Бозёфти тозаи ҳунари бастакорӣ
(чанд мулоҳиза доир ба маҷмӯаи нави оҳангҳои Ҳусейнҷон Юсупов)
Мухлисони назми классикӣ ҳамеша гаштаву баргашта таъкид месозанд, кидар доираи ғазалҳо, дар фазои суханҳои баландпарвоз, дар мазмуну муҳтавои орифонаашон гӯё як намуд лаҳну садоҳои ноаён ва хеле нозуки мусиқӣба гўш мерасанд.
Аснои бо овоз ва бо риояи қоидаҳои тартил қироат намудани аксари намунаҳои ғазали шоирони классик, махсусан Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ ин садоҳои ширини мусиқӣ беихтиёр дар ботини хонанда гўё танинандоз мегарданд.
Шояд беҳуда набуд, ки дар силсилаи Шашмақоми безавол аз ҳама бештар ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ (ҳамагӣ – 19 адад!) аз ҷониби бастакорони давру замонҳои мухталиф ба оҳанг дароварда шудаанд. Ба ин хусусан бахшҳои хеле ҳам маъруфи Шашмақом аз қабили «Ироқи Бухоро», «Насри Ушшоқ» мисол шуда метавонанд. Бояд зикр намуд, ки дар Шашмақом танҳо якчандғазалҳои Камоли Хуҷандӣ истифода шудаасту халос (дар «Талқинчаи Ироқи Бухоро» ва ҳамчунин бахши «Рок» аз мақоми Бузрук), вале чуноне ки маълум аст, дар олами мусиқии классикии тоҷик, дар эҷодиёти бастакорони маъруфи дирўзу имрўз (аз ҷумла Содирхон Ҳофиз, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов ва диг.) мавқеи ашъори шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ хеле назаррас ва рангоранг мебошад.
Аз ҷумлаи осори устод Боймуҳаммад Ниёзов, масалан суруди машҳури «Во ғарибӣ»-ро алоҳида қайд намудан ҷоиз аст, чунки лаҳни ҳузнангезу ботамкин, каломипур аз сўзу гудоз ва албатта, иҷрои устодона дар муҳтавои ин оҳанг достони пур аз ҳасратеро бунёд кардаанд, ки саршори эҳсосоту умедҳои софи инсонӣ мебошанд. Айнан ҳамин гуна ҳолатро метавон дар равияи мақомхонии хоси хуҷандӣ дар қарни XX тавассути оҳангҳои ба ашъори Камоли Хуҷандӣ эҷод кардаи ҳофизи мумтоз Маъруфхўҷа Баҳодуров низ мушоҳида намуд.
Даҳҳо намунаҳои эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ ин бастакорони замон вориди силсилаи оҳангҳои классикӣ гардидаанд, ки ҳамаи онҳо аз лиҳози банду баст, услуби оҳангсозӣ ва сатҳи баланди бадеӣ-эстетикӣ моҳияти бузурги ҳунарӣ ва маърифатиро соҳибанд. Маълум мегардад, ки аз қадим ғазалҳои безаволи Камоли Хуҷандӣ дар олами мусиқии ҳирфаии халқи тоҷик нақши беандоза бузург доштаанд.
Аз замони эҷоди ғазалҳои ошиқонаи соҳибсухани хуҷандӣ садсолаҳо сипарӣ гашта бошад ҳам, то имрўз байтҳои безаволи ў вирди забони ҳазорҳо пайравон ва мухлисони шеъри тоҷикӣ гаштаанд. Ин ҷо шубҳае нест, кияке аз омилҳои чунин безаволӣ ва дар доираиаҳли илму адаб, инчунин мухлисони сершумори назми классикӣ машҳуру маъмул будани осори Камоли Хуҷандӣ, маҳз пайвандиичандинасраи он бо ҳунари мусиқӣ ба шумор меравад.
Аз тарона ва уроманиҳои паҳлавӣ, қадимтарин байтхониҳои мардумӣ, ашўлаҳоихуҷандиву самарқандӣ то ғазалҳои ирфонии Камол, роҳест – роҳи инкишофи падидаҳои тоза ба тозаи иқоъу алҳони мусиқӣ, чунки дар ҳар ғазали шоири шаҳир гўё лаҳне ва зарбе ниҳон аст, ки инсонро ба сўи камолот ва маърифат даъват мекунад, то аз пастиҳои дунёи фонӣ дар канор бошад.
Маълум мешавад, киашъор ва афкори Камоли Хуҷандӣ дар таркиби маъниҳои бадеиву эстетикии мусиқии классикии тоҷик мақоми хеле бузург дорад ва имрўз бо тақозои замон, бо рушди бемисли маърифат ва маънишиносӣ дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннатҳои бузурги ҳунарӣ бояд бо илҳоми нав идома ёбанд. Уқёнуси хеле бузурги осори Камоли Хуҷандӣ имрўз қудрати азими таъсиррасониро ба олами маънавии ҷомеаи мо дорад.
Бамаврид аст, ки яке аз чунин кўшишҳои хеле босамар ва пур аз бозёфтҳои эҷодӣ – ин силсилаи оҳангу таронаҳои бастакори номии тоҷик Ҳусейнҷон Юсупов маҳсуб меёбад. Дар маҷмўаи зерин, ки барои мутахассисон ва мухлисони сершумори ҳунари мусиқӣ пешкаш мегардад, айнан ҳамин гуна шуҷоати ҳунарӣ ва бозёфти нодири бадеиро мушоҳида намудан мумкин аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ин бастакори нуктасанҷ ва сарояндаи мумтоз чандин сол инҷониб ба ашъори Камоли Хуҷандӣ бо меҳри хос ва бо услуби хеле нозуки ҳунарӣ муроҷиат менамояд. Чанде қабл дар нашриёти «Хуросон»-иш.Хуҷанд (с. 2019) зери унвони «Гулбонги роз» маҷмўаи сурудҳои ў аз чоп баромад ва дар он якчанд сурудҳое, ки ба ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ баста шуда буданд ворид гардида буданд. Аммо бояд эътироф намуд, ки маҷмўи имрўза бо якчанд сифатҳои наҷиби ҳунарӣ ва бадеӣ фарқ мекунад, зеро бори аввал дар таърих силсилаи хеле мукаммал ва пурмуҳтавои суруду оҳангҳои асил бо услуби хеле баланди нотанависӣ ва бо истифода аз кулли имкониятҳои бастакории замон, ашъори Камоли Хуҷандӣ вориди чунин маҷмўаи нодир гардиданд.
Агар ба мундариҷаи умумии ин маҷмўа таваҷҷўҳ намоем, зуд ба назар мерасад, ки бастакор Ҳусейнҷон Юсупов хеле нуктасанҷона беҳтарин ва маъруфтарин бобҳои мусиқии классикии халқи тоҷикро бо услуби хос ва диди нави ҳирфаӣ бо намунаҳои зебои ашъори Камоли Хуҷандӣ пайваст намудааст. Масалан, дар мусиқии классикии мо садҳои намунаи оҳангҳо бо номи Мустазод маъруфанд. Ҳусейнҷон Юсупов тавонистааст мустазоди машҳури Камоли Хуҷандиро бо ҳамин оҳанги қадимӣ пайванд созад ва онро барҳақ «Мустазоди Камол» ном диҳад. Ногуфта намонад, ки дар гузашта низ айнан бо ҳамин услуб ғазалҳои шоирони замон вориди силсилаи Шашмақом мегардиданд.
Муаллиф якчанд оҳангҳои маъруфи классикиро (аз ҷумла Дилхурўши Содирхон, Рок, Чапандози Ироқи Бухоро, Тановор ва ғ.) бо риояи услубашон ва бо масъулияти хоси эҷодӣ аз нав ба ашъори Камол пайванд сохтааст. Дар ин маврид сохти оҳанги онҳо гўё тағйир наёфтааст, вале услуби тозаи бастакорӣ, пайдо намудани нозуктарин ҷанбаҳои пайвандии шеъру мусиқӣ, истифодаи созҳои замонавии мусиқӣ гўё як асари нави мусиқиро падидор намудааст.
Дар маҷмўа ҳамчунин оҳангҳои аз ҷониби худи бастакор эҷод гардида низ ҷойи махсус доранд. Ба ин намунаҳои аҷоиб – «Бадеҳаи Камол», «Ширин», «Ҳамдард» мисол шуда метавонанд. Ёдовар мегардем, ки ба назари банда бори аввал шеъри дар шакли бадеҳа гуфтаи Камоли Хуҷандӣ айнан вориди жанри мусиқии бадеҳа гардид.
Аснои ба нота бардоштани оҳангҳо ва коркарду такмили созии онҳо Ҳ.Юсупов маҳорати хеле баланди бастакориро нишон додааст. Дар ҳамовозии сурудҳо ҳам фортепиано, ҳам уд, ҳам соз мавриди истифода қарор гирифтааст ва ин ба сурудҳо симои аҷоиби замонавиро илова месозад.
Аммо бояд бо таваҷҷўҳи хоса яке аз оҳангҳои хеле таъсирбахши ин маҷмӯаро зикр намуд, ки ин ҳам бошад суруди «Асрори Худо» ба шумор меравад. Дар ин оҳанг бастакор шояд махсусан бошад ба унсурҳои лаҳнии мақоми қадимии «Ҳиҷоз» такя намудааст. Аз маълумоти сарчашмаҳои қадимӣ бармеояд, ки оҳанги Ҳиҷоз – зинаи ниҳоии ҷараёни инкишофи лаҳнҳои Дувоздаҳмақом мебошанд ва дар таркиби силсилаи он расидан ба мақоми Ҳиҷоз танҳо тавассути сайри мақоми Рост (Роҳи Рост) имконпазир аст.
Муаллифи оҳанг бо роҳи истифода аз унсурҳои лаҳнии мақоми Ҳиҷоз (масалан, ҷой додани зинаи дуввуми паст гардида ( фа-бекар) ва ним тон боло бурдани зинаи саввум (сол-диез) тавонистааст симои қадимии онро ошкор созад. Барои шунаванда ва ҳамчунин барои мутахассисони соҳаи оҳангсозӣ ин ибрати олиҷаноб мебошад.
Ҷолиби зикр аст, ки дар маҷмуаи мазкур шояд аввалин маротиба дар доираинашри нотаҳои сурудҳои бастакорон кўшиши шарҳи муҳтавои матни онҳо низ ба тариқи илова ҷой дода шудааст. Устод Саидумрон Саидов - донандаи маъруфи ашъори Камол, шахсияте ки барои тарғиби осори ў хизматҳои шоёнеро анҷом додааст, ба ҳамаи ғазалҳои маҷмуаи мазкур бо истифода аз сарчашмаҳои ирфонӣ шарҳу эзоҳи фаровон илова намудааст. Ин иқдоми муфид ва хеле ҳам зарурӣ барои аз ҷониби мухлисони назму наводарк намудани маъниҳои пурасрори суханони орифи бузург Шайх Камоли Хуҷандӣ мадад хоҳад расонид. Умед аст, ки дар оянда низ чунин анъанаи тавъам ифшо сохтанимазмуну муҳтавои савту каломи классикӣ идома хоҳад ёфт.
Дар маҷмуъ бояд эътироф намуд, ки нашри чунин маҷмуаи оҳангҳои нодир ва шарҳи муҳтавои ғазалҳои дар он оварда шуда ҳамчун туҳфаи сазовори эҷодӣ баҷашни бузурги шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ ҳисобида хоҳад шуд.
Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон