Парчам шиноснома ва ифтихори миллат

Парчам ё Дирафш аз қадимулайём як рамз ё нишонаи кадом халқе ё давлате буд ва ҳаст, ки дидани он маънои ҳастии ҳамон соҳибдорашро нишон медиҳад. Таърих гувоҳӣ медиҳад ки тамоми давлатҳои антиқа, қуруни Вусто, наву навтарин ба самбули доштаашон, яъне рамзи давлатиашон мазмуни ҳастии худро баён менамуданд. Маънои Парчам як порча матоъи баёнкунандаи орзую ормони ягон қавму қабила ё давлатҳои рӯ ба инкишофу инкишофёфта мебошад. Ҳама маром, орзӯ ва мақсадҳои худро дар ҳамон Парчам ифшо менамоянд. Мафҳуми Дирафш ҳам, ҳаммаънои Парчам буда, танҳо номи ӯ ба як ханҷари фӯлодини ба ҷон таъсиррасонро шабоҳат медиҳад. Дар ҳарду маънии он рамзи баёнкунандаи ҳамон мақсадро медонанд, ки одамон орзуманди кадом ҳадафанд.

Рамзи адолатпешаи Дирафши Ковиёниро мо дар асарҳои безаволи аҷдодиамон Авасто ва Шоҳномаи ҳаким Фирдавсӣ мебинем, ки чӣ гуна ба даъвати Коваи оҳангар дар атрофи ин Парчами баёнкунандаи мароми тӯдаи ҷабрдидагон иттиҳод ёфта, ба нест кардани он Заҳҳоки морон бархостанд. Барои мардуми адолатпеша ҳар гоҳ ки номи Дирафши Кова ба гӯши ишон бирасад, ҳамоно мақсаднокии роҳи наҷоту озодхоҳӣ аз қатли Заҳҳоки мордор ба ёдашон меояд. Парчам ё Дирафш дар ҳама маврид нишони ғолибият аз болои нирӯҳои Аҳриманӣ, сарбаландӣ, қомати рост, ифтихори боло, номуси покиза, новобастагӣ аз кадом нерӯи берунаро нишон медиҳад.

Аҷдодони мо на ин ки дар замони давлатдориҳои асотирӣ, балки дар замони давлатдориҳои воқеъӣ аз замонҳои қадим сар карда, Парчамро ҳамчун рамзи маъқули ба худашон хосу сари баландашон истифода мебурданд. Ифтихормандӣ бо парчаму парчамдорӣ ҳамчун оини қадимии аҷдодони тоҷик ба мерос омадааст. Парчам яке аз нишондиҳандаҳои раванди маърифати инсонист ва миллати мо соҳиби фарҳанги ниҳоят пурмуҳтавои антиқа мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.”

Парчамдории аҷдодони тоҷик аз замони давлатдории Ҳахоманишиҳою Қушониёну Сосониён бо савти сохти давлатдориашону мазҳаби Зардуштия мувофиқ меомад. Дар он парчамҳо низ рамзи озодӣ, муттаҳидӣ, ғурури ориёӣ, ҷовидонӣ, бурдбориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ инъикос меёфтанд. Асли мӯҳтавои он Парчамҳо аз гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек манша мегирифт. Шоҳони пешинаи Ориёнӣ Парчамро то ба андозае муқаддас медонистанд, ки онро ба гаронтарин арзиш, зару зевар ороиш медоданд. Ин кор маънои онро дорад, ки Парчам аз муқаддастарин рамзи давлат ба ҳисоб мерафтааст. Давлатҳои асримиёнагии тоҷикон Тоҳириёну Саффориёну Сомониёну Ғуриёну Курдҳою Сарбадорони Хуросон ҳам рамзҳои ба худ хоси давлатдориро муқаддасона пос медоштанд. Баъди аз байн рафтани он давлатҳои миллии аҷдодони тоҷик, парчами ишон ҳам таназзул ёфт. Тӯдаҳои заҳматкаши тоҷик сад солаҳои дигар дар зери парчами зулмонаи турку муғулнажодон бо савти хостаи онҳо ва бо сари хам меҳнаткашӣ мекарданд.

Бо ғалабаи инқилоби Сотсиалистӣ дар Осиёи Миёна ва барпо кардани ҳукумати Шӯравӣ дар ин манотиқ соли 1924 таъсисёбии Ҷумҳуриҳои Сотсиолистии миллӣ сурат гирифт, ки мардуми тоҷик низ дар аввал соҳиби Ҷумҳурии Мухтор (1924) ва баъдан Ҷумҳурии баробарҳуқуқи Шӯравии Сотсиолистӣ (1929) гардид.Бо қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) ки дар ҳайъати Ҷумҳурии Шӯравии Ӯзбекистон бунёд ёфта буд 23-уми феврали 1929 Парчами нави Тоҷиконро таъсис доданд. Ин Парчами ифтихорӣ аз як порча матоъи бо ранги ҷигарӣ ва герби давлатии ҶМШСТ офарида шуд. Бо баракати таъсисёбии сохтори нави давлатдории Тоҷикон аз соли 1929 баъди ба вуҷуд омадани ҶШС Тоҷикистон ҳамаи рамзҳои давлатӣ аз он ҷумла Парчами давлати Тоҷикистони Шӯравӣ низ тағйир ёфт. Ҷумҳурии баробарҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳайъати Иттиҳоди Шуравӣ буда, аз 24-феврали соли 1931 мутобиқи конститутсияи нави Ҷумҳурӣ парчами навро ихтиёр кард, ки аз матоъи ранги ҷигарӣ сохта шуда, дар тарафи болои чапи ӯ бо ҳуруфоти лотинӣ, ҶШСТ сабт ёфта буданд. Ин парчам то 4-уми июли соли 1935 бақо дошта, боз ба парчами дигар табдил ёфт. Каме аз як сол 4-июли соли 1935 то 25 майи соли 1936 як маротиба ва аз 26-майи соли 1936 то 1-уми марти соли 1937 маротибаи дигар парчамҳо тағйир ёфтанд. 1-уми марти соли 1937 бо қабул кардани Конститутсияи нави тоҷикӣ намуди парчам низ тағйир ёфт. Акнун дар матоъи ранги ҷигарии ҳаҷмаш 1 бар 2 метр парчами нав пешниҳод карда шуд, ки дар тарафи чапи болояш рамзи меҳнатии мардуми тоҷик “Досу Болға” ва дар зери он РССТ сабт ёфта буданд, ки то соли 1940 арзи ҳастӣ кард. 28-уми сентябри соли 1940 ба хотири тағйир ёфтани алифбои тоҷикӣ аз ҳуруфоти лотинӣ ба кириллӣ маротибаи дигар рамзи давлатии парчами Тоҷикистон тағйир ёфт. Боз ҳам дар ҳамон матоъи ранги ҷигарӣ бо тасвири олотҳои меҳнатии досу болға ва РССТ- оро ёфта буд.

Соли 1953 Президиуми Шӯрои Олии РССТоҷикистон ба чунин қарор омад, ки Ҷумҳурии мо дар қатори ҷамоҳири дигри Иттиҳоди Шӯравӣ баробарҳуқуқ буда, ба онҳо робитаи дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорад. Парчами РСС Тоҷикистонрамзи давлати баробарҳуқуқиозоди Шӯравиро доро буд, ки нишондиҳандаи иттифоқи байни синфи коргару деҳқон ва дигар қишрҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ин рамз бояд аз як ранг иборат набуда, аз чандин рангҳо оороиш ёбад. Дар ҳамин аснод ба хулоса омаданд, ки парчами муқаррарӣ бояд ба андозаи 1 бар 2 метри уфуқӣ тартиб дода шавад. Рангҳои парчам тартиби зайлро доштанд.А) рахи боло аз матоъи ранги сурх ба андозаи нимаи Парчам (50см); Б) рахи сафед ба андозаи аз панҷ як ҳиссаи он;

В) ранги сабз ба андозаи аз даҳ якҳисса;

Г) ин ҳам аз матоъи ранги сурх ба андозаи аз панҷ як ҳиссаи парчам сохта шуд.

Ҳамчунон дар тарафи чапи болои рахи сурхашбо оби зарҳалин расми “Досу Болға” ва ситораи панҷгӯша ҷой дода шуда буд. Ин ҳама ташреҳи парчамҳое буданд, ки дар тӯли 70 соли мавҷудияти сохти Шӯравӣ аз марҳила ба марҳила тағйир меёфтанду манфиати ҶТ-ро дар чорчӯбаи Конститутсияи умумишӯравӣ танзим менамуданд. Агар рамзҳои давлатии Тоҷикистони Шӯравиро халқи мо ҳамчун муқаддасоти умумишӯравӣ посдорӣ карда бошанд, акнун ба муқаддасоти миллии худҳамчун дилу ҷон саҷда менамоянд.

Имрӯз ки ватани мо Ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, дорои Конститутсияи тақдирбахши умумимиллӣ гаштааст. Ҳамаи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Миллии Тоҷик ҷавобгӯйи тамоми анъаноти миллии мо аз замонҳои дуру гузашта то имрӯз мебошанд. Ба соҳибистиқлол гаштани Ватанамон шавқу рағбати мардуми мо нисбати муқаддасоти давлатӣ, минҷумла Парчами давлатӣ ба маротиб афзудааст.

Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикоташ ба муносибати иди Парчам гуфта буд: “Итминони комил дорам ки Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд”. Агарчанде ки соҳибистиқлолиро мо 9-уми сентябри соли 1991 ба даст оварда бошем ҳам вале масъалаи қабули рамзҳои давлатӣ аз ҷумла парчами нави миллӣ 24 ноябри соли 1992 дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби хоҷагии ҷамоавии ба номи С.Урӯнхуҷаев сурат гирифт. Дар ҳамон ҷо раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами нави мазмунан миллии тоҷикро бӯсида, савганд ёд намуд, ки ба халқу Ватан бо дили софу садоқатмандона хизмат хоҳад кард. Ин парчами нави дорои аҳамияти таърихӣ яку якбора ба вуҷуд наомада, муддатҳо дар асари ҳаллу фасли адибону олимони номии тоҷик омода гаштааст. Комиссияи созандагии парчамро беҳтарин фарди кишвар академик Муҳаммад Осимӣ роҳбарӣ намудааст.Дар ин рамзи навин орзу, умед, қудрат, тавоноӣ, эҳтиром ба анъанаҳои таърихи кишвари худ таҷассум ёфтаанд.

Парчами давлатии Тоҷикистони навин худ як рамзи соҳибистиқлолии кишвар, иттифоқи ногусастании байни синфи коргару деҳқон ва қишрҳои дигари иҷтимоии сокини Тоҷикистон, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳо ва миллатҳои ин сарзаминро таҷассум кардааст. Ин парчам аз матоъи росткунҷаи як бар ду метрӣ, серангае иборат аст: аз боло ба тарзи уфуқ ранги сурх, ва аз поён бо ҳамон андозаи баробар ранги сабз ва ниҳоятдар миёни ҳар ду рахи сурху сабз рахи сафед ҷой гирифтааст, ки паҳноияш ба андозаи ҳарду ранги боло ва поён баробар омадааст. Дар миёни баробарии рахи сафед бошад бо оби зарҳал рамзи тоҷу болои он дар шакли нимдоира ҳафт ситора инъикос ёфтаанд. Ҳар як ранги интихобгардидаи парчам дар худ маънии хосеро доро мебошад. Дар интихоби рангҳомероси аҷдодони қадимаро ба инобат гирифта то замони имрӯзаи ҳаёти мардуми кишварро мадди назар кардаанд. Ранги сурх- рамзи ҷоннисорию қурбониҳо дар роҳи наҷоту озодииқавму халқи хеш ва ба даст овардани мақсадҳои олӣ; Ранги сафед- рамзи рӯҳияи тоза, дили покиза, пешомади кор дар роҳи озодӣ, бахти сафед, шири сафеди модар, рамзи замини ховар, сулҳу осоишта, эътиомоди комил ба ояндаи худ; Ранги сабз-ин рамзи ҳаёти осоиштаи бардавом, дили ҷавон, ғайрати корӣ, табиати ҳамеша баҳор, файзу баракат, ҷавонию зебоӣ, ободӣ ва эътиқод ба қувваи илоҳӣ.Тоҷ бошад рамзи давлати соҳибистиқлол, озоду сарбаланд ва покиза мебошад. Давлатдорони пештараи тоҷикон (Исмоили Сомонӣ) дар сар чунин тоҷи ифтихорӣ доштанд.

Ситораҳо бошанд рамзи пайвастагию алоқамандӣ бо кайҳон аст. Гузаштагони тоҷику форс, Маҳмуди Хуҷандӣ, Бузҷонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Умари Хаём ва даҳҳо пайравони дигари онҳо дар бораи кайҳону низоми Шамсӣ, алоқамандии курраи замин ба коинот, асарҳои безаволе офаридаанд. Аз тарафи дигар рақами ҳафт аз ҳафт рӯзи ҳафта оғоз шуда, ҳафт иқлим, ҳафт қабати осмон, ҳафт додарон, ҳафт авранг, ҳафт пайкар, ҳафтшину ҳафтсин, Ҳафтхони Темурмалик ва ғайра дар ҳаёту забони мо ҷойи ҳамешагӣ доранд. Айни муддаост, ки дар ҷумҳурии мо ҳафт минтақаи таърихии зебоманзра: Суғдзамин, Зарафшонзамин, Ҳисори Шодмон, Раштзамин, Вахшзамин, Хатлонзамин ва Бадахшон ҷой доранд.

Парчами сари баланди мо дар пештоқи тамоми муассисоти давлатию ҷамъиятӣ, бонкҳо, муассисаҳои хусусӣ, ҳарбию низомӣ, сарҳадӣ, сафоратхонаҳои дар мамолики хориҷ буда, дар нақлиётҳои заминию ҳавоию обии тааллуқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта афрохта мешавад. Парчами ифтихории Тоҷикистон дар пештоқи бинои миллали муттаҳид парафшон аст.

Дар Ҷумҳурии мо баландтарин парчами ифтихорӣ вуҷуд дорад, ки қомати 165 метрӣ дошта, шаҳри зебоманзари Душанберо боз ҳам зебо кардааст. Ин парчами қоматбаланду ҷаҳоноро бо ташаббус ва иштироки шахси Президенти Ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-уми августи соли 2011 афрохта шуда буд.

Як лаҳзаи хотирмон аз сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хуши касро меорад. Ба нияти ғизо хӯрдан дохили яке аз ресторанҳои шаҳри Машҳад шудем, маъмурияти мутасаддӣ аз Тоҷкистонӣ будани мо воқиф гашта, ҳамоно ба болои мизи нишасти мо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони азизрогузошт, ки ин мавриди хушҳолию иштекушоию табиати хуби мо гардид.кафедари таърихи Ватани МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”,

Бобоев А.А. - н.и.т., дотсенти кафедраи ҳуқуқуқшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”.

Як лаҳзаи хотирмон аз сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хуши касро меорад. Ба нияти ғизо хӯрдан дохили яке аз ресторанҳои шаҳри Машҳад шудем, маъмурияти мутасаддӣ аз Тоҷкистонӣ будани мо воқиф гашта, ҳамоно ба болои мизи нишасти мо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони азизрогузошт, ки ин мавриди хушҳолию иштекушоию табиати хуби мо гардид.

Давлатов М. - д.и.т., професссори кафедари таърихи Ватани МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”,

Бобоев А.А. - н.и.т., дотсенти кафедраи ҳуқуқуқшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ