Андешаи солиму созанда
(вокуниш ба суханронии Президенти кишвар дар ҷаласаи бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ)
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, тӯли чанд моҳи охир пас аз тасарруф ва ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии толибон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлати мазкур муташанниҷ аст. Ҳамарӯза чанд нафар қурбони ноҳақи толибон ва садҳо нафари дигар аз ватани худ фирор намуда истодаанд, ки дидану шунидани он шахсро нороҳат мекунад.
Тааҷҷубовар аст, ки то имрӯз ягон давлатҳои абарқудрат ё Созмонҳои байналмилалию минтақавии ҷаҳон ба вазъияти мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир накарда истодаанд. Ҳоло он, ки яке аз мақсади нахустини Созмони Милал Муттаҳид ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари оқилу дурандеш айни ҳол ягона давлатест, ки ба вазъи душвори Афғонистон бетараф набуда, ҷонибдори сулҳу субот дар ин давлат мебошад. Зеро кишвари мо бо такя ба таҷрибаи сулҳофарини худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Дар асоси моддаи 11-Конститутсия низ ишора мешавад, ки: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад…».
Таърихи 8 сентябри соли ҷорӣ дар суханронии худ дар ҷаласаи ботантана бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаи мазкур баён намуданд. Аз ҷумла иброз гардид, ки: «…мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст ва ҳамфарҳанги худ ҳастем… ». Яъне Сарвари давлат як маротиба не, балки чандин борҳо андешаҳои худро доир ба мавзӯи мазкур иброз намуданд, ки ин ҳама шаҳодати гуфтаҳои болост.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва мустақил тарафдори он аст, ки ҳарчӣ зудтар дар давлати ҳамсояи Афғонистон сулҳу субот пойдор гардад. Зеро, ду давлати дӯст тӯли садсолаҳоробитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доранд. Аз дигар тараф, ноором гаштани давлати мазкур таъсири манфии худро дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ мерасонад ва ин масъаларо низ созмону ташкилотҳои байналмилалӣ набояд нодида гиранд. Зеро, шоири классикии тоҷик Саъдии Шерозӣ мефармояд:
Бани одам аъзои якдигарнд,
Ки дар офариниш зӣ як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Муҳаммад Шарифов – муаллими калони кафедраи таърихи Ватан ва археология