Робитаҳои фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар даврони соҳибистиқлолӣ
Дӯстии байни халқҳо аз қадимулайём аз ормонҳои дерина ва орзуҳои дилпазири инсоният буд, ки дар ҳама давру замон появу қадри онро хеле бузург медоштаанд.
Ба ин маънӣ Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Вақте, ки мо дар бораи таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар сухан мегӯем бояд ҳаргиз мақоми насли калонсолро дар ин раванд фаромӯш накунем. Ин насли кишвари мо дар рӯҳи анъанаҳои некию дӯстию бародарӣ, ҳамдилӣ, ҳамзистӣ, бурдборию мушкилнописандӣ тарбия ёфтааст.
Мо бояд анъанаҳои неки ҳамаи миллату халқиятҳои муқими кишварамонро ҳамчун сарвати бебаҳои маънавию фарҳангӣ ва пайвандгари риштаҳои дӯстию бародарии ҳамватанонамон, ҳамчун омили ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон истифода барем ва насли ҷавонро низ дар ҳамин рӯҳия ба камол расонем».
Ҷавонписарону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи аз санҷиши асарҳо гузаштаи дӯстию ҳамкориро идома дода, шаклу усулҳои нави ҳамкориро ҷустуҷӯ менамоянд.
Саҳифаи навро дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ Созишномаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 26 августи соли 2005 дар шаҳри Қазон ба тасвиб расида буд, оғоз кард.
27-уми октябри соли 2007 дар Маскав намояндагони созмонҳои миллии ҷавонони мамлакатҳои СҲШ таъсиси Шӯрои ҷавонони СҲШ-ро дастгирӣ карданд. Тибқи қарордодҳои ҷонибҳо 20-21-уми октябри соли 2008 дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии навбатии намояндагони ташкилотҳои ҷавонони СҲШ баргузор гардид ва намояндагони аксари давлатҳои аъзои СҲШ барои таъсиси Шӯрои ҷавони СҲШ овоз доданд.
1-2-юми сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид. Дар он намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Модова, Тоҷикистон ва Украина иштирок намуданд.
Дар доираи барномаи ҷаласа, лоиҳаҳои нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 доир ба амалӣ кардани Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони ИДМ дар давраи то соли 2020 мавриди муҳокима ва қабул қарор ёфт.
Бо қарори ҷаласа соли 2012 дар ИДМ «Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим» эълон гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2000 барои ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд ва ё айни ҳол таҳсил менамоянд, клуби «Ватан» таъсис дода шуд. Вазифаҳои клуби мазкур мусоидат намудан ва мустаҳкам кардани дӯстию бародарии миёни ҷавонони Тоҷикистон ва ҷавонони хориҷӣ, барқарор намудани дӯстию ҳамкории донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии дигар кишварҳо таҳсил доранд, дохил шудан ба ҳаракатҳои расмии байналхалқии ҷавонон мебошанд.
Дар марҳилаи истиқлолияти давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз шаклҳои маъмули ҳамкории эҷодии ҷавонон – Клуби зарифону ҳозирҷавобон эҳё гардид. Клуби зарифону ҳозирҷавобон таърихи зиёда аз чилсола дорад. Бозиҳои Клубҳои зарифону ҳозирҷавобон дар дили миллионҳо тамошобинони собиқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ҷой гирифта буд. Ин аввалин ҳаракати ҳақиқии ҷамъиятии ҷавонон буд.
Ҳаракати Клуби зарифону ҳозирҷавобон дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самаранок фаъолият мекунанд, ки барномаи «КВН»-и телевизиони ҷамъияти Федератсияи Русия гувоҳи ин суханҳост.
Ба баромади командаҳои тоҷикистонӣ яке аз роҳбарони муваффақи Клуби зарифон ва ҳозирҷавобони ИДМ Александр Маслюкоми хурдӣ ва муҳаррири лига, капитани машҳури командаи Астрахан Азамат Мусогалиев баҳои баланд дода, тавсия карданд, ки командаи яккачин таъсис диҳанд. Изҳори умед карда шуд, ки вай дар лигаи олии Клуби зарифон ва ҳозирҷавобон бо муваффақият баромад хоҳад кард.
Дар таърихи 13-20-уми апрели соли 2001 дар шаҳри СанкПетербург, Маркази Байналмилалии Балтика фестивали сеюми театрҳои русии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба номи “Вохӯрӣ дар Россия” ташкил кард. Дар он маяковскийчиён бо намоиши “Ғуруб” (асари И.Бабел, таҳияи Султон Усмонов) ширкат намуданд. Ҳунарпешаҳои ҷавон Д.Мурзинов, М.ярмолик, Ш.Раҳматуллоев, Ф.Сабзалиев, Р.Бутаев аз имтиҳони ҷиддии ҳамкасбон бомуваффақият гузоштанд.
Дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо бастакори тоҷик Шӯҳратҷон Ашӯров композитори тоҷик узви Иттиҳоди композиторони Федератсияи Россия аст. Шӯҳратҷон Ашӯров барои оркестри асбобҳои халқии русӣ (сарвараш Борис Ворон), оркестри асбобҳои халқии ба номи Тер-Осипов, оркестри симфонӣ (роҳбараш Вероника Дударова) асарҳои мусиқӣ эҷод кардааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таҳким ёфтанд. Ҳамкории донишкада бо Донишгоҳҳои фарҳанг ва санъати Маскав, Санкт-Петербург, Академияи давлатии фарҳанг ва санъати хелябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Хабаровск натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.
Дар ин марҳала иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмунҳои байналхалқӣ фаъолтар гардиданд. Донишҷӯ Ситора Давлатова бо маърӯзаи илмӣ доир ба мусиқии суфиия баромад карда сазовори ҷои якум гардид. Ректори Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи Глинка, доктори илмҳои санъати Константин Михайлович Куреня ба кори Ситора Давлатова баҳои баланд дод.
Муваффақиятҳои муассисаҳои дигари таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррасанд. Масалан, хонандагони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар солҳои 1999-2003 дар озмунҳои зиёди байналмилалӣ иштирок намуданд. Хонандагон П.Старокожева, Д.Низомов, Н.Иванова, Д.Ҳошимов, Д.Сидорова, Ю.Кислова, Д.Синдарева дар озмунҳои байналмилалии пианинанавозони ҷавони шаҳри Владивосток, скрипканавозони ба номи ямполски, озмунҳои рақсҳои миллии шаҳри Сочи, оид ба дуҳул (труба)-и шаҳри Маскав, иҷрокунандаи ҷавони ба номи хайковский (япония) сазовори мукофотҳои дараҷаҳои гуногун гардиданд.
Толибилмони мактаб-интернети миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М.Собирова дар курсҳои байналмилалии тарбияи бадеии наврасони синнашон аз 10 то 17 солаи «Новые имена», ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Федератсияи Русия ва комиссияи ЮНЕСКО дар шаҳри Суздал ташкил шуда буд, иштриок намуданд. Дар он Аҳмадова М. – толибаи сини 8 (виолончел) ва Аминов С. – талабаи синфи 10 (кларнет) дар қатори намояндагони 14 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин япония, Англия, Испания, Кореяву Франсия аз беҳтарин устодон ва профессорони Консерваторияи ба номи Гнесинҳо, Академияи санъати Федератсияи Россия ва омӯзгорони хориҷӣ сабақ омӯхтанд.
Бо тавсияи Шӯрои олимони Консерваторияи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни пешқадам барои идомаи таҳсил ба консерваторияҳои Уралу Новосибирск, Академияи фарҳанг ва санъати хелябинск, Академияи мусиқии Лодзи Полша фиристода шудаанд. Дар соли 2013 бозгашти хатмкунандагони
Консерваторияи давлатии Урал – Сангинмурод Бобиев (флейта), Саломат Собирова (вокал) ва Донишгоҳи Теҳрон Сатторов (уд) дар назар аст.
Иштирокчии дигари озмунҳои байналхалқӣ Сурайё Абдуллоева дар Донишкадаи санъати Тамбови Федератсияи Россия таҳсил менамояд.
Бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони ҷавонони соҳибистеъдод дар Коллеҷи хореографии Перм таҳсил менамоянд. Дар моҳи майи соли 2011 толибилмони Коллеҷи хореографии Перм ва Коллеҷи хореографии Тоҷикистон ба номи Малика Собирова дар консерт бахшида ба 20-солагии нахустин Озмуни байналхалқии ба номи Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоҷи Шӯравӣ Малика Собирова бомуваффақият баромад карданд. Қобили қайд аст, ки меҳмони фахрии консерт барандаи аввалини Шоҳҷоизаи Озмуни байналхалқии ба номи Малика Собирова Ҳунарпешаи халқии Россия, директори Коллеҷи хореографии Перм Л.Д.Шевченко буд.
Эстафетаи бародарони калонии худро соҳибистеъдодҳои наврас бомуваффақият идома медиҳанд. Тараннуми дӯстӣ, васфи кишвари маҳбуб –асоси репертуарҳои онҳо мебошад. Сарояндаи умедбахш Парвина Шукруллоева дар озмуни байналмилалии телевизионии “Утренная звезда” (“Ситораи саҳарӣ”) сазовори унвони “Шаҳзодаи Шарқ” гардида буд. Сипас дар вақти сайёҳат дар теплоходи “Русь” сарояндаи ҷавон бо як қатор ҳунарпешаҳои машҳури эстрада Анна Вески, Николай Расторгуев, Лайма Вакуле шиносоӣ пайдо кард.
Раққосаҳои ҷавони Тоҷикистон низ сазовориобрӯи баланд гардиданд. хунончӣ дар соли 2000 Наташа Ивановаи душанбегӣ соҳиби чор ҷоизаи Фестивал-озмуни III байналхалқии «Умеди Аврупо-2000» (Сочи), аз ҷумла ҷоизаи асосӣ - «Ояндаи Аврупо» гардид. Э.Сатторова дипломанти Фестивали IV байналхалқии рақсии ҷавонон – Tanzoolymp шуд[2].
Раққосаи навраси лаёқатманд ва боистеъдод, толибилми синфи панҷуми литсейи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов (шӯъбаи хореграфияи классикӣ) Миҷгона Ҳакимова рақсҳои ҷазоби худро дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар +збекистон (соли 1998), дар рӯзи Истиқлолияти Туркманистон дар Ашқобод (соли 1998), дар телекомпанияи “ТВ-6”-и Москва, дар Симпозиум бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён дар Санкт-Петербург (апрели соли 1999) ва моҳи майи соли 1999 дар фестивали байналмилалӣ дар Туркия бо маҳорат иҷро карда, мукофотҳои асосиро соҳиб шуд.
Моҳи январи соли 2001 дар шаҳри Сочи аз тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин Амрико, Фаронса ва дигар мамлакатҳо 1500 нафар лаёқатмандону истеъдодҳои ҷавон ҷамъ омада буданд, ки дар фестивал-озмуни IV байналмилалии эҷодиёти бачагону наврасон “Умеди Аврупо” маҳорати санъаткории худро санҷанд. Дар байни онҳо ситорачаи тобони саҳнаи тоҷик Миҷгона Ҳакимова ҳам буд.
“Умеди Аврупо” озмуни калонтарин дар қитъа аст, ки асосгузори он “Шоҳи рақсҳо” Маҳмуд Эсамбоев мебошад.
Рақсҳои тоҷикии “Ороста” ва “Доира” дар иҷрои Миҷгона ба ҳама ҳайати доварон, тамошобинон ва қадрдонони санъат писанд омад. ӯ ҳар ду рақсро бо як маҳорати ба худ хос иҷро кард. Аз ин рӯ, ба вай илова ба унвони Лауреату дипломи ҷои якум мукофоти махсус “Дар хореография нигоҳ доштани анъанаҳои халқӣ”-ро муносиб донистанд[8]. яке аз падидаҳои умедбахши даврони соҳибистиқлолӣ иштироки ҷавонони ҳунарманди тоҷик дар Фестивали бозиҳои делфӣ мебошад.
Пайдоиши Бозиҳои делфӣ бо ривояти мардумии юнониҳо, қаҳрамонии Апполон, ки баъдтар номи Пифиетсро бо сабаби нобуд кардани аждаҳо – Пифон гирифтааст, вобастагӣ дорад.
Ташкил ва баргузории бозиҳои делфӣ аз соли 582-и то милод оғоз гардид ва ватани аслии он Юнон ба шумор меравад.
Бозиҳои делфӣ соли 2000 аз нав оғоз гардид. Ин чорабинӣ миёни 27 давлати ҷаҳон дар шаҳри Маскав доир гашт. Имрӯз баргузории ин бозиҳо хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Дар соли 2004 Миҷгона Ҳакимова дар Бозиҳои дуюми делфии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Молдова шаҳри Кишинев баргузор гардид, ширкат варзид. Ҳарифи Миҷгона 150 нафар буданд. Дар гала-консерти иштирокчиёни фестивал Президенти Молдова ширкат варзид. Миҷгона Ҳакимова бо рақсҳои «Ороста» ва «Ҷавонӣ» баромад карда, сазовори Дипломи дараҷаи аввал ва медали тилло гашт. Ин ҷоиза ҷоизаи ҳаштуми Миҷгонаи 15-сола буд.
Боиси ифтихор аст, ки соҳибистеъдодҳои ҷавони тоҷик кишвари офтобрӯяамонро дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ бо ҳунари волояшон муаррифӣ менамоянд. Масалан 31 августи соли 2008 зимни натиҷагирӣ аз озмуни телевизионии «Пять звезд Интервидение», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия доир шуд, Тахмина Ниёзоваи 19-сола, сарояндаи ҷавони тоҷик ҷоизаи аслӣ, «Гран-при»-и ин озмунро ба даст овард. Вай дар ҷараёни ин озмун се таронаро иҷро кард ва соҳиби 216 овоз шуд. Натиҷаи аслии ин озмун бар асоси раъйдиҳӣ тавассути SMS сурат гирифт. Бар асоси шарти озмун, синни ширкаткунандагони он аз 16 то 30 муқаррар шуда, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва соҳили баҳри Балтика дар он ҳаққи ширкатро доштанд. Дар ин озмун 11 овозхон ҳунарнамоӣ карданд.
Тахмина Ниёзова инчунин сазовори ҷоизаи «Дебют Интервидение» гардид.
Дар ҷашнвораи байналмилалии «Самои Иттиҳод», ки бо ташаббуси Хазинаи байналмилалии фарҳанги ИДМ ҷавонони 12 кишвар кишвар сурудҳои машҳуртарини солҳои пешро иҷро намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро овозхони ҷавон Меҳрнигори Рустам муаррифӣ намуд. Ба сифати меҳмони олиқадр Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳузур дошт. Лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи чорабиниро журналист Ҷумъа Қуддус чунин тасвир намудааст: «Вақте ки дар толори машқ фонограммаи мусиқии суруди машҳури даврон «Умед» («Надежда») садо дод, тасодуфан ба он ҷо муаллифи оҳанг Ҳунарпешаи халқии Итиҳоди Шӯравӣ, барандаи ҷоизаи давлатии СССР Александра Пахмутова ворид шуд. Дили ӯ шод гашта. Аз овозхонаш пурсон шуд. Гуфтанд, ки намояндаи Тоҷикистон аст ва Меҳрнигори Рустамро нишон доданд. Маъруфтарин оҳангсози замони шӯравӣ Александра Пахмутова сурудро шунида аз овози бақуввату зебои духтари тоҷик чунон ба ҳаяҷон омад, ки наздаш омада меҳрубонӣ ва илтифоти беандоза зоҳир намуд. Ҳама чиз – овози ширин, либоси миллӣ ва ҳатто кокулони ӯ писандаш омаданд. хун сифати фонограмма чандон хуб набуд, гуфт, ки дар ҷашнвора худаш паси роял нишаста, мусиқиашро «зинда» иҷро мекунад. Аз ин лутфи олиҳимматонаи муаллифи садҳо сурудҳои ҷовидона, оҳангсози ормонии даврони шӯравӣ Александра Пахмутова дастандаркорони ҷашнвора шод гашта, изҳор намуданд, ки Меҳрнигор таҳти ситораи иқбол тавлид шудааст: ва инак, ровии хушадо эълон намуд: «Суруди «Умед». Мусиқиро муаллифи оҳанг – Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Александра Пахмутова менавозад. Иҷрокунандаи суруд – овозхони ҷавон аз Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам!».
Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои калони фарҳангӣ дар ташаккули дӯстиву рафоқат заминаи боэътимоҷ мегузорад. Зеро фарҳанги волов а санъати асил дар кадом навъе, ки набошад, тарғибгари садоқат, муҳаббат ва самимият аст. Мавқеи муҳимро дар мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона санъати кино ишғол менамояд. Синамогарони ҷавони тоҷик дар фестивалҳои гуногун ширкат намуда, ба муваффақиятҳои арзанда соҳиб шудаанд. Соли 1999 дар кинофестивали кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика “Киношок” дар Анапа Ҷамшед Усмонов коргардони беҳтарин ҳисобида шуд.
Филми Орзу Шарипов “Ватани ширин” (“Сладкая Родина”) бошад дар телефоруми Москва соҳиби “Гран-при” гардид.
Коргардони ҷавони боистеъдод Бахтиёр Худойназаров шӯҳрати кинои тоҷикро оламгир намуд. Филми “Падари маҳтобӣ” дар як қатор кинофестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуд. Ин филм дар фестивали байналхалқии “Кинотавр” соҳиби ҷоизаи “Садбарги заррин” гардида буд.
Бо қарори Федератсияи синамогарони Федератсияи Русия филми “Падари маҳтобӣ” синамои беҳтарини сол ва таҳиягараш коргардони боистеъдоди Русия эълон карда шуд.
Баҳри таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Қазон 26 августи соли 2005 ба имзо расидааст, такони нав бахшид. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолонаи эҷодкоронаи ҷавон дар баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (октябри соли 2005) мебошад.
Дар бораи шукӯҳу шаҳомати ин чорабиниҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, 18 марти соли 2006 чунин иброз кард: «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ҷашни шастсолагии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихии соли гузашта буда, бори дигар мақому манзалати ҳунар ва фарҳанги тоҷиконро ба мардуми Русия ва Фаронса дар ҳузури намояндагони зиёда аз 190 кишвари дунё намоиш доданд.
Ҳамин тавр, ҳаёт собит намуд, ки эҷодкорони ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол эстафетаи насли калонсолро садоқатмандона идома дода, баҳри дарёфти шаклу усулҳои нави робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ кӯшиш намуда истодаанд.
Шерматова Н. - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик