Аҳамияти таърихии даври аввали музокироти миёни тоҷикон оид бо оштии миллӣ
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз 5-уми майи соли 1992 оғоз гардида то 27 июни соли 1997 идома ёфт, барои кишвари мо нокомиҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ҷонибҳо ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва ин ҳолат ҷонибҳои даргирро маҷбур сохт, ки ба гуфтушуниди сиёсӣ оғоз намоянд.
Барои ҳалли низои дохилӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди музокироти миёни тоҷикон нақши калидӣ бозид.
Даври якуми музокироти миёни тоҷикон бо миёнаравии намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Рамиро Пирис Баллон ва вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия А.Козирев аз 5 – ум то 19 – уми апрели соли 1994 дар ш. Маскав баргузор гардид. Дар раванди даври якуми музокироти миёни тоҷикон намояндагони Федератсияи Русия, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Покистон ба сифати нозир иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали даври якуми музокироти миёни тоҷикон вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Козирев суханронӣ намуда, доир ба зарурияти сулҳ дар Тоҷикистон чунин нуқтаро баён намуда буд: “Мо бояд роҳи сулҳро ёбем, Тоҷикистон тавони ҷанги дигар, кашмакашии дигарро надорад”.
Дар ин даври музокирот таваҷҷӯҳи асосӣ барои ба эътидол даровардани вазъи сиёсии мамлакат, ҳалли масъалаи гурезагон ва муҳоҷирои иҷборӣ ва доир ба сохтори конститутсионии кишвар равона гардид.
Даври якуми музокирот дар вазьияти мураккаби ҳарбию сиёсӣ гузашт. Мухолифин дар наздикии шаҳрҳои Қундуз, Толиқон, Хоҷағор ва Файзободи Афғонистон низомиёни зиёдеро барои таҳдид гирд оварда буданд. Ҳамчунин онҳо дар қад-қади сарҳад ҷабҳаҳои Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, Кӯлоб ва Бадахшонро ташкил дода буданд, ки дар ҳайъати онҳоҳазорон ҷанговаронимухолифин ва муҷоҳидини афғон шомил буданд. Дар гурӯҳҳои ноҳияҳои Ғарм (Рашт) беш аз 3 ҳазор ҷангиёни мухолифин ва қариб 500 нафар дастурдиҳандагони аҷнабӣ амал мекарданд.
Дар ҷараёни даври якуми музокирот ҷонибҳо мавқеи ҳамдигарро дар роҳи сиёсии ҳалли низоъ муайян намуда, ба масъалаҳои муҳими вазъи ногувори иқтисодиву сиёсии мамлакат таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа доданд. Инчунин доир ба нақши нерӯҳои дастаҷамъии сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва СММ низ масъалагузорӣ намуданд. Ин нуқта аз он шаҳодат медиҳад, ки дар роҳи ҳалли низои миёни тоҷикон СММ ва кишварҳои нозири гуфтушунид, аз ҷумла давлатҳои аъзои ИДМ нақши муҳим доштанд.
Баъди анҷоми даври якуми музокироти тоҷикон ин масъала дар доираи Ҷаласаи махсуси СММ баррасӣ гардид. Дабири кулли ин созмон дар гузориши худ таъкид менамояд, ки муҳим он аст, ки ҷонибҳо дар раванди даври якуми музокирот роҳи сиёсии ҳалли низоро ҳамчун роҳи асосии ҳалли муноқиша интихоб намуданд.
Дар ҷараёни даври якуми музокирот таваҷҷӯҳи асосӣ барои тартиб додани рӯзномаи гуфтушунид дода шуд. Ҷонибҳо ба рӯзнома се масъалаи муҳимро ворид намуданд. Чунончӣ: чорабиниҳои минбаъдаи ба роҳ мондани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, масъалаи аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз ширкаткунандагони музокироти байни тоҷикон Кароматулло Олимов дар мақолаи худ чунин меоварад, ки бо вуҷуди он, ки музокирот марҳила ба марҳила давом мекард, муқовимати низомию сиёсӣ идома меёфт ва ҳатто дар минтақаҳои ҷануб ва шарқии ҷумҳурӣ ҷангҳои шадид дар байни қувваҳои ҳукуматӣ ва дастаҳои мухолифин сурат мегирифт. Ин вазъият ҳарчи зудтар ба мувофиқа омадани тарафҳоро тақозо мекард.
Дар рафти гуфтушуниди тоҷикон, ки давраи тӯлониро дар бар мегирифт бо миёнаравии СММ бо роҳу воситаҳои гуногун сурат гирифт. Намояндагони СММ кӯшиш мекарданд, ки музокироти миёни тоҷикон бо натиҷаҳои чашмрас анҷом ёбад ва дар ин роҳ тамоми чораҳои зарурӣ аз ҷониби нозирони СММ дар Тоҷикистон андешида мешуд.
Дар натиҷаи даври аввали музокирот ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки таҳти сарпарастии СММ Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистонро таъсис диҳанд, ки минбаъдбо номи “Комиссияи муштарак” маълум буд. Дар Протокол оид ба таъсиси Комиссия таъкид гардида буд, ки иштирокчиёни музокирот бо хоҳиш ба СММ муроҷиат менамоянд, ки ба Комиссияи муштарак кӯмаки моддӣ расонад .
Дар Изҳороти муштараки намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон сафир Рамиро Пирис Баллон ва иштирокчиёни музокироти миёни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 11-уми апрели соли 1994 чунин дарҷ гардида буд, ки бо мақсади ноил шудан ба пешравӣ дар раванди музокирот бо дарназардошти эҳтимолияти бархӯрдҳои мусаллаҳона ё дигар амалиёти душманона, ки метавонанд раванди музокиротро ба мушкилӣ рӯбарӯ кунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷикро даъват менамоянд аз ҳама гуна иқдоме, ки ҷараёни оғозёфтаи музокиротро ба душворӣ рӯбарӯ мекунанд худдорӣ намоянд.
СММ, ки дар раванди музокироти миёни тоҷикон нақши муҳим ва ҳалкунандаро мебозид дар давоми даври аввали музокироти миёни тоҷикон, ки дар Маскав баргузор гардид ҷонибҳо масъалаимавқеи ин созмони бонуфузи байналмилалиро барои назорати амали қарорҳои дар рафти гуфтушунид қабулгардида, мавриди муҳокима қарор доданд.
Барои идома додани раванди музокироти миёни тоҷикон намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Рамиро Пирис Баллон аз 12-ум то 15-уми майи соли 1994 бо намояндагони ҷонибҳои даргир вохӯрӣ анҷом дод. Чунончӣ дар ин муддат ӯ бо намояндагони мухолифин вохӯрда, баъдан бо намояндаи СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ М. Гулдинг ва бо Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо Раиси Шӯрои Вазирон А. Самадов ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии мамлакат Р. Олимов вохӯрӣ анҷом дод.
22-юми апрели соли 1994 Раиси Шӯрои Амният Копинг Китинг ба унвони Дабири Кулли СММ нома ирсол намуда, ба ташаббуси Рамиро Пирис Баллон, ки моҳҳои январ ва феврал заминаи гуфтушунидро фароҳам сохта буд баҳои баланд дода, таъкид месозад, ки маҳз дар натиҷаи ташаббус ва корбарии ӯ инчунин Федератсияи Россия ва давлатҳои ҳамсоя роҳи сиёсии ҳалли низоро пеш гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар рафти ин мулоқотҳо намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Рамиро Пирис Баллон оид ба идома додани музокироти миёни тоҷикон ва интихоби ҷойи баргузор намудани он бо намояндагони ҷонибҳо мувофиқа ҳосил намуд. Дар натиҷаи он ҷонибҳо розӣ шуданд, ки даври навбатии музокироти миёни тоҷикон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор карда шавад.
19-умимайи соли 1994 аъзои Шӯрои амният гузориши Дабири Кулли СММ (1994/542)-ро оид ба вазъият дар Тоҷикистон ва талошҳои кишварҳои минтақаро дар роҳи бартараф сохтани низои дохилии тоҷикон пурра дастгирӣ намуда, муколамаи сиёсиро ҳамчун роҳи осоиштаи ҳалли низои дохилӣ арзёби намуданд. Инчунин дар он натиҷаҳои даври якуми музокироти миёни тоҷикон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамин тавр, даври якуми музокироти миёни тоҷикон дар ҳолате баргузор гардид, ки дар бисёр гӯшаву канори Тоҷикистон амалиётҳои мусаллаҳонаи ҷонибҳои даргир идома доштанд. Новобаста аз вазъи сиёсии мамлакат дар давоми даври якуми музокирот ҷонибҳо тавонистанд, ки масъалаҳои муҳимтарине, ки кишвари моро фаро гирифта буд, баррасӣ намоянд. Се масъалаи асосие, ки аз ҷониби тарафҳо муҳокима гардид, барои идома додани давраҳои минбаъдаи раванди музокирот заминаи асосиро фароҳам овард. Новобаста аз он, ки дар натиҷаи даври аввали музокирот ҷонибҳо барои ба мувофиқа расидан ягон ҳуҷҷати муҳим қабул накарда бошанд, ҳам гуфтушуниди даври якум боиси он гардид, ки ҳарду ҷониб барои ба мувофиқа расидан роҳи сиёсии ҳалли низоро интихоб намуда, заминаи мусолиҳои миллӣ гузошта шуд ва минбаъд дар натиҷаи давраҳои минбаъдаи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои муҳим ва тақдирсоз имзо гардиданд, ки барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ, нақши хеле муҳимро бозид.
Муҳамадизода М. - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик