Истиқлол - ҷашни бузурги миллӣ
Тантанаи бошукӯҳи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари минтақаҳои кишвари маҳбубамон бо ҳамоишҳои оммавию ҳарбӣ инъикосу қайди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ воқеияти фараҳбахш дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Чеҳраҳои шоду рӯҳбаланд, саршори ифтихору меҳри ватандории мардум, алалхусус ҷавонон шаҳодати ташаккули комили мафкураи худогоҳиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандӯстии ҷавонони имрӯзаи тоҷик мебошад, ки самимияту шодкомии ононро аз ҳаёти худ инъикос менамояд.
Бешубҳа, ҳар фарди соҳибақлу идрок пай мебарад, ки давоми давраи кӯтоҳи таърихии ҳамагӣ сӣ сол Тоҷикистони соҳибистиқлол аз кишвари ҷангдидаи ноором ба мамлакати тантанаи сулҳу субот, орому осуда, ободу рушдёфта мубаддал гаштааст. Расидан ба ҳадафҳои заминасози стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣва истиқлолияти комили энергетикии кишвар далели боэътимоди қадамҳои устувору бунёдкоронаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки маҳз бо заҳмату талошҳои фидокоронаи абармарди соҳибхирад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатқаринии мардуми тоҷик ба даст омадааст.
Миллати тамаддунофару кӯҳанбунёд ва сулҳхоҳи тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки он бо сарҷамъиву ваҳдатимиллӣ бунёдкориву созандагиро пеша кардааст ва суботкорона баҳри иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ғайрат менамояд ва дар ояндаи наздик муваффақ ба он мегардад. Мардуми заҳматпешаи Тоҷикистон эътимоди қавӣ доранд, ки бо хирадмандию оқилӣ ва дурандешию дурбинӣ муносибатҳои байналмилалиро густариш бахшида дар ҳалли мушкилотҳои башарӣ ҷойгоҳи махсусро касб менамоянд, ки исботи аниқи онро дар ҳадафҳои табиатдӯстонаи роҳбарияти олии кишвар дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, пешгирии обшавии пиряхҳо, рушди иқтисодиёт дар заминаи энергетикаи сабз ва амсоли онҳо дидан мумкин аст. Хосатан, нақшаҳои амалишудаистодаи Созмони Милали Муттаҳид бо баргузории конфронсу ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шаҳодати воқеии амалҳои созандаю бунёдкориҳои давлати Тоҷикистон асту фарди соҳибдилу соҳибақли Ватан аз он сарбаландона ифтихор менамояд. Зеро, шиори ҳамарузаи мо
Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пеш, ҳамеша ба пеш мебошад!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”