​Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар​

Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар марҳилаи муосир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи саноатикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба мақоми аввал гузошта мешавад.

Чи тавре, ки дар Паёми навбатии худ санаи 26-уми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд: «Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Инчунин, дар Паёми мазкур Пешвои миллат таъкид намуданд, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ бояд таъмин кард. Зеро устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани сатҳӣ некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бо дар назардоштани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»бо Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 тасдиқ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

Захираю имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ зиёданд. Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, соҳибкорон ва қобилияти идоракунии кадрҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторийи дусола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад.

Стратегияи минбаъдаи рушди соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли дохилӣ ва қабл аз ҳама, маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда, ташкили корхонаҳои хурду миёна ва ба ин васила таъсисиҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нави ҷавобгӯи талаботи замонавӣ ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда равона гардидааст. Ин тадбирҳо барои таҳкими минбаъдаи иқтидори содиротии кишвар, тақвият хоҳад бахшид.

«Моро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯи кунем ва ба ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем» - гуфта шудааст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014.

Ин ғоя дар сиёсати иқтисодии ҳукумати кишварамон доир ба рушди минбаъдаи саноат андешаи нек ва умедбахш мебошад.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Онро зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 140 навъи маҳсулот муаррифӣ мекунанд, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Аз соли 2014 то соли 2019 дар саноати кишвар тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳида суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин гардидааст. Тибқи маълумоти расмӣ дар 6 соли охир (солҳои 2014-2019) дар ҷумҳурӣ 1632 корхонаи нав бо таъсиси 33152 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Саноати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳаҷми номиналии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10,4 млрд сомонии соли 2014 то ба 27,6 млрд сомонӣ дар соли 2019 расонида шуда, 2,6 баробар афзудаст. Дар маҷмўъ ҳиссаи саноат дар ММД соли 2019 ба 17,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2014 5,3 фоиз зиёд шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати истихроҷ аз 1,4 млрд сомонии соли 2014 то ба 4,9 млрд сомонӣ дар соли 2019 расонида шуда, нисбат ба соли 2014 3,5 баробар ё 3,5 млрд сомонӣ афзудааст. Афзоиш дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ аз 1,2 млрд сомонии соли 2014 то ба 4,5 млрд сомонӣ дар соли 2019 ба назар мерасад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркард аз 6,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 15,9 млрд сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, ки зиёдшавии он нисбат ба соли 2014 2,3 баробар ё 9,0 млрд сомонӣ афзудааст. Зиёдшавӣ дар соҳаи саноати коркард асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истеҳсоли маҳсулоти хўрока, аз ҷумла нўшокиҳо ва тамоку аз 3,3 млрд сомонии соли 2014 то ба 5,4 млрд сомонӣ дар соли 2019, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ аз 1,3 млрд сомонии соли 2014 то ба 2,7 млрд сомонӣ дар соли 2019, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ аз 0,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 2,9 млрд сомонӣ дар соли 2019 ва истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ аз 0,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 3,9 млрд сомонӣ дар соли 2019 ба назар мерасад [1, 3].

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар 23 миллиарду 872,4 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба соли пешӣ 11,8 дарсад боло рафт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Саноатчиёни кишвар дар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586,6 млн сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 млрд 809,4 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар:

  • саноати ангишт 114,2%,
  • саноати маъдани кўҳӣ 117,6%,
  • саноати масолеҳи сохтмон 114,3%,
  • саноати сабук 123,6%,
  • саноати мошинсозӣ 129,6%,
  • саноати табъу нашр 109%,
  • саноати хӯрокворӣ 109,2%,
  • корхонаҳои пахтатозакунӣ 102,5%,
  • нафт ва газ 117,6%
  • электроэнергетика 119,6%-ро ташкил додааст.

Боиси зикр аст, ки 256 корхонаҳои азими саноатӣ фаъолияти худро бо афзоиш ҷамбаст намуда, ба маблағи 14,6 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки аз ин ҳисоб нисбат ба соли 2018 ба маблағи 4,6 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.

«Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад».

Ҳамин тавр, тайи се соли охир бо бунёди корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта шуд.

Саидов Б.Л. - докторанти (PhD) ихтисоси таърих

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ