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд.

Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардўст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамояд. Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохўрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин доимо маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Давлат ва ҷомеа дар ҳама давру замон дар мунтазамнокӣ ба иҷро намудани функсияҳои ташкилотҳои ҳарбии худ таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд. Таҷриба дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки дилхоҳ муносибатҳои бамувофиқанадаровардашуда миёни давлат, ҷомеа ва Қувваҳои Мусаллаҳ ба кулли организмҳои иҷтимоӣ хатари амиқро ба вуҷуд меоварад. Қурбониҳои зиёди инсонӣ дар ду ҷанги ҷаҳонии асри ХХ, мухолифатҳои сершумори ҳарбӣ ва зиддиятҳои мусаллаҳона, ҳамчунин воқеаҳои солҳои охир, яъне амалиётҳои ҳарбӣ ба муқобили терроризми байналхалқӣ, талаб менамояд, ки баҳри бехатарии ҳаёти башарият тавассути роҳҳо ва муносибатҳои нав ҳал карда шаванд.

Бехатарии маънавии ҳарбӣ имрўз бештар аз имконоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа ва давлат, қобилияти вай барои қонеъ намудани маҷмўи манфиатҳо ва таваҷҷўҳҳои боэътимоди хизматчиёни ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Натиҷаи ниҳоӣ ин бештар сатҳи имконотҳои маънавии ҳайати шахсии артиш доир ба ҳимояи мамлакат ва халқ аз таҳдидҳои имконпазир ва ба ин монандро муайян месозад.

Ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон нишон доданд гарчанде, ки дар замони муосир технология дар ҳама соҳа нақши муҳимро мебозад, аммо вай кулан наметавонад вазъиятро ба таври пурра тағйир диҳад, агар мақсади вай пурра нобуд кардани душман набошад. Ҳарбиёни амрикоӣ дар бисёр ҳолатҳо тамоми муҳиммиятро аз вусъатдиҳии иҷтимоӣ, сиёсӣ, қабилавӣ ва шабакаҳои фарҳангӣ дар сарзаминҳо ва марзу бумҳои забткардашуда дарк сохтанд. Дар Ироқ бо командаи амрикоӣ доир ба «амалиётҳои психологӣ», ҳамчунин, методҳои беҳтарини пешкашкунонии ҷангҳои иттилоотӣ мансуб мебошанд – масалан паҳнкунонии 28 миллион ибора – варақаҳо, яъне ададҳои нашриявӣ дар миёни аҳолии Ироқ дар соли 2003, ки бо ин васила чи тавре, ки ҳарбиёни амрикоӣ мешуморанд, ҳазорҳо сарбозони Ироқӣ ба таври ихтиёрӣ ба ҷониби қувваҳои коалитсионӣ гузаштанд.

Вобаста кардани таърихи гузашта ба замони ҳозира барои дарки воқеаву ҳодисаҳои кунунӣ кўмак расонида, дар мисолҳои бойи таърихӣ наслҳои нав ба камол расида, барои оянда заминаи хуб омода месозанд. Донишҳои таърихӣ дар ҷустуҷўи роҳи беҳтарини ҳаёти ҷамъиятӣ, эмин будан аз хатогиҳои гузаштагон саҳми арзанда дорад.

Барои наздикнамоии қишрҳои мухталифи ҷомеа шарикии иҷтимоии асосиро доир ба масъалаҳои тарбияи ватандўстӣ бояд бунёд намуд. Мувофиқ ба таҳлилҳо асоси тарбияи ватандўстии ҷавонон бояд дар асоси омилҳои ахлоқӣ-маънавӣ, шаҳрвандӣ – ватандўстӣ ва ҳарбӣ – ватандўстӣ ба роҳ монда шаванд.

Вобаста ба миқёс, мазмуну мундариҷа ва дигар шарҳу эзоҳҳо вазифаҳои тарбиявиро дар Қувваҳои мусаллаҳ ба стратегӣ, тактикӣ ва ҷорӣ ҷудо намудаанд, ки чун меъёри аслии ташаккули низоми ҳарбӣ мебошад. Вазифаҳои самтҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ, ҳарбиро дар бар гиранда: тарбия намудан дар ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, фаолияти роҳбарикунонӣ, ташкил намудани хизмат, тартиботи хизматӣ, маишӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Замонҳои гузашта, яъне давраи Империяи Рими қадим яке аз фармондеҳони артиш ба худ суоле гузошт: Ман чи тавр душманеро, ки одамони маро таҳдид менамояд, бояд мағлуб намоям? Ў ба хулосае омад, ки танҳо дар сурати илҳомбахшидани одобу ахлоқ на ба ҳавасмандӣ балки бо иҷроиши арзишҳо ин музаффариятро ба даст овард. Вай сарбозони худро ба корҳои маҳрумӣ аз маъншудаҳо ва душворӣ таъқиб кард. Ў ресмони тартиботро то дараҷае кашиш дод, ки бар зидди душман ё канда шавад ва ё нерў гирад.

Ҳамрайъи ё худ муттафиқӣ, ин ҳамчун қувваи якум ва олии артиш шинохта шудааст, ҳақиқатан тибқи қонунҳои ҷиддии интизом. Интизом кафолати ҳамрайъи ва муттафиқиро ба муқобили сустшавии ҷуръатнокии артиш дода метавонад ва барои он ки мо дарк созем вай ҳақиқатан муҳим буда, фишори баланди маърифатиро ба вуҷуд меорад ва ҳамчун уҳдадории умумии раҳокунӣ шуморида мешавад.

Артиш- қувваи муттаҳид ва боидроконаи давлат, пуштибон ва такягоҳи Ватан, таҷассумгари далерию шуҷоатмандии халқ, бавуҷудоварандаи шарафмандӣ, хизматкунонӣ ва фидокорӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки сарзамин ва марзу буми миллати тоҷик бо хун ва меҳнат, идрок ва рўҳу ҷон ба даст оварда шудааст. Саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонии гузаштаи мардум, дўстдорӣ аз меҳани худ ва ба ин монанд дар имрўза барои ҳар як шаҳрванд, алалхусус хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз аҳамият холӣ набошад.

Зарурияти омўзиши муфассали таҷрибаи мусбии тарбияи ватандўстии хизматчиёни ҳарбӣ, ба хусус афсарони даҳсолаҳои гузашта ва мутобиқкунонии вай ба шароитҳои мураккаби геополитикӣ, талаботҳои баландбардории сифатнокии вай тасдиқ карда мешавад.

Дар замони муосир дар илми педагогика бештар фикрҳо дар бораи зарурияти баргаштан ба таҷрибаи тарбиявӣ, таҳлили таҷрибаҳои бадастовардашуда, муносибатҳои хуби бароҳмондашуда, баҳогузории танқидии вай, интихоби шакли самаровари корҳои тарбиявӣ ва ҳамҷоякунонии онҳо дар доираи фаъолияти ватандўстии мактабҳои олӣ ва дигар сохторҳои ҷомеаи демократии муосир тасдиқ карда мешавад. Омили ахлоқӣ дар фаъолияти сохторҳои қудратӣ ҳамчун бавуҷудоварандаи амиқи қувваҳои ахлоқӣ ҳайати шахсӣ дар раванди иҷроиши вазифаҳои хизматӣ шарҳ дода мешавад. Омили солими ахлоқӣ баҳри бамуваффақона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд, устуворшавии кулли системаи сохторҳои қудратиро таъмин менамояд, нуфузи ахлоқии ин сохторҳоро дар ҷомеа баланд мебардорад.

Дар ҳама давру замон вазъи артиш, сифатҳои ҳал намудан ва иҷро намудани вазифаҳои дар наздаш гузошташуда дар аввалиятҳо тақдири халқ ва давлатро дар маҷмуъ муайян месозад. Таҷрибаи ҳарбӣ дурустнокӣ ва саҳеҳнокии гуфторҳои идеяҳоро дар он тасдиқ намудааст: мардуме, ки ба артиши худ таваҷҷуҳу дастгирӣ наменамояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай бегонагонро мехўронаду мепушонад. Агар қарзи ҳарбӣ дар худ асоси ахлоқиро дар бар нагирад, вай моҳияти худро гум мекунад.

Собиров С. - ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ